Бахшҳо

Эълони 3 миллион $ ҷоиза барои иттилоъ дар бораи Гулмурод Ҳалимов (НАВШУДА)

Ҳукумати ИМА барои иттилоъ дар бораи макони будубоши Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи “ОМОН”-и Тоҷикистон, ки ба “ДИИШ” пайваст, то 3 миллион доллари амрикоӣ ҷоиза эълон кард. Дар ин ин бора Курт Райс, муовини ёвари Котиби давлатӣ оид ба таҳлилу таҳқиқи таҳдидҳои назди дафтари амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА имрӯз, 30 август дар суҳбат бо журналистони тоҷик хабар дод.

Курт Райс дар шарҳи ин ҷоизаи Амрико, ки “Мукофот барои адолат” ном доштааст, Гулмурод Ҳалимовро яке аз пешвоёни калидии гуруҳи террористии “ДИИШ” номид ва гуфт, Вазорати хориҷаи ИМА Ҳалимовро террористи байналмилалии дараҷаи махсус муайян кардааст: "Иттилоъ дар бораи Ҳалимов метавонад ба наздиктарин сафорати ИМА ё суроғаи электронии ниҳодҳои дипломатии ИМА пешниҳод карда шавад".

Райс дар посух ба суоли “Озодагон”, ки ҳадафи эълони ҷоиза барои маълумот дар бораи буду боши Ҳалимов танҳо мубориза бо терроризм аст ва ё ӯ метавонад кадом маълумоти сиррии Амрикоро ошкор кунад, гуфт, Гулмурод Ҳалимов дар ИМА дар чанд давраҳои омӯзишии мубориза бо терроризм омӯзиш дида, як ҷанговари бисёр ҳирфаӣ мебошад ва аз шеваҳои муборизаи Амрико бо гуруҳҳои террористӣ огоҳ аст. Масъули Департаменти давлатии ИМА огоҳии Ҳалимовро аз шеваҳои мубориза алайҳи терроризм хатарнок хонда, илова намуд, “ин метавонад ба нафъи мо набошад”.

Ба гуфтаи Курт Райс, эълони ҷоиза барои дарёфти маълумот барои мушаххас кардани макони Ҳалимов ва боздошти ӯ мебошад. Вай афзуд, Ҳукумати Амрико махфӣ нигоҳ доштани шахсияти нафаронеро, ки дар бораи раҳбари пешини “ОМОН” маълумот пешниҳод мекунанд, кафолат медиҳад.

Муовини ёвари котиби давлатии ИМА дар идома гуфт, Кумита оид ба масоили ДИИШ ва “Ал-Қоида”-и назди Шӯрои амнияти СММ нисбат ба Ҳалимов таҳримҳо ҷорӣ кардааст: “Ҳукумати Тоҷикистон тафтишоти худро нисбат ба Ҳалимов давом дода истодааст ва Интерпол ба тамоми давлатҳои узв огоҳномаи сурх ирсол кардааст, ки Ҳалимов дар пайгарди байналмилал қарор дорад ва бояд дастгир шаваду ба Тоҷикистон истирдод гардад”.

Райс дар изҳороти худ ҳамчунин гуфт, касоне дар бораи Гулмурод Ҳалимов маълумот доранд, метавонанд тавассути почтаи электронии info@rewardsforjustice.net ё телефони (+992) 98-580-00-85 (дар дохили Тоҷикистон) ва ё наздиктарин Сафорату консулии ИМА дар тамоми дунё хабар диҳанд. Вай таъкид кард, Амрико бесаброна мунтазири дарёфти маълумот дар бораи Гулмурод Ҳалимов мебошад.

Замоне, ки хабари ба ДИИШ пайвастани Гулмурод Ҳалимов расонаӣ шуд, мақомоти Тоҷикистон ӯро гирифтори “бемории руҳӣ” гуфта буданд. Вале Курт Райс гуфт, бар асоси маълумоти ИМА замоне, Ҳалимов дар давраҳои омӯзишии ИМА ширкат мекард, солим буд: “Вале он замон касе пешгӯйӣ карда наметавонист, ки ӯ ба ДИИШ мепайвандад”.

Вай изҳор дошт, дар чунин мақтаи замонӣ эълон шудани ҷоиза аз ҷониби ИМА далели хосе надорад, танҳо ҳамин ҳоло фурсат шуд, ки ба ин кор расидагӣ кунанд: “Барои мо муҳим маълум шудани ҷойи ӯ ва дастгир шуданаш мебошад. Ҳатто муҳим нест, ки ӯ бар асоси қавонини Тоҷикистон муҷозот шавад ва ё ИМА”.

Собиқ фармондеҳи “ОМОН” ки 27 майи соли 2015 пас аз як моҳи бедарак шуданаш тариқи навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба ДИИШ иттилоъ дод, феълан бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мавриди кофтукоби байналмилалӣ қарор дорад. Вазири умури дохилии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки Ҳалимов маъюб шудаасту 100 доллар нафақа мегирад.

Гулмурод Ҳалимов аз соли 2003 то 2014 чанд давраи омӯзишии ИМА дар умури мубориза бо терроризмро фаро гирифтааст ва Амрико ӯро муҳимтарин мутаххасиси ин умур дар раддаҳои миёнаи ДИИШ медонад.


Эълони 3 миллион $ ҷоиза барои иттилоъ дар бораи Гулмурод Ҳалимов (НАВШУДА)
Мӯҳр
Барои дастгир кардани як одами маъюб, ки 100 доллар нафака мегирад 3-милион доллар гонорар элон мекунанд? Аз ин маълум мешавад, ки ба Гулмурод чизе нашудаю у натанхо ба Рахмон хатарнок хато, ба амрико низ хатарнок будааст. Чунин шахсон аз точико набаромада буд. У Бини Ладонро иваз мекардааст. Намедонам ин агар дуруст бошад чи гуям. Фахр кунем ё шарм дорем.

чамшед.Дангара.
Ба ман медода бошанд 3 миллион $долларо ,зеро ман медонам Халимов кучост ё Ирок ё Сурияда хаст.....

Ачоиб маколае, ки худи давлати абалкудрати Америко барои дастгир ё нобуд кардани Гулмурод Халимов ноком шудааст акнун ба барномаи "розыгрыш 3 миллиона Долларов -если кто найдет или скажет местонахождение Г.Халимова" )))).
Амрико худ давлати таракикардаи чахон имрузхо ба хисоб меравад бо тамоми илму техналогияхои муосираш дарёфт карда натонистааст мардуми оди уро чи тавр дарёфт мекуннад??? аз ин бар меояд, ки Амрико ё худ хамон шахсро дастгири менамояд то хол ё аз идораи худ аз даст додааст.... хотирасон мекунем, ки Гулмурод Халимов хатмкунандаи курси махсуси S.W.A.T -и Амрико мебошад. Робитахои зич низ байни онхо дар аввал будананш аз назар дур нест

Ali Dushanbe
Инчо зери коса нимкоса хаст, аввал бемори ва марги Каримов, баьд мукофот 3 миллион $ хабар дар бораи Халимов Г. Америка чи накшае дорад дар Осиеи Миена, гуфти гапхо хаст ки зиракиро аз даст надихед

Ин хабари Амрико аз як маъюбу маслук кахрамон сохтан аст. Агар Амрико марг ё боздошти уро хохад, дар чанд руз ё хатто чанд соат муваффак мешавад. Ин мурдаро зинда карда, ба хадафхои худашон истифода кардан мехоханд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)