Сухангӯи вазири дифоъ: Ҷанги Кундузро “Ансоруллоҳ”-у ҲИУ раҳбарӣ мекунанд
Мақомоти аршади Афғонистон гуфтаанд, дар Кундуз ҷангиёни “Ансоруллоҳ”-и Тоҷикистон ва Ҳаракати исломии Узбакистон ширкати фаъол доранд.
Давлат Вазирӣ, сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон ба расонаҳои кишвараш гуфтааст, ҷанги Кундуз алайҳи неруҳои давлатӣ аз сӯи ҷангиёни “Ансоруллоҳ”-и Тоҷикистон ва Ҳаракати исломии Узбакистон раҳбарӣ мешавад. Ба гуфтаи ин мақоми афғон: “Дар даргириҳои вилояти Кундуз ҷангҷӯёни африқоӣ, покистонӣ, филиппинӣ, бангладешӣ ва аз Чину Узбакистон ва Тоҷикистон ҳузур доранд ва бо нируҳои амниятӣ ва дифои кишвар меҷанганд”.
Давлат Вазирӣ афзуда, шаҳрвандони Осиёи Миёна ба хотири ин ки Кундуз бо ин минтақа наздик аст, дар ҷанг ҳузур ёфта, ба муқобили неруҳои давлатӣ бо шиддат меҷанганд.
Шаби шанбеи гузашта шаҳристони Кундуз аз сӯйи ҳаракати тундрави “Толибон” мавриди ҳамала қарор гирифт ва қисматҳое аз шаҳри Кундуз ба тасарруфи онҳо даромад. Баъд аз вуруди низомиён ба ин шаҳр ҷангиён дубора аз шаҳр берун шуданд, вале ҳоло ҳам як қисми вилояти Кундузро зери тасарруф доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |