Матбуот. Расонаҳо. Аз инҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон шинохти гуногун вуҷуд дорад. Баъзеҳо оппозитсиюни ҳукуматашон меноманд, баъзеҳо ёвари он. Ҳақиқати ҳол чист? Вазъи имрӯзаи расонаҳои Тоҷикистон чӣ гуна аст? Барои баррасӣ ва посух ба ин суолот барои як баҳси бештар ба дафтари “Озодагон” яке аз таҳлилгарони варзидаи Тоҷикистон ва соҳибрасонаи тоҷик Саймиддин Дӯстовро даъват кардем.
ИНСТИТУТҲОИ ҶОМАЕИ ШАҲРВАНДӢ БОЯД ҲИФЗ ШАВАНД Озодагон: Нахуст Шумо, кормандони расонаҳоятон ва ҳамаи онҳоеро, ки аз нони журналистӣ зиндагӣ мекунанд, ба солгарди Иди матбуот табрик мекунем. Муборак бошад! Саймиддин Дӯстов: Ташаккур, ба Шумо ҳам муборак бошад.Озодагон: Шумо як сол қабл эълон кардед, ки аз фаъолияти журналистӣ ва коршиносӣ канор меравед. Сабаб чӣ буд ва чаро чунин як изҳорот додед? Саймиддин Дӯстов: Дақиқан 20 марти соли гузашта буд, як рӯз пеш аз Наврӯз. Ман ҳам чунин таҷриба дорам, ки ҳар сол дар Наврӯз аз фаъолиятҳои худ натиҷагирӣ мекунам ва сар мехалонам ба як санади муҳими худ, ки номаш гузоштаам “Истротежики биографӣ”. Ҳисоб мекунам, ки дар ин сол чӣ дастовардҳое доштем, тақрибан чӣ қадар пеш рафтем ва ё бараъкс. Ҳамин буд, ки соли гузашта чунин як тасмим гирифтам ва нигоштаҳам дар Фейсбук коридам. Сабаби ба ин иқдом даст задан як чиз буд, ҳарчанд дар расонаҳо он тобишҳои гуногун ёфт. Чаро ки ман гуфта будам, аз ин дигар шарҳи бештар нахоҳам дод. Сабаб ин буд, ки ман сари як мавзӯи илмӣ бояд тадқиқот мебурдам ва хушбахтона бо ҳамин кор машғул ҳастам. Рӯйи ин мавзӯъ, ки барои ман бениҳоят муҳим аст кор мебарам ва гипотезае, ки дар ин мавзӯъ пешниҳод кардаам хеле арзиш дорад. Вале тақрибан дар моҳи октябри соли гузашта, баъд аз қазияи 4 сентябр ба назарам чунин расид, ки хеле аз журналистон, коршиносон, сиёсатшиносон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии тоҷикро як гуна маъюсӣ фаро гирифтааст ва зарур донистам, ҳадди ақал ба 10-12 нафари онҳо занг бизанам, нома бинависам. Ва гуфтам, чаро чунин шуда, ки як маъюсиву ноумедӣ ҳамаро фаро гирифта? Набояд чунин бошад. Чун агар қазияи Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода талоши табаддулоти давлатист, пас мо ҳодисаи марбут ба Ғаффор Седойро дар соли 2003 хуб дар ёд дорем, ки низ кушиши табаддулоти давлатӣ буд. Вале баъд аз он расонаҳое мисли “Миллат”, “Фараж”, “Нигоҳ” рӯ заданд, ташаббус дар ҷомеа зинда буд ва нафароне ёфт шуданд, ки барои беҳбуди ҷомеа фаъолият мекарданд. Ҳатто ба институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ асос гузошта шуд. Чаро чунин шуда, ки мардум ин қадар маъюс шуданд? Бинобар ин, зарур донистам, ки он хомӯширо бишканам ва чанд нигоштаҳое ҳам таълиф кардам, ки ин ҷомеа, ҷомеаи мост. Ин миллат миллати мост. Ин давлатдории миллии тоҷикон аст. Ҳукуматҳо, қудратталабон, фурсатталабон, имтиёзталабон чӣ нақше, ки дар таърих надошта бошанд, чӣ бузургманишиҳое, ки надошта бошанд ва чӣ арзишҳоеро, ки шиор накунанд, меоянду мераванд. Вале миллати тоҷик бояд бимонад. Ман бар онам ки институтҳои ҷомаеи шаҳрвандӣ, ки аслан институтҳои милии мо - ҷомеаи Тоҷикистон ҳастанд, бояд ҳифз шаванд. Дар баробари ин, рӯи ду стартап (роҳандозиҳо) ё тарҳи нав ҳам кор мекардам, ки яке аз онҳо “Шаҳри боз” ном дошт. Ин тарҳ барои беҳтар шудани фаъолияти мақомҳои иҷроия дар шаҳри Душанбе ва беҳтар кардани хизматрасониҳои давлатӣ ва маишӣ ба мардум равона шуда буд. Чунин як тарҳро ман омода ва унвонии шаҳрдори Душанбе равон кардам. Озодагон: Ин тарҳҳо фармоишӣ буд ё ташаббуси худи Шумо? Саймиддин Дӯстов: На, ин ташаббусҳои худи ман ба ҳайси як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нафаре буд, ки тахассусаш идораи давлат ва шаҳрдорӣ аст. Озодагон: Гуфтед, замоне ки канор рафтед ба фаъолияти илмӣ иштиғол варзидед. Мешавад бигӯйед, ки ин тадқиқи Шумо марбути чӣ буд, сиёсат ё расонаҳо? Саймиддин Дӯстов: Ин мавзӯъ аслан сиёсӣ аст ва ном дорад “Нақш ва вижагиҳои омма дар кишварҳои дар ҳоли гузор”. Гипотезаи ман ҳам аз ин иборат аст, ки дар кишварҳои дар ҳоли гузариш тақрибан ҳеч чизе аз омма вобаста нест, балки нақши ҳалкунандаро нухбагони идорӣ, тиҷорӣ ва ақлонӣ ё интелектуалҳо мебозанд. Ва ҳама саволу ҷавобро аз ҳаминҳо бояд пурсид. Ва фикр мекунам замоне онро барои хонандаи тоҷик пешниҳод мекунам.VIDEO
СОЛИ 2012 БА ҚУЛЛАИ ЭЪТИРОФИ ЖУРНАЛИЗМИ ТОҶИК АЗ ҶОНИБИ ҲУКУМАТ РАСИДЕМ Озодагон: Бисёр хуб аст, умедворем, ки дар ин таҳқиқи худ муваффақ мешавед. Ҳоло баргардем ба мавзӯе, ки мехоҳем атрофаш баҳс кунем. Тақрибан аз соли 2006 дар бозор ва фазои расонаии Тоҷикистон ворид ҳастед, ибтидо ҳафтаномаи “Нигоҳ”-ро роҳандозӣ кардед ва баъди чанд соле ҳам хабаргузории “Тоҷнеюс”-ро таъсис додед. Мешавад ба ҳамин даҳсолае, ки дар ин бозор ҳузури фаъол доштед, ба вазъи озодии баён назари гузаро дошта бошед? Саймиддин Дӯстов: Бале, мешавад. Вале пеш аз ҳама инро бигӯям, ки ман як нафаре, ки тахассусам журнализм нест, ба ин кор даст задам. Дар моҳи декабри соли 2006 ҳисоб кардем ва дидем, ки тақрибан 80-85 дарсади тирожи нашрияҳои ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистон ба забони ғайридавлатӣ аст. Мо, ки худро як насли истиқлолсоз медонем ва фикр мекунам, ки ояндагон аз мо хоҳанд пурсид ва виҷдони мо ҳам аз мо хоҳад пурсид, ки чиро чунин шуда. Чӣ гуна мешавад, ки дар 15 соли истиқлол мо расонаҳои миллӣ бо забони тоҷикӣ надошта бошем, дар ҳоле ки 99 дарсади ин мардум забонашон тоҷикист. Ҳамин чиз таҳрикдиҳанда буд, то ба фаъолияти “Нигоҳ” бунёд гузорем. Тақрибан баъди панҷ сол вазъ куллан дигар шуд ва ҳоло 90 дарсади ин гуна расонаҳо бо забони давлатӣ нашр мешаванд. Дар ин кор нақши 5-6 расона хеле муҳим аст, ки мо онҳоро ба сифати расонаҳои мустақил мешиносем ва аз нигоҳи ман ва хеле аз мутахассисон афкорсоз маҳсуб мешаванд. Аз нигоҳи ман дар ин 10 сол мешавад рушд ва ё вазъи озодии баёнро ба се давра ҷудо кард: Давраи аввал солҳои 2005-2009-ро дар бар мегирад, ки ин марҳилаи устувори пайдошавӣ ва шаклгирии расонаҳои миллии тоҷикӣ буд. Дар ин давра сароғоз дар соли 2005 нашрияи “Миллат” пайдо шуд, ки як гоми қаҳрамонона буд аз ҷониби асосгузоронаш ва дар моҳи декабри соли 2006 “Нигоҳ” ва баъди як ҳафта “Фараж” ва баъдан нашрияҳои “СССР”-у “Озодагон” пайдо шуданд. Баъди инҳо фикр мекунам, ҳеч расонаи қавие дар муҳити расонаии Тоҷикистон пайдо нашуд. Марҳилае дигар солҳои 2009-2012-ро фаро мегирад. Ин марҳилае буд, ки ҳокимияти иҷроия ва ҳукумат дар Тоҷикистон расонаҳоро ҳамчун институтҳои миллии рушд эътироф карда, дар ин муносибатҳо таҷдиди назар кард. Фаҳмиданд, ки инҳо институтҳои миллие ҳастанд, ки ҳадди ақал аксарияташон аз неруҳои сиёсӣ дуранд ва ба ҳайси воситаҳои ахбори омма дар инъикоси маданӣ дар кишвар нақши муҳим доранд. Ҳамин чиз боис шуд, соли 2012 дар ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик мо ба қуллаи эътирофи журнализми тоҷик аз ҷониби ҳукумат расидем. Тақрибан аз моҳи декабри соли 2012 марҳилаи баъдӣ сар шуд, ки онро фикр мекунам бояд марҳилаи буҳронӣ номид. Аслан муносиботи буҳронӣ миёни расонаҳо ва ҳукумат дар замоне шакл гирифт, ки муносибати ҳукумат ба ҲНИТ ва ба мухолифин як гуна бознигарӣ шуд. Замоне буд, ки бори аввал дар хориҷи кишвар нерӯе чун “Гуруҳи 24” пайдо шуд ва дар назди мақомоти гуногуни ҳукумат вазифаҳои мушаххасе пайдо шуданд, ки онҳоро бояд амалӣ мекарданд. Хушбахтона ё мутаассифона ин давра ҳам вижагиҳои худро дорад, ки мешавад гуфт, замоне буд аслро аз ҷаъл ҷудо кард. Чун дар ин замон баъзе аз ниҳодҳои ҳукумат бо пайдо шудани фабрикаи ҷавоб, зери фишорҳои равониву лафзӣ қарор додани як идда аз журналистони тоҷик, фаъолони ҷомеаи маданӣ, чопи мақолаҳо дар расонаҳои давлатӣ дар бораи онҳо ва як силсила корҳои дигар, аслан маълум карданд, ки кӣ дар ин муҳит кист! Ин марҳила расонаҳоро ба ду гуруҳ ҷудо кард. Яке расонаҳои воқеан мустақил, ки истиқлоли онҳо чанд вижагӣ дорад ва расонаҳое, ки мо онҳоро мегӯйем расонаҳои қуллай барои ҳукумат ё расонаҳои созишкор. Ин созишкорӣ, албатта як созишкорие на дар доираи қонун ва ахлоқи журналистӣ, балки берун аз он буд.Озодагон: Яъне, як созиши муомилаӣ? Саймиддин Дӯстов: Бале, як созиши муомилаӣ бо сабабҳои гуногун. Буданд расонаҳое, ки ин корро ба хотири пул созмон доданд, расонаҳое буданд, ки аз наздик будан бо ин ё он ниҳоди қудратӣ хостанд имтиёз бигиранд. Аммо расонаҳое принсипи дурӣ аз аҳзоби сиёсӣ, аз ниҳодҳои ҳукуматӣ, аз ҳокимияти иҷроия, аз ҳокимияти қонунгузор ва судӣ, аз тиҷоратҳои калон, аз рекломдиҳандагон, аз гуруҳҳои моливу саноатӣ ва риоят кардан ва истиқлоли худро ҳифз карданд. Чун дар солгарди Иди матбуот ҳастем, намехоҳам ном бигирам, вагарна аз нафарҳое нестам, ки дар масоили миллӣ ва разишҳо бисёр эҳтиёткорӣ кунам. Вале бо иҷозати Шумо ҳамин рӯз аз ном гирифтан худдорӣ мекунам. ОНҲОЕ, КИ ДАР ИН МУҲИТ КОР МЕКУНАНД, ВОҚЕАН ҚАҲРАМОНАНД Озодагон: Аммо тавре Шумо баррасӣ кардед, марҳилаи сеюм бисёр вазъи хубе нест, балки бештар ба унвони вазъи буҳронӣ ёд мешавад. Ҳам дар заминаи буҳрони иқтисодӣ ва ҳам дар заминаи буҳрони фазоие, ки ба вуҷуд омадааст, расонаҳои мо бисёр ҳоли ногувор доранд... Саймиддин Дӯстов: Ман ҳам гуфтам. Марҳилаи аввалро шаклгирӣ ва устувор шудан гуфтем, марҳилаи дувумро муносибатсозӣ ва эътироф агар ном бурда бошем, марҳилаи ахирро марҳилаи буҳрон номидем.Озодагон: Вале дар ҳамин марҳилаи ниҳоӣ, мисле ки мушоҳида мешавад таъсири ҳамин институтҳои милливу иҷтимоӣ ба тасмимгириҳои ҳукумати иҷроия бисёр маҳдуд аст ва таъсири худи расонаҳо ҳам ба фазо ва ҷомеаи мо хеле камранг мебошад. Аз назари Шумо ба ин вазъ мудирияти нодурусту менеҷменти нокофии худи соҳибрасонаҳо ва истротежии нодуруст боис шуда ё ҳамин фазое, ки мову Шумо сараш баҳс мекунем? Саймиддин Дӯстов: Дар муҳити сиёсии Тоҷикистон ҳоло вазъи буҳронист. Ин вазъи буҳронӣ наметавонад ба қишрҳои гуногуни ҷомеа таъсир нарасонад. Вале агар посух бихоҳем, ки ин фазосозиро сабаб чист, албатта сабаби аосӣ сиёсист ва он ҳам бармеояд аз рафтори ниҳодҳои ҳукуматӣ ва ҳукумати феълӣ. Ҳукумати феълӣ вазифаи аввалиндараҷаи худ ҳифзи ҳукумати шахсиро мехоҳад. Кулли барномарезиҳо, шурӯъ аз пахши як гузориш дар барномаи ахбор то баргузории референдум ҳама ба ҳамин мақсад равона шудаанд. Яъне, тасмимро худи ҳукумат мегирад. Институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки хеле заъифанд, минҷумла расонаҳо, дар баробари ин рисолати худро бояд иҷро кунанд. Рисолати онҳо инъикоси ҳамин воқеиятҳои рӯз аст. Ва албатта баъзе аз онҳо, ки расонаҳои иҷтимоиву сиёсианд, дар баробари ин равандҳо мавзеъгириҳои сиёсӣ доранд. Мавзеъгирии сиёсии гуруҳи расонаҳои “ИНДЕМ” ҳамин гуна аст, ки арзишҳои давлатдории миллӣ набояд тобеи хостаҳои шахсӣ ва гуруҳӣ шаванд. Агар онҳо хеле ҳам муҳим ба назар бирасанд. Ҳамин буд, ки дар матлаби “Тугмаи якум” ва ҳамчунин дар матлаби дигаре дар бораи референдум мавзеъгирии “Нигоҳ”-ро мо маълум кардем. Ин ки чӣ чиз сабаб шуда, ки мо дар чунин вазъ қарор дошта бошем, фикр мекунам маҷмуи мушкилоте ҳастанд, ки ба муҳити расонаӣ ва ба журналистон таъсир мерасонанд. Дар қадами аввал фикр мекунам, ки сабабҳои сиёсӣ нестанд. Пеш аз ҳама худи сохтори расонаӣ дар Тоҷикистон, ки дар асоси принсипҳои рақобатнокӣ сохта нашудааст ва аз нигоҳи илми иқтисод хусусияти олигополӣ (инҳисори чандҷониба ва ё тавлиди коло тавассути афрод ва ширкатҳои маъдуд - “Озодагон”) дорад. Ин ҳамчунин посух ба суоле ҳаст, ки чаро дар Тоҷикистон расонаҳои нави боқувват пайдо нашуданд. Ман дар ин бора матлабҳое ҳам навишта будам, дар суханрониҳоям изҳор кардам ва боз ҳам мегӯям, ки Конгресси Амрико барои бахши тоҷикии Радиои Озодӣ як миллиону 600 ҳазор доллар дар сол ихтисос медиҳад, дар ҳоле ки гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” барои бахши иттилоотӣ дар ихтиёр тақрибан буҷаи 160-180 ҳазор долларӣ доранд ва яке аз ин расонаҳо умуман моли иттилоотӣ ба мардум пешниҳод намекунад, яъне моли иттилоотии пулакӣ. Дар ин ҳол баровардани моли иттилоотӣ дар бозор ғайриимкон аст. Яъне, шумо ҳар қадар моли хуб ҳам истеҳсол накунед дар ин бозор харидор пайдо карда наметавонед. Ҳатто агар менеҷменти хуб ҳам ба роҳ монда бошед. Ҳоло он ки яке аз сабабҳои рушд накардани расонаҳои тоҷикӣ ин менеҷменти нокофӣ аст. Ҳамин аст, ки “Тоҷнюс”, “Озодагон”, “Авесто” ё “Ховар” наметавонанд дар баробари инҳо рақобат кунанд. Аз ҷониби дигар худи ҳукумат ҳам тақрибан барои “Ховар” беш аз якуним миллион сомонӣ ихтисос медиҳад. Дар ин ҳолат ворид шудан ба бозори ожонсиҳо дар ҳоли ҳозир сармояи 120-140 ҳазор долларро кор дорад. Яъне, як нафар агар бихоҳад, ки расонаи иттилоотӣ бисозад бояд дар як сол 120 ҳазор доллар ва дар се сол 400 ҳазор доллар масраф кунад, то ҳадди ақал 70-80 дарсади аудиторияи “Тоҷнюс”-у “Озодагон”-у “Ховар”-у “Озодӣ”-ро ба даст биоварад. Ҳамчунин девонаҳо бо ин қадар рискҳои сиёсӣ ёфт мешавад? Албатта, не. Бинобар ин онҳое, ки дар ин муҳит кор мекунанд, воқеан қаҳрамонанд. Сабаби дувум гуфтем, ки сиёсист. Бо ин ки фишор болои ин фаъолияти касбӣ зиёд аст, рискҳои сиёсии он зиёданд, албатта нафарони хубу варзида ва донишманд аз кишвари мо ҳар сол мераванд. Мушоҳида кардаед, ки ҳар сол 4-5 нафар аз дӯстони Шумо тарки кишвар мекунанд. Фирори мағзҳо яке аз тамоюлҳои баръалои ҷомеаи имрӯзи мост. Бинобар ин нафарони омода ба ин муҳит ворид намешаванд. Ҳамин аст ки мо 10 нафаре надорем, ки журналистикаи иқтисодиро ташаккул диҳанд. Миллати воҳид шуда, 20 нафаре надорем, ки журналистикаи бисёррасонаиро аз худ карда бошанд. Ҳеч ниҳод, ҳеч гуруҳи саноативу молӣ ва ҳеч сармоягузоре ҳам омода нест, ки 20-30 ҳазор доллар масраф бикунад барои омода кардани журналистон, фарзи мисол иқтисодӣ. Озодагон: Шумо як нуктаи бисёр ҷолиб гуфтед, ки чигунагии вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон ба ҳукуматсозӣ бастагӣ дорад. Аз ин суҳбати Шумо чунин хулоса кардам, дастовардҳое, ки мо дар ҷомеаи расонаӣ доштем ва ҳамин тур як сатҳи муайяни озодии баёне, ки буд, қурбони ҳукуматсозӣ шуд. Аз ҷониби дигар дар ҷомеаи мо ин сару садоҳо вуҷуд дорад, ки ҳукумат дар симои расонаҳои мустақил як нав оппозитсиюн, як навъ мухолифро мебинад. Дар ҳоле ки на аз нигоҳи илмӣ ва аз нигоҳи назарӣ дар Тоҷикистон ва умуман дар ҷаҳон расонаҳо наметавонанд оппозитсиюн бошанд. Ва тақрибан ҳеч ҳизби сиёсӣ, гуруҳҳои дигари сиёсӣ, гуруҳҳои молӣ ва ҳатто гуруҳҳои ҷиноӣ ҳам дар Тоҷикистон расонаҳоро маблағгузорӣ намекунанд ва ҳамин гуна ҳамкории расонаҳо бо ин гуруҳҳо мушоҳида нашудааст. Ҳадди ақал аз тарафи мақомоти марбутаи давлат ошкор нашудааст. Пас, сабаб чист, ки ҳукумат аз расонаҳои мустақил ин қадар меҳаросад, дар ҳоле ки мо расонаҳои бисёр камтаъсир дорем? Саймиддин Дӯстов: Аввал ин ки худи табиати ҳукумати мо табиате ҳаст, ки барои мардуми Тоҷикистон маълум мебошад. Ҳукумате аст, ки баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ, баъд аз ғалабаи силоҳноки як гуруҳ бар гуруҳи дигар рӯ задааст. Ба ҷуз ин ба назари аксари коршиносон ҳукумати авторитарӣ дар Тоҷикистон ба зӯргароӣ такя мекунад. Ва аз фалсафаи зӯргароӣ дар ҳукумат ҳамеша ҷонибдорӣ мекунанд. Яке аз вижагиҳои ҳукумати феълӣ он аст ки ҳукумати андакхондаҳост, мисли ҷомеаи мо. Ҳар ҳукумат аз ҳамун ҷомеа бар меояд. Бибинед, то соли 2009 вақте гуфтам расонаҳо ҷойгоҳ пайдо мекарданд ва баъдтар дар соли 2012, дар ҷашни садсолагии матбуот худи ҳукумат ҳам эътироф кард, ки ин расонаҳо институтҳои миллиянд. Яъне, инҳо на бо оппозитсиюнанд ва на бо истилоҳи дӯстдоштаашон хоҷагони хориҷӣ, балки бо ҳамин миллатанд ва аз мушкилоти ҳамин ҷомеа мегӯянд. Ҳамин буд, ки худи президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар ҷаласаҳои ҳукумат ба мансабдорон таъкид кард, ки шумоед, ки дар дафтарҳоятон менишинед, вале инҳоянд, ки аз ҳоли мардум мегӯянду мо медонем дар ин кишвар чӣ мегузарад. То соли 2012 дар ҳукумати Тоҷикистон як маркази қабули қарор буд -- худи Эмомалӣ Раҳмон. Худи Эмомалӣ Раҳмон то соли 2012 ва то дараҷае имрӯз ҳам кафили озодии баён ва фаъолияти матбуоти озод аст. Агар дар соли 2012 мо як маркази қабули қарор ва панҷ маркази таъсиррасон ба маркази ягонаи қабули қарор доштем, ҳоло дар солҳои 2014-2015 ва 2016 як ҳукумате дорем, ки аз чанд маркази қудрат иборат аст. Баҳси асосӣ, ки дар баробари ин ё он раванд, ин ё он институт, дар баробари ин ё он фард чӣ гуна нерӯ истифода бурда шавад, ҳоло дар 5 ё 6 марказ қарор қабул карда мешавад. Ҳамин аст ки журналистон ин таҳдиду хавфу хатарҳоро эҳсос мекунанд ва қисме созишкорӣ мекунанд ва қисме, барои мисол “Нигоҳ” мегӯяд, ки мо нашрияи давлатсолор ҳастем. Аз ҳукуматҳо ва ҳатто аз ниҳодҳои ҳукуматӣ, ки гӯиё барои пуштибонии давлат сохта шудаанд, камтар ки нестем. Ин вазъияти ба вуҷудомадаро дар илми сиёсат ҳукумати бисёрмарказӣ мегӯянд. Ҳамин чиз рискҳои журналистон ва институтҳои шаҳрвандиро боло мекунад. Вазифаи ҷомеаи мо ҳам имрӯз аз ин иборат аст, то ба ҳукумати марказӣ фаҳмонем, ниҳодҳое, ки таъсиррасонанд аксарияташон ниҳодҳои давлатӣ нестанд. Баъзе аз онҳо шахсияти алоҳида ба раисҷумҳуранд, ки тасмимҳои сиёсӣ мегиранд. Фарз кардем сари бастани ин ё он сайт, барои таъсир расондан ва ё ба маҳкама кашидани ин ё он журналист ва расона. Ба инҳо бояд хотима дода шавад. Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон чаро пирӯз шуд? Чун такя ба қонуният дошт. Шурӯъ аз соли 2000 такя ба қонуният кард, бовари мардум ба қонуният, ба адолати давлат буд, ки мо тавонистем оқибатҳои ҷанги шаҳрвандии таҳмилиро пушти сар кунем. Агар ҳоло ба қонуният ин ҷомеа ва ин ҳукумат хиёнат мекунад ҳеч тардиде нест, ки ин заъф ба шикаст оварда мерасонад. Мушкил дар ҳамин самт аст. Расонаҳо инро хеле хуб дарк мекунанд.Озодагон: Шумо мегӯйед ҳукумат бояд ба дарки ин маънӣ бирасад, ки баъзе аз марказҳои таъсиррасон кори нодурусте мекунанд ва бояд бо ниҳодҳои ҷамъиятӣ, институтҳои таъсиргузор ва аз ҷумла бо расонаҳо вориди муколама шаванд. Вале дар солҳои ахир тақрибан ҳеч муколамаеро аз ҷониби ҳукумат бо аҳзоби сиёсӣ ва ҳамин тур бо расонаҳо намебинем. Дар чунин фазо дархости чунин як муколама чӣ мантиқ дошта метавонад? Саймиддин Дӯстов: Бубинед. То соли 2012 яке аз нафарҳои таъсиррасон ба маркази қабули қарор худи Саидмурод Фаттоев буд. Саидмурод Фаттоев бо ин ки дар хеле аз доираҳо ба сифати “мазори бешафоат”шинохта мешавад, ба ҳайси як нафаре, ки донишҳои фаррох дораду ходими ҷамъиятии муҳофизакор аст, муваффақ шуд, ки эътирофи ҳамин институтҳои миллӣ дар маркази қабули қарор пайдо шавад. Ҳоло он ки дар Дастгоҳи раисҷумҳур раисон демократ набуданд. На Амиршо Миралиев ва на Матлубхон Давлатовро намешавад, ки демократ ва ҳатто демократмаоб гуфт. Онҳо ҳар лаҳза омода буданд, ки ба расонаҳо ва аҳзоби сиёсӣ хатти бутлон бикашанд. Дар соли 2012 бо пайдо шудани “Протоколи 32 20”, ки онро гуруҳе эътироф мекунанду гуруҳе не, бо пайдо шудани сиёсатҳои нав дар баробари ташаккули сиёсии динмеҳвар, мушаххасан Ҳизби наҳзати исломӣ, дар муҳити сиёсӣ ташаббус аз дасти Дастгоҳи раисҷумҳур, атрофиёни ӯ ба дасти ниҳодҳои қудратӣ гузашт. Бо ин ки ташаббус ба ниҳодҳои қудратӣ гузашт, муносибатҳо ба буҳроне печид, ки имрӯз дорем. Дар муҳити сиёсӣ ташаббусро додан ба ниҳодҳои қудратӣ ва амниятӣ, агар онҳо беҳтарин шахсиятҳо бошанд ва ман шубҳае ҳам надорам, ки дар шумули онҳо хеле аз афсарони варзидае ҳастанд, ки воқеан дар хидмати давлатдории миллӣ мебошанд, иштибоҳи асосии ҳукумат аст. Озодагон: Яъне, Шумо мегӯйед, ки феълан дар Тоҷикистон дастгоҳи идеологӣ тобеи манфиатҳои ниҳодҳои қудратӣ аст? Саймиддин Дӯстов: Бале. Аммо дар чанд моҳи охир худи ёвари раисҷумҳур дар масоили иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода талошҳое дорад, ки ин ташаббусро ба даст бигирад. Ва ин ҳам бе муқовимат бо ниҳодҳои дигари таъсиррасон аз қудратиҳо. Мо эҳсос мекунем, ки ҳоло нақши Шӯрои амният камтар шуд, албатта фоли нек аст, вале нақши Вазорати корҳои дохилӣ ва КДАМ ҳам дар ин масала бояд камтар карда шавад. Бояд онҳо бифаҳманд, ки манфиатҳои давлатдории миллӣ болотар аз манфиатҳои имрӯза меистанд. Мо наметавонем хеле аз институтҳои миллӣ ва озодиҳое, ки дорем ва онҳо баромада аз маниши миллии тоҷикианд, мутеъи кадом як масъалаҳои сохтаю бофтаи амниятӣ гардонем ва гардонидан кори хуб нест.ШИКАНҶАИ РАЗИЛТАРИН ТЕРРОРИСТ, БАРОИ ҲУКУМАТ ЗАРУРАТЕ НАДОРАД Озодагон: Бубинед, баъд аз ҳаводиси 4 сентябри соли гузашта ва ҳамин тур баъд аз мамнӯъ ва террористӣ шудани ҲНИТ ва ҳаводиси марбут ба он, тақрибан мебинем, ки дар оғози соли 2016 ва то имрӯз фишорҳои байналмилалӣ болои Ҳукумати Тоҷикистон зиёд шуд. Ва ахиран ҳам намояндаи вижаи СММ ба Тоҷикистон омад ва дар нишасти хабарие, ки дошт, эълон кард вази озодии баён дар Тоҷикистон бисёр нигаронкунанда аст ва тавсия дод, ки Тоҷикистон аз ҳамапурсии моҳи май, ки бар асоси он ба Қонуни асосӣ тағйирот ворид мешавад, даст кашад ва маҳбусини сиёсӣ раҳо карда шаванд. Мо мебинем, ки оппозитсиюни берун аз низоми Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар ба ҳар гунае шакл мегиранд ва фаъолтар шудаанд. Аз назари Шумо агар фазо ва вазъият ҳамин тур давом кунад вазъи расонаҳо дар чанд соли наздик чӣ мешавад? Саймиддин Дӯстов: Яке аз вижагиҳои ҳукумати феълии Тоҷикистон ҳамин аст, ки дар баробари ҳама гуна фишорҳои бегона, бинобар собиқаи хеле тӯлонии дар ҳукумат будан имунитет пайдо кардааст. Воқеият ин аст, ки фишори байналмилалӣ сари Тоҷикистон то зуҳри 9 март набуд. Ин аз вижагиҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон набуд. Ҳатто баъди муроҷиати ҲНИТ ба чандин созмонҳо ва ҳатто кишварҳое, ки кафили Созишномаи истиқрори сулҳ буданд, онҳо баёнияҳое пахш накарданд. Онҳо дар ин бора расман изҳори назар накарданд. Онҳо дар ин бора як гуна “таймаут” гирифтанд, барои он ки бубинанд дар воқеъ инҷо чӣ мегузарад. Воқеан дар ин давра вазъ дигар шуд, мутаассифона бо ин ки ташаббус дар муҳити сиёсӣ дар дасти ниҳодҳои қудратӣ буд, корҳое шуданд, ки барои ҳукумати Тоҷикистон ҳеч зарурат надоштанд. Шиканҷа кардани боздоштшудаҳо, ҳатто разилтарин террорист, барои ҳукумати Тоҷикистон зарурате надорад. Чун дар шумори миллисаҳо ва амниятиҳои тоҷик нафарони касбӣ ҳоло ҳам ҳастанд, ки метавонанд хостаҳоро аз террористу гумонбаршудаҳо бароварда кунанд. Ҳеч зарурати латту кӯб кардани даҳову садҳо одам набуд. Ҳеч зарурати боздошт кардани чандин бародару зану хоҳару модари кӯдакони онҳо вуҷуд надошт. Зеро ин ҳама дар назари мардум менамояд, ки қонуният дигар вуҷуд надорад. Бубинед, вожаи ҷазои авлодӣ пайдо шуд. Ин аз чӣ мегӯяд? Аз фазои тарс. Агар мехоҳанд, ки корашонро аз тариқи тарс болои мардум бор кунанд, ин мардум дар тӯли таърих ҳамин қадар тарсидааст, ки фикр намекунам, бо ин роҳ онҳоро тарсонидан шавад. Дар якуним соли пеш дар Сурия 400 тоҷикистонӣ буд, ҳоло беш аз 1400 нафар. Агар фишороварӣ, латту кӯб, шиканҷа, кор гирифтан аз усулҳои ғайриқонунӣ натиҷа медод, магар миқдори суриямерафтаҳо се маротиб меафзуд?! Ин роҳи ҳалли масъала нест.VIDEO
ТОҶИКОН БЕ ОЗОДИИ БАЁН НАМЕТАВОНАНД Озодагон: Дар ин вазъ ҳоли расонаҳо чӣ мешавад? Саймиддин Дӯстов: Расонаҳои Тоҷикистон ҳоло ба ҳайси институти ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши филтри интизориҳои мардум аз ҳукумат ва ҳукумат аз мардумро мебозанд. Фикр мекунам ҳамин гуна мавзеъгирӣ мавзеъгирии созанда аст ва ин ҳам шарти баста нашудан ва пош нахӯрдани ин институтҳо мебошад. Имрӯз бояд расонаҳо интизориҳои мардумро ба ҳукумати иҷроия, ки кулли шохаҳои дигари ҳокимиятро зери тасарруфи худ даровардааст, расонад. Аммо чанд сабаби дигаре ҳаст, ки шумори расонаҳои тоҷикро кам хоҳад кард ва сифати онҳоро тағйир хоҳад дод. Аввал инқилоби технолоҷӣ. Баъд аз ду сол 70-80 дарсади расонаҳои Тоҷикистон баста ва ё бо тироже нашр мешаванд, ки бениҳоят ночиз хоҳад буд. Озодагон: Манзуратон расонаҳои чопӣ аст? Саймиддин Дӯстов: Бале, матбуоти даврӣ. Барои рушди бисёрасонаӣ, ки ҳоло марҳилаи асосӣ ҳисоб мешавад, барои расонае мисли “Озодагон” буҷаи иловагие фарзи мисол ҳудуди 36-48 ҳазор доллар барои як сол зарур аст. Оё сармоягузори “Озодагон”, ки аз ҳисоби маблағҳои худ ин корро мекунад, омода аст, барои пардохти он? Фикр мекунам, барояш бисёр масъалаи мушкил аст. Банда ҳам фикр мекунам, ки барои нигоҳ доштани бахши русии расона, ки ҳудуди 18-20 ҳазор доллар зарур аст, масраф кунем ё на? Оё барои рушд додани чандрасонаӣ буҷаи иловагии то 40 ҳазор долларӣ ихтисос бидиҳем ё на? Ин ҳама вобаста аст ба ин ки ин мардум боз мехоҳанд ин рисолати худро давом бидиҳанд ё не? Агар ҷомеаи Тоҷикистон, қишри бедори он хоҳанд, ки ин институтҳо ҳифз шаванд, бояд бо расонаҳо бошанд. Аз ин ки инҳо бо қиммати 2 сомонӣ як нашрия мехаранд барои онҳо чизе нест, вале барои як нафар ношир, барои як соҳибрасона ин масъалаи хеле ҳам муҳим аст. Ман фикр мекунам, таҳдиду хатарҳои басташавӣ дар ҳоли ҳозир вуҷуд доранд ва агар ҳизби “бошаҳои ҷангӣ” дар атрофи раисҷумҳур ғалаба кунад, расонаҳо дар ду се соли наздик аз байн мераванд. Инҷо мемонанд расонаҳои давлатие, ки бо теъдоди умумии 250 ҳазор адад нашр мешаванд, вале онҳо наметавонанд дар бозори озод 500 донаро фурӯшанд. Бо ин ҳол мешавад Курёи Шимолӣ. Вале агар атрофи раисҷумҳур “Ҳизби рушд” -- тарафдорони рушди миллӣ ва ҳифзи субот ғалаба кунанд, расонаҳо тақвият хоҳанд ёфт. Дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2009 созмонҳои байналмилалӣ дигар барои расона ва нашрияҳои хусусӣ пул намедиҳанд. Замоне ки ин муҳит русӣ буд, онҳо озмунҳои гуногун баргузор мекарданд ва соле ҳудуди як миллион доллар ихтисос медоданд. Вале ҳоло нест, чаро? Имрӯз даҳгонаи расонаҳои мустақили Тоҷикистон расонаҳое ҳастанд, ки дар иерархияи мустақилиятҳо мустақиланд. Аз ҳукумати Тоҷикистон, аз рекломдиҳандагони бузург дуранд, яъне, мустақиланд. Аз аҳзоби сиёсӣ канорагирӣ мекунанд, аз шахсиятҳои сиёсии қудратталаб дурӣ меҷӯянд. Яъне онҳо институтҳое ҳастанд, ки истиқлоли худро то ҷойе ҳифз мекунанд. Барои рушди миллии мо яке аз шартҳои асосӣ ин аст, ки озодии баён таъмин бошад. Фикр мекунам тоҷикон бе озодии баён наметавонанд. Вале агар ҳизби “бошаҳои ҷангӣ” ғалаба кунаду расонаҳо аз байн бираванд, мутмаинан метавон гуфт, ки баъд аз 5-6 моҳ бори аввал дар Тоҷикистон журналистика ва адабиёти муқовимат пайдо хоҳад шуд. Мухолифини берун аз низом, ки ҳоло дар хориҷ ба сар мебаранд дар ихтиёри худ ҳудуи 80-100 нафар аз мағзҳои беҳтарини тоҷикро хоҳанд дошт. Ва бо ихтисос додани буҷаҳои камтарин нерӯи онҳоро метавонанд бар зидди ҳукумати феълӣ истифода баранд. Ҳато гуруҳҳои иртиҷоӣ метавонад аз инҳо истифода кунанд. Озодагон: Яъне, вазъе ки имрӯз ба вуҷуд омадааст ва тавре Шумо мегӯйед агар ҳизби “бошаҳои ҷангӣ” пирӯз шавад, ба манфиати давлатдорӣ ва ҳукумат ҳам нест. Аммо замоне ки ману Шумо дар бораи ин вазъ суҳбат мекунем, баъзе аз мунтақидони расонаҳо мегӯянд, вазъ дар дохили худи расонаҳо ҳам бисёр хуб нест. Ба иддаои як гуруҳ мунтақидон, соҳибрасонаҳои мо нафарони муомилагар ҳастанд, ки ё бо мақомот муомила менамоянд ва ё ҳадафҳои тиҷоративу сиёсии худро вориди фаъолияти касбии расонаҳояшон мекунанд ва ҳамин тавр фаъолияти касбии расонаҳо халалдор мешавад. Ба ин чӣ назар доред? Саймиддин Дӯстов: Дар расонаҳо ҳам одамон кор мекунанд ва аз ҳамин гӯшаву канори диёри мову шумоянд. Табиист, ки ҳамин муҳит наметавонад ба онҳо таъсир нарасонад. Мутаассифона дар низоми Тоҷикистон, дар тарзи давлатдорие, ки мо ҳоло дорем имтиёзталабӣ ва имтиёз додан яке аз вижагиҳои ҳукумат аст. Ҳукумат бо гуруҳҳо ва қишрҳои муайян бозиҳое мекунад. Гуруҳе аз соҳибрасонаҳоро ҳамроҳи раисҷумҳур ба сафар мебаранд ва гуруҳи дигарҳоро дур нигоҳ медоранд. Як қисмро ба ҷашни Наврӯз даъват мекунанд, қисми дигарро не. Шахсе агар аз онҳо интиқод кард ба чорабиниҳои ҳукуматӣ даъват намекунанд. Ин яке аз сиёсатҳои ҳукумати феълӣ шудааст.Озодагон: Сиёсати дуруст аст ё нодуруст? Саймиддин Дӯстов: Куллан нодуруст аст. Агар мо як миллати воҳидем, агар ин давлатдории миллии Тоҷикистон аст, пас муносибат бо ҳама бояд дар доираи қонун ва ахлоқ сурат бигирад, на дар доираи имтиёз додану ба худ дуру наздик кардан. Албатта мунаққидон хубтар медонанд, ки кадом соҳибрасона ва редаксияҳо чӣ гуна сиёсати редаксионӣ доранд. Вале фикр мекунам, ҳеч кореро барои як муҳлати бардавом аз хонанда ва мунаққидон пинҳон карда намешавад.ИДОМАИ БАҲСИ БЕШТАР ҲАМИНҶОСТ, НОХУН БИЗАНЕД