Бахшҳо

Оҷизии мақомот дар пардохти маоши омӯзгорону табибон: Пул нест...

Дар пайи шикояти бархе аз сокинони Ваҳдат ба “Озодагон” мақомоти шаҳр таъхири пардохти маоши кормандони буҷавиро таъйид карданд.

Мусофир Насриддинов, сардори раёсати молияи шаҳри Ваҳдат, имрӯз, 8 июл дар суҳбат ба “Озодагон” сабаби саривақт пардохт нашудани маоши кормандонро дар иҷро нашудани буҷаи шаҳр арзёбӣ кард: “Буҷа иҷро нашуда истодааст, дар моҳи июн 94%, моҳи май 93% ва моҳи апрел 89%-и буҷаи шаҳр иҷро шудааст. Аз моҳи январи соли ҷорӣ 5 миллиону 200 ҳазор сомонӣ қарздории музди меҳнат дорем”.

Насриддинов, ки тоза ба мақоми сардори раёсати молия таъин шудааст, афзуд кормандони соҳаи тиб ва маориф маоши моҳи апрелро пурра гирифтаанд: “Барои маоши моҳи май мо 3 миллион сомонӣ тақсим кардем ва то 15 июл маоши боқимондаи моҳи май ва июнро пурра пардохт хоҳем кард. Корхонаҳои калоне, ки сохтаанд, аз ҷумла заводи тилло ва семент андозро пас аз 20-уми июл пардохт мекунанд”.

Майсара Назарбекова, муовини сардори раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат низ таъхири пардохти музди меҳнатро тасдиқ карда, онро ба сари вақт насупоридани андоз аз ҷониби корхонаҳои бузурги шаҳр арзёбӣ кард. Ба гуфтаи Назарбекова кормандони макотиб маоши моҳи апрелро дар моҳи июн гирифтаанд: “Ҳоло бошад моҳи майро пардохт карда истодаем. Якчанд корхонаҳои калоне, ки буданд андозро насупориданд ва буҷа низ пур нашуд. Ҳоло бошад корхонаи нави тилло кушода шуд, ки шояд ин моҳ буҷаро пур гардонад. Корхонаҳои калони шаҳр, ки аз фаъолият мондаанд, таъсири худро ба буҷаи шаҳр расонидаанд”.

Хонум Назарбекова афзуд, ки феълан 151 муассисаи таҳсилоти умумӣ маоши моҳи май танҳо дар 20-30 ададаш пардохт шудааст.

Аммо Сарабек Холов, муовини раиси шаҳри Ваҳдат мегӯяд маоши моҳи май дар тамоми ниҳодҳои давлатӣ пурра пардохт шудааст. Ӯ афзуд, айни ҳол сохтумонҳои азиме, чун варзишгоҳи Ваҳдат идома дорад.

Шикояти омӯзгорону табибони шаҳри Ваҳдат ва бархе аз навоҳии дигар дар ҳолест, ки бо қарори ҳукумат аз 1-уми июл ҳаҷми музди меҳнати кормндони буҷавӣ боло бардошта шуд.

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як қарори ҳукумат дахлу харҷи буҷаи давлатӣ дар соли 2016-ро дар ҳаҷми 450 миллион сомонӣ кам намуд. Буҷаи соли 2016 ҳудуди 18,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда буд, аммо дар пайи таъсири буҳрони молиявӣ, коҳиши интиқоли маблағ, гардиши мол ва дигар омилҳои манфӣ нақшаи буҷа тайи моҳҳои гузашта иҷро нагардид.

Бо вуҷуди ин раисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон маоши хидматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаву ташкилоти буҷавӣ ва андозаи нафақаву стипендияро аз якуми июли соли ҷорӣ мутаносибан аз 15 то 30 дарсад боло бурда, ҳадди ақали музди меҳнатро 60 дарсад бештар - 400 сомонӣ таъин намуд.
Мӯҳр
Афсонай рохбари молия, ки тасавурот аз соха надорад ва рохбарони шахрро бинед, стадион сохта истодаанд, мардум ба дод омадааст, хама чиз бо сиёсату мачбурй ба гардани корхонахою сохибкорон, аз ошнобозй ва эхтироми сарварй давлат истифодабарии раиси шахр, пишакашонро пиш гуфта наметавонад.

Дард
Ин барои ҳамаи омузгорони шаҳри Ваҳдат як беадолатист

Хайрон
"Корхонаҳои калони шаҳр, ки аз фаъолият мондаанд, таъсири худро ба буҷаи шаҳр расонидаанд”. хандаовар. Хай андоза паст бикунен то корхонахо боз ба кор дароянд. Бас будагист Дег чушаду гур сузад-ро пешаи худ кардан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)