Бахшҳо
19 сен 2016 15:31Тоҷикистон / Сиёсат

ВКД: Латукӯби журналист таҳқиқу гунаҳкор муҷозот мешавад

Доро Суҳробӣ, хабарнигори 20-солаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мегӯяд, 18-уми сентябр ҳангоми иҷрои вазифаи хидматияш дар бозори “Гипрозем” аз сӯи мансабдори милиса то ҳолати беҳушӣ мавриди латукӯб қарор гирифтааст.

Доро Суҳробӣ, ки дар роҳ ба беморхона қарор дошт, имрӯз, 19-уми сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, 18-уми сентябр барои инъикоси корҳои роҳсозӣ ва савдои кӯчагӣ ба назди бозори "Гипрозем" рафтааст: “Шоҳид шудам, ки зани тахминан 55-солаи обфурӯш бо марде дар либоси мулкӣ муноқиша карда, даъво дошт, ки «дирӯз ман 100 сомонӣ дода будам, ҳар рӯз пул аз куҷо аст, ки ба шумо диҳам. Шумо модар надоред, о, ҳама дар қади кӯча савдо доранд-ку? Чаро дигарҳоро намебинӣ, фақат ба ман часпидӣ".

Журналисти ҷавон гуфт, вақте хост асли қазия ва сабаби вайрон шудани тартиботи ҷамъиятиро фаҳмад, он мард дар либоси мулкӣ изҳор доштааст, ки "ту қонундон боз аз куҷо пайдошудӣ, суратамонро мегирӣ?" гӯён суратгираки журналистро гирифта, флешкаашро шикастаст: “Баъд ба низомипӯш фармуду маро ба шуъбаи корҳои дохилӣ дар маҳаллаи Гипрозем бурданд. Марде, ки либоси мулкӣ дошт, маро то беҳуш шуданам кӯфт. Нафарони дигар, ки ҳамроҳаш буданд, монеи кори ӯ нашуданд. Баъдан аз якеаш фаҳмидам, ки сардорашон будаст”.

Доро Суҳробӣ илова намуд, ки дар баробари латукӯбу дашномҳои қабеҳ марди низомпӯш изҳор медошт, ки “ту бо будик будай. Шумо будикҳо зиёд гузарондаед. Против давлат менависед. Ҳозир газетаҳоро меорам, ҳамааш против давлат аст”.

Суҳробӣ гуфт, ҳудуди 40 дақиқа дар идораи пулис мондааст ва афзуд тайи ин муддат, даст, рӯй ва сараш лат хӯрдаанд: “Ман ҳозир аз ташхиси тиббӣ мегузарам. Дасти чапамро, ки бо оҳан заданд, лат хӯрдааст. Сарам ҳам ҳар замон чарх мезанад”.

Ӯ гуфт, ба телефони боварии вазири умури дохилӣ аз ин ҳодиса хабар дод ва ният дорад, ки аризаи расмиро низ барои муҷозоти омилони латукӯбаш пешниҳод намояд, то минбаъд аз худсариҳо ва нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон ҷилавгирӣ шавад.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз ин қазия тавассути расонаҳо огоҳ шудаанд: “Дар сомонаи Шумо хондем, огоҳем. Аллакай ба таҳқиқи ин қазия машғуланд. Ҳодиса мунсифона таҳқиқ мешавад ва агар тасдиқ ёбад, гунаҳкорон ҷазо дода хоҳанд шуд”.
Мӯҳр
Саида
Озоди! Дигар ягон хел нашуд, ки акнун Хучандихоро бо дигарон чанг меандози?!!
Аз махалбозии мо иллат ба миллат мерасад,
Миллати моро аз ин иллат нигах дорад Худо!

к
Ин ходисахо на як бору ду бор рух дода истодаанд. Агар аккалан яктои ин милисахои беспределро чазои сазовор медоданд, ин ба дигаронаш сигнал мешуд. Лекин боре хам ягонтааш чазо нагирифтааст. Вазири ВКД кучо нигох мекарда бошад? Е зураш бо онхо намерасад?

Хучандихо хеч гох протиф давлат ё конун кор намекунад тамоми корхояшро санчида бад амал мекунад аммо шумохо назоратчихои давлати корхое мекунед ки мардумро аз давлат дилхунук мекунед ин шумоед протифи давлат

Caid
Бечора вазири корхои дохили чи кадар кушиш мекунад, ки бо мардум наздик бошад, вале чунин авбошмилисахо обу руйяшро мерезонанд!

Darvesh
OFARIN Ramazon Rahimzoda bo chunin kadrho!!!!!!!!!!! Milisa huquqi ba sari shahrvand dast bolo kardanro nadorad. Qonuni JT oid ba huquqi shahrvandon moddai ....? bandi...?

Нодор
Мегум сагерача карор намешини тра чиву журналисти чи чени як тухми мурги наход нафахми,ки и милисахои мо тамоман гузарондагианд,шукрона кун ки бо бахами сечор лагад халос шиди.........

2365
Доро Суҳробӣ илова намуд, ки дар баробари латукӯбу дашномҳои қабеҳ марди низомпӯш изҳор медошт, ки “ту бо будик будай. Шумо будикҳо зиёд гузарондаед. Против давлат менависед. Ҳозир газетаҳоро меорам, ҳамааш против давлат аст”.
Ин гуфтор хамаро дар шигифт монд агар рост бошад.

Нои
Милиса нашуда, мур!
Садқаи номи милиса шавед!

"Будикхо гузаронде!"...шумо чи? шумо нагузаронде???

Будикаш чист? Вочику юрчику кубик буд. Бо "будик" аз куҷо омад? Ҳайфи забони тоҷикӣ!

Амрулло
Ами мегум жрналистои бечора ягон созмон позмон дошта бошан, ё кори уво факат гранткоркнияйю парвои сагерахошона надоранд, у?

кпаук
Дар хакикат баъзеаш тамоман аклу фаросат надоранд илова бар ин аксари соибмансабони мо аз конуни ВАО бехабаранд. Шармандахо хайф бар шумо ки ба номи Давлату Вазиру Вазорат иснод мероед хайф.............

Мутъсифона Ин гуна ходисахо биер рух медиханд

ВВВ
Умарҷони Эмомалӣ сухангӯи Вазорати умури дохилӣ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз ин қазия тавассути расонаҳо огоҳ шудаанд. АЗ СУХАНХОИ СУХАНГУИ ВКД БАР МЕОЯД КИ ТЕЛЕФОНИ БОВАРИ БА У ХЕЧ ЧИЗ НАГУФТААНД, ЯЪНЕ ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ ВАЗОРАТИ КОРХОИ ДОХИЛИ ТАНХОИ БАРОИ АЛЛО ТЕЛЕФОНИ БОВАРИ ВДК ГУФТАН АСТ. АЗ ВАЗИР ХОХИШ МЕКУНАМ БА ИН КОР ДИККАТИ ЧИДДИ ДИХАНД. ДИСЦИПЛИНА ДАР БАЪЗЕ АЗ МИЛЛИСАХО НАМОНДААСТ

Нисфи ба Сурия рафтагон аз дасти чунин милисахо, прокурорхо ва судяхо ба дод омада илчи дигар наёфта ба ончо гурехта рафтаанд. Ин милиса хатман бояд чазо гирад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)