Бахшҳо

Кафолати судя ба Ёров: Аз боло супориш нест, ҳукм мунсифона хоҳад буд

Додраси раисикунандаи мурофиаи Бузургмеҳр Ёров, вакили боздоштшудаи тоҷик изҳор доштааст, ки дар мавриди парвандаи судшаванда ягон супориш нагирифтааст ва кафолат додааст, ҳукми додгоҳ дар мавриди ӯ одилонаю мунсифона содир хоҳад шуд.

Наздикони Ёров дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, имрӯз, 3-юми октябр Бузургмеҳр суханони ниҳоияшро ба анҷом расонда, изҳор дошт, ки ба қарори мунсифонаи додгоҳ шубҳа дорад. Асадулло Бобохонзода, раисикунандаи мурофиа дар посух ба шубҳаи Бузургмеҳр Ёров изҳор доштааст, ки аз боло ягон супориш ворид нашудааст ва кафолат додааст, ки қарорро мунсифона содир хоҳад кард.

Дар пайи кафолати раисикунандаи мурофиа Ёров изҳори умед кардааст, ки нисбати парвандааш ҳукми мунсифона содир хоҳад шуд. Феълан додрас ба хонаи машваратӣ рафта, дар назар аст, ки ҳукми додгоҳ 6-уми октябр эълон мешавад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Ёров даъвои айбдоркунандаи давлатиро бепоя хонда, афзуд, ки маҳз дар пайи чунин иттиҳомҳои сохта замоне бузургони миллат ба монанди Шириншоҳ Шоҳтемуру Нусратулло Махсум ҳукми қатл гирифтаанд.

Ёров бо ишора ба 25 соли ҳабс, ки додситонӣ талаб кардааст, афзуда буд, ки “ман аз аввал ба барқарор шудани адолат дар парванда шубҳа доштам”. Ӯ суол гузоштааст, ки агар баррасии парванда мунсифона бошад, чаро масъулини додгоҳ ба ҳомиёни ҳуқуқ, дипломатҳо ва рӯзноманигорон иҷозат надоданд, ки дар мурофиа иштирок кунанд?

Қаблан Рустам Тақдирзода, айбдоркунандаи давлатӣ аз додраси парванда хост, Бузургмеҳр Ёровро 25 сол равонаи зиндон кунад. Тақдирзода аз додрас хост, молу амволи Бузургмеҳр Ёров бо шумули манзил, мошин ва мағозаи ӯ мусодира шавад. Ёров бар пояи бандҳои 189 қисми 2 банди “г”, 247 қисми 2, 307 қисми 2, 307 қисми 1, 340 қисми 2, бандҳои “а”, “б”, “в” айбдор мешавад.

Айбдоркунандаи давлатӣ барои адвокати дигари боздоштшуда Нуриддин Маҳкамов, ки бо моддаҳои 189, қисми 2 банги “г”, 247 қисми 4 банди “б”, 307 қисми 2 банди “г” ва 307 қисми 1 муттаҳам мешавад, 23 соли зиндон талаб кард. Ӯ хост, Ёров ва Маҳкамов ба зиндони низомаш пурзӯр фиристода шаванд.

Бузургмеҳр Ёров рӯзи 28 сентябри соли 2015 баъди эълони азмаш дар бораи таъсиси Кумитаи дифоъ аз аъзои дастгиршудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон аз сӯи мақомоти интизомии кишвар боздошт шуд. Ёрову Маҳкамов дар барангехтани кинаву адоват муттаҳам мешаванд.
Мӯҳр
точикистони нав
агар супориши намешуд вакте, ки парвандаи нахзатихоро ба ухда гирифт саросема дастгираш намекарданд сирф супориши аст

мухочир
Ин чи гуна сарлавха хаст ? Гуё хукми ин касро аз боло супориш медода бошанд. Мункин буд ин тавр навишт:
ДОДСИТОНИ КУЛЛ Ё РАИСИКУНАНДАИ ХУКМИ ЁРОВ:
,,ХУКМИ ЁРОВ СУПОРИШИ НАБУДА, ОДИЛОНА МУРОФИА МЕШАВАД".

Мунсифона чи гуна калима аст,чи маъно дорад?

р
Махваш,

Мунсифона, яъне ки бегараз. Ба руси мешавад беспристрастный, непредвзятый. Ба забони англиси impartial. Хулоса ОДИЛОНА.

р.
Рахмат барои шарх

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)