Бахшҳо

Эътирози гуруҳе аз ҷавонон назди дафтари САҲА баъди гирдиҳамоии мухолифин дар Варшава (АКС)

Як гуруҳ аз ҷавонони тоҷик бо нишони эътироз аз ҳузури мухолифини ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти марбут ба ҳуқуқи инсон дар Варшава, назди дафтари САҲА (Созмони амният ва ҳамкорӣ дар аврупо) дар Душанбе гирди ҳам омадаанд.

Аслиддин Хушвахтов, яке аз мубтакирони ин ҳамоиши эътирозӣ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, онҳо бегоҳи 20 сентябр дар ҳайати 10 нафар ба дафтари САҲА дар Душанбе рафта, ба намояндаи ин созмон муроҷиатномаеро таслим кардаанд.

Ба гуфтаи Хушвахтов, субҳи имрӯз, 21 сентябр 50 нафар дубора назди дафтари САҲА ҷамъ шуда, ҷавоби муроҷиати худро талаб кардаанд.

Аслиддин Хушвахтов, ки яке аз раҳбарони созмони “Пешоҳанг”, ниҳоди таҳти ҳимояти ВКД, муаррифӣ мешавад, афзуд, дар муроҷиатномаи худ аз САҲА хостаанд, чаро Аврупо нафаронеро, ки дар Тоҷикистон барои содир кардани ҷиноятҳои сангин таҳти пайгард қарор гирифтаанд ва алайҳи онҳо парванда боз шудааст, имкони буду бош медиҳад ва монеи ҳузури онҳо дар нишасти Варшава нашудааст.

19 сентябр гуруҳе аз ҷавонони тоҷик бо баргузории як ҳамоиши эътирозӣ дар шаҳри Варшаваи Аврупо хостори озодии аъзои маҳкумшудаи раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон шудаанд. Ин гуруҳ баъдан вориди толоре шуд, ки он ҷо ҷаласаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар мавзӯи демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон бо иштироки мансабдорону намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, бо шумули Зариф Ализода, омбудсмени тоҷик ҷараён дошт. Эътирозгарон дар тан либос бо аксҳои аъзои маҳкумшудаи раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ доштанд ва дар канори толор қарор гирифтанд.

Аслиддин Хушвахтов мегӯяд, дар муроҷиатномаи худ ба САҲА маълумотеро пешниҳод кардаанд, ки ҷавонони эътирозгар дар Варшава бар асоси кадом қонунҳои Тоҷикистон дар пайгард қарор доранд. Ҳамчунин аз САҲА даъват шудааст, аз давлатҳои узви худ хоҳиш кунад, то нафаронеро, ки Интерпол ҷустуҷӯ дорад, ба Тоҷикистон истирдод кунанд.

Хушвахтов гуфт, ба намояндаи САҲА гуфтаанд, агар дар фурсатҳои наздик посухи САҲА-ро дарёфт накунанд, бо теъдоди бештар гирди ҳам меоянд: “Ҷавонони Тоҷикистон аз ин ки Аврупо ин гуруҳҳоро дастгирӣ мекунанд сахт нороҳатанд ва ин нороҳатии худро аз тариқи муроҷиатномаи худ изҳор кардаанд”.

Ба гуфтаи ӯ, аз ин амалкарди худ маомоти марбутаи давлатиро дар ҷараён гузоштаанд ва ин кори онҳо ҳамоиш ва ё митинги эътирозие набудааст, ки иҷозаи расмии шаҳрдории Душанберо бигиранд.


Эътирози гуруҳе аз ҷавонон назди дафтари САҲА баъди гирдиҳамоии мухолифин дар Варшава (АКС)

Эътирози гуруҳе аз ҷавонон назди дафтари САҲА баъди гирдиҳамоии мухолифин дар Варшава (АКС)

Эътирози гуруҳе аз ҷавонон назди дафтари САҲА баъди гирдиҳамоии мухолифин дар Варшава (АКС)
Мӯҳр
п
Хамон занхои нимдевонаро хам фиристед. Шояд аз доду фигони онхо САХА мавкеашро тагйир дихад.

Точик
Айби САХА дар чист?

Мегум хами чавонирам дар точикистон хайфай да. О хами бечора чавоно(чупоно) нав ай маршировка халос шудан боз дари ин созмон рои карданшон. Аминора савол дихи ки барои чи максад омаден мумкин ай гуруснаги гап зада натонан

Хамин чавонхои падхалима ном ба ном дар" руйхати сиёх" чой дихед! Иншаалох якруз не якруз чавоб мегуед шумо дар назди миллат!

Бо спектакл сар шуд. Ин хамма дуруг аст ва хам дар дохил ва хам дар хорич инро хамма медонад, ки ин як спектакли хукумати Точикистон мебошад ва барои хамин ба ин сахнахо эътибор намедиханд.

Барои чи ки дар Ироқу Сурия ҳар рӯз мардуми бегуноҳ мекӯшанд Ҳуқуқи башари Аврупо гӯё ки кӯр бошад намебинад! Тоҷикистон ки кишвари тинҷу ором аст ба сӯяш чашм аъло кардаанд!? Ва ба ин фарзандони угайи нохалаф ки мехоҳанд Тоҷикистони азизро бо нияту ғаразҳои сиёсӣ ва шахсияон ноором созанд ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопокашон намерасанд

Озодагон эхтироме ки нисбататон доштам онро шикастед шумохам мустакил набудед ман хамчун донишчу аз холи вокеа хабардор фикрамро навиштам.охир ин чавоно хамаш фармоиши аст.тамом васалом

ОФАРИН ХЕЛЕ САХНАЧАИ ХУБ БАРОМАД 1 ЧАХОН ТАШАККУР

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)