Бахшҳо

Пешниҳод: То соли 2023 аз баҳри футбол бароем!

Абдулазизи ВОСЕЪ

Шояд замоне расида, ки дар футболи тоҷик танаффус эълон кунем? Барои 7 сол! Кормандони Федератсияи футболро ба рухсатии бемузд гусел намуда, кулли дастаҳои футболро барҳам бидиҳем.

Дар ин муддат масъулини футболу бозигарон аз пайи кори дигару барои ҷомеаву худ бонафъ шаванд. Нуриддин Давронов (нимҳимоятгари тими миллӣ) бо симое ки дорад, роҳат метавонад дар шоу-бизнес мақом ёбад. Фатҳулло Фатҳуллоев (нимҳимоятгар) худро дар волейбол бисанҷад. Дарвозабон Алишер Туйчиев (баъзе муаррихон бар инанд, ки дарвозаи тоҷик то инқилоби октябр қулф надошт. Шояд Алишер ин фарҳангро дубора зинда карданӣ аст?), ба ҳукумат консепсияи сиёсати “дарҳои боз”-ро пешниҳод кунад. Агар “муваффақият”-и Алишерро бо дастовардҳои ҳукумат дар заминаи сиёсати “дарҳои боз” муқоиса кунем, ӯ пешсафтар аст. Сиёвуш Асроров (ҳимоятгар) тоҷир, Амирбек Ҷӯрабоев (нимҳимоятгар) мансабдор шаванд. Хуршед Маҳмудов (нимҳимоятгар) зеби бозии баскетбол дорад. Давронҷон Эргашев (ҳимоятгар) беҳтар аст, ҷойи гармашро дар бошгоҳи “Жетису”- Қазоқистон сард насозад. Мануҷеҳр Ҷалилов (ҳамлагар)-ро дар футболи Русия хуб мешиносанд ва фикр намекунам, ки барояш ҷое пайдо накунанд. Ва ҳамин тавр мураббиву сармураббиҳо низ барои худ кори муносибе пайдо созанду “чу осиё пайи ризқу рӯзӣ”-и худ шаванд. Президенти ФФТ ҳам дигар маҷбур намешавад, бори ин ҳама бебарориро бикашад ва масъулияти бузурги дигаре, ки дорад, онро ба гунаи аҳсан иҷро мекунаду то дигарбора эҳёи футболи тоҷик коррупсионерҳоро решакан месозад...

Ва вақте ҳама чӣ фаромуш шуд, дубора кори ФФТ аз сар гирифта шуда, клубҳо таъсис шаванд. Ба қавле “ҳама чӣ аз варақи сафед оғоз шавад”. Шояд он вақт шоҳини бахти футбол рӯи китфи масъулини ФФТ мешинаду футболи тоҷик оламгир ҳам ки нашуд, “СНГгир” ё аққалан “Осиёи Марказигир” мешавад.

Ба ҷуз ин роҳи дигар чист? Истеъфо? Аввалан дар мо фарҳанги истеъфо шакл нагирифтааст (ҳоло андак-андак фарҳанги дилзанак эҳё мешавад). Дувум бояд онҳое истеъфо диҳанд, ки масъулият доранд. Дар тими миллӣ ҳама як масъулият дорад, пас бояд ҳамаро ба истеъфо фиристод: ду 15 як 30!

Дар ин ҳама сол на мураббии хориҷӣ, на майдонҳои замонавӣ ва на президенти бообрӯву пулдор дар ФФТ натавонист футболи тоҷикро номовар кунад. Ба қавли он бузург “ҳанӯз дар хами як кӯча” қарор дорем. Ва ҳеч экстрасенсу фолбину ҷодугар ин қобилиятро надорад, ки пешгӯӣ созад кай ин “хамӣ”-ро убур карда, ба хиёбон мебароем.

Ин навбат ҳам умеди мухлисони футболи тоҷик барои дидани тими миллиамон дар қисмати финалии сабқати қаҳрамонии ҷаҳон-2018 ба боди фано рафт. Дар қувваозмоиҳои даври интихобии ин мусобиқа яккачини Тоҷикистон бо Австралияву Бангладеш ва Урдуну Қирғизистон ҳамгуруҳ буд. Дар пайи натоиҷи ҳамаи бозиҳо мунтахаби мо аз охир дар ҷойи дуюм қарор дорад.

Ба Австралия дар Австралия бой додан (бигзор 7:0), аслан ҳеч гапе нест, ҳарчанд яке аз мураббиҳои хубамонро дилкасал карду ба болини беморхона кашид. Ҳарчӣ набошад, яккачини Австралия қаҳрамони феълии Осиё аст. Аммо дар майдони худамон бар ҳамсояе, ки аз бисёр ҷиҳат мисли худамон аст, бохтан чӣ? Намедонам аҳволи Мубин Эргашев баъди шунидани хабари бо ҳисоби 1:0 аз Қирғизистон шикаст хӯрдан акнун чӣ мешавад. Оё футболи тоҷик кирои ба касалии қабл гирифтор шуданро дорад?

Дуруст аст, ки варзишро касе пешгӯӣ карда наметавонад ва дар он баъзан гардишҳое мешавад, ки касе интизорашро надошт. Аммо гумонам ин формула ба мо корагар нест. Аз замоне ки худамро мешиносам ҳеч гардиши ғайриинтизор дар футболи Тоҷикистон рух надодааст. Аслан дар мо футбол пешгӯишаванда аст: “Истиқлол” ҳамеша пирӯз мешавад, “Равшан” ё “Регар-ТадАз” дуюм ё сеюм...

Аслан ин тур ҳам нест, ки футболу Тоҷикистон ду чизи бо ҳам умуман ночаспон бошанд. Дар Шӯравӣ тими миллии мо, ки номи “Боми ҷаҳон” – Помирро дошт, шуҳратёр гардид. Шояд баъди 7 сол номи тими миллиро бо умеди касби муваффақиятҳои бузург, рамзан “165” – илҳом аз миллаи 165-метрии парчам гузорем? Аз карнайчӣ як пуф гуфтаанд, шояд бо шарофати ин номи баланд дар рейтинги ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) мақоми намоёнеро ишғол намоем. Шумо чӣ мегӯед?

P.S. Шояд мепурсед, чаро пешниҳод кардам, ки барои 7 сол футболро фаромӯш намоем? Дар Тоҷикистон ба 7 муносибати хосе доранд: давраи раёсати Президент ду давраи 7-сола аст ва парчами кишварро 7 ситора оро медиҳад. Ва боз 7-умин рӯзи ҳафта -- якшанбе истироҳатист)))

_____________________

Акс: Кадом як соле декани факултаи журналистикаи ДМТ Асадулло Саъдуллоев (Худо раҳматаш кунад) маро “Дарвозабони беҳтарин”-и мусобиқаи футбол миёни дастаҳои факулта эълон карда, ифтихорномаву тӯб ҳадя карда буд.
Мӯҳр
Апанди
Бисёр ачоиб навистаи акаи Абдулазиз!

Акаи Абдулазиз ту чи гуфтании мегуй туро дарвозабон монанд.

умуман спортро бархам додан даркор аздусар моро дар хама кор гайри худамон касе на э.тироф мекунаду на та.риф я чахон ташакур ба дикататон

Бисёр мақолаи хуб.Бовар кунед футболи тоҷик 20 сол мешавад фақат ба қафо рафта истодааст.Афғонистон аз мо пеш гузаштааст ва бовари дорам дар ояндаи наздик хеле тими бақуват мешавад.Ин ҷо айби телевизони тоҷик ва шореҳону экспертҳои футболи тоҷик баръало дида мешавад,ки бисёр вақт таъриф мекунанд,ки футболи тоҷик пеш рафтааст.Бубинед клубҳои моро ҳатто дар Лига чемпионҳои осиё роҳ намедиҳанд,аз Узбакисто бошад 3-4 клуб ҳар сол бози мекунад.Мо аз Узбакистон 100-сол қафо мондги ҳастем дар футбол.Бисёр аламовар аст бовар кунед.Дилам ба ояндаи футболи тоҷик месузад.

ин та.сири чангхои солхои 90 ум аст ба.дан хнит хочи халиму салафихо так что то 50 соли дига узру бахона дорем

nabi farhor
Нее варзишро бархам набояд дод.Варзиш низ як манбаи даромади пул мебошад.Африкоихоро бинед аксарияти онхо бо варзиш машгул шудаанд.Ин футболбозони точик тамоман шарманда карданд.Агар дастаи футболи точик ду се давлатро шикаст медод,бовари дорам дар майдон чойи нишаст намеёфтем.Мо точикон мухлиси ашадии футбол хастем.

Шоин
дар хакикат имруз футболи точик мелангад сабаб дар хамин ки дар дастаи якачини чумхури хама бозингарон аз пойтахт барои чи имруз аз дигар камандахои нохия ва вилоят иштирок намекунанд рости гап барои мурабии хуб шудан авал бояд худи мураби бозингари хуб бошад.

Ҳоҷати аз баҳри футбол баромадан нест, танҳо аз таҷрибаи Адолф Гитлер истифода намоем бас аст. Дар куҷое хонда будам, ки Гитлер аз ҳама бештар футболбозону мурабиёни ин соҳаро бад медид. Сабаб бохти тимми миллии Германи дар як бозие, ки Гитлер онро тамошо мекард. Баъди ҳами бохт дастур дод, то тамоми футболбозон бо мурабиёнашон дар сафи пеши ҷанги дувуми ҷаҳон қарор гиранд.
Бубинед ҳоло амакҳои ришдори мо дар он тарафи дарё фурсат ҷуста истодаанд. Беҳтар мешуд он дастаҳое, ки дар бозиҳои чӣ минтақави, чӣ ҷаҳон бозиро бой медиҳанд ба сарҳади Афғонистон фиристода шаванд, то Ватанро аз ДОИШУ, толибон муҳофизат намоянд. Бовар кунед акар ин коро ҷори кунем боқимонда футболбозону мурабиён аз тарси ҷонашон асло ба бохт роҳ намедиҳанд. Ташакур ба диқататон

МУХЛИС
аКО ЯК ЧИЗРО ФАРОМУШ КАРДЕД. ДАР БАРОБАРИ ИН 7 БОЗ 7 СИНУ 7 ШИН АСТ

Мушохидачи
Бачахо, худованд хар кавму миллатро барои коре офаридааст. Чопонихоро барои сохтани электроника, русхоро барои сохтани ярок, яхудихоро барои пайдо кардани пул, афгонхоро барои чанг, немисхоро барои мошинхои бакувват, ТОЧИКХОРО барои шеъру суруду ракс (яъне фарханг) ва дигарону гайрахо. Футболбозхои мо бехтараш дар ин самт машк кунанд, бовари дорам ба чое мерасанд.

Ман акнун мефахмам барои чи фохишаги ва журналисти дар чахон аз хама касбхои кухнатарин хисоб мехуранд.Дируз вакте ки дастаи Истиклол дар бозии нихоии Чоми Осиё бози кард шумо рузноманигорон якчоя дар бораи пешрафти футболи точик сурудхо эчод мекарданд.Имруз бошад эшони Абдулазиз ба хама маслихат медихад,то мо 7 сол дар футболи точик таннафус эълон намоем.Ва боз муккадасоти мо парчамро бо 7 бурчаш писханд мекунад.Мефахмам- демократия,аммо то ин дарача не ку!

Мушохидачи,
Боз 7 голи Австралия))))

Futbol dar Angliya tavallud shud, dar Braziliya rushd kard, dar Tojikiston murd. Tojikiston vakte ba bozihoi nihoii Jomi jahon roh meyobad,ki Braziliya dar xokkei chempioni jahon shavad!!!

тренер
САБАБИ ПЕШРАФТ НАКАРДАНИ БОЗИНГАРОНИ МО ДАР ОН АСТ, КИ ХОЛО БОЗИИ ФУТБОЛРО ХУБ БАЛАД НЕСТАНД АЛЛАКАЙ ХУДАШОНРО(ба мисли футболисхои машхур харруз ба худ навигри дар афту андомашон мекунанд) БА МУД ДОДААНД(хадаф факат худнамои асту халос)

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)