Бахшҳо
26 фев 2016 14:24Тоҷикистон / Сиёсат

Сарбози содиқи Ватан ва раиси амнияти ҳукумати конститутсионӣ (БАХШИ 2)

Нуралӣ ДАВЛАТ

Сайдамир Зуҳуров, яке аз пояҳои асосии ҳукумати кунунӣ дар тӯли якуним даҳаи гузашта дар арафаи 65-солагиаш ба истеъфо рафт. Ӯ дар як суҳбат гуфт, аз ин ба баъд ба тарбияи набераҳояш машғул мешавад.


АВВАЛАШ

БЕДОДГАРИҲО ДАР ДУШАНБЕ

2 декабри соли 1992 иҷлосияи Шӯрои олӣ дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд кори худро ба анҷом расонд. Ҳукумати конститутсионӣ ё ҳукумати қонунӣ бо роҳбарии Абдумалик Абдуллоҷонов пурра ташкил ёфт ва акнун бояд фаъолияти худро шурӯъ мекард. Аммо масъалаи ба Душанбе омадани роҳбарияти ҳукумат ба таъхир афтод. Қаблан гуфта мешуд, ки нахустин намояндагони ҳукумати нав ба пойтахт рӯзи 10 декабр аз се ҷониб бо техникаи вазнин вориди пойтахт шудаанд. Роҳбарии яке аз ин гуруҳҳоро Ёқуб Салимов, вазири корҳои дохилӣ, ки дар иҷлосияи Шӯрои олӣ ба ин вазифа таъин шуда буд, ба дӯш доштааст. Ӯ нахустин нафаре буд, ки тавассути телевизиони тоҷик ҳамон шаб аз ворид шудани неруҳои ҳукумати конститутсионӣ хабар дод. Аммо солҳо баъд Сайдамир Зуҳуров зимни як мусоҳиба изҳор дошт, ӯ ҳанӯз рӯзи 4 декабр, яъне, баъди як рӯзи анҷоми иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ ба Душанбе омада, роҳбарии Кумитаи амнияти миллиро ба дӯши худ гирифт. «Ман рӯзи 4 декабр ба пойтахт омадам. Шаҳр холиву ором буд. Ягон корхона кор намекард, ҳатто сохторҳои давлатӣ. Хӯрокворӣ набуд, нақлиёт ҳаракат намекард. Мо таъмини нонро ба роҳ мондем»,-гуфта буд С. Зуҳуров ба ҳафтаномаи «Азия-плюс».

Аслан вазъияти шаҳри Душанбе баъди ҳодисаҳои 5 май ноором гардида буд. Баъди истеъфои президент Набиев сокинони пойтахтро дар ташвиш буданд, зеро хатари ҷанг ба хубӣ эҳсос мешуд. Вазъи шаҳри Душанбе рӯз ба рӯз муташанниҷтар шудан гирифт. Дар моҳи октябр «боевикҳо»-и мулло Абдуғаффор як гуруҳи хонандагони русзабони мактаби миёнаи №8-ро гаравгон гирифтанд. Дуруст аст, ки баъди таҳдиди генерал Ашӯров, фармондеҳи дивизияи 210-ум онҳо пас аз чанд соат озод гардиданд, аммо дигар тарсу ҳарос сокинонро тарк намекард. Ин нигаронӣ баъди ҳамлаи собиқ раиси Шӯрои олӣ С. Кенҷаев ба шаҳри Душанбе ба маротиб афзуд. Террори физикиву маънавии шаҳрвандоне, ки аз ҳаммаҳалҳояшон мухолифи оппозитсия буданд, рӯз ба рӯз афзудан гирифт. Алалхусус вазъияти касоне, ки аз собиқ вилояти Кӯлоб буданд, бад шуд. Ба ҳамин хотир, Исматча ё Исмат Тӯрахонов аз тамоми сокинони ин минтақа даъват ба амал овард, то Душанберо бо ҳар роҳе, ки бошад, тарк кунанд, зеро хатари қатли омми эшон ба миён омадааст.

Шикасти мухолифин дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ ин хатарро афзуд, алалхусус баъди он ки Армияи халқӣ-демократӣ, ки онро оппозитсия дар пойтахт таъсис дода буд, эълон дошт, ҳукумати тозатаъсисшударо эътироф намекунад, бинобар ин, ҳозир аст, муборизаи мусаллаҳонаи худро идома диҳад. Русия дар симои генерал-полковник Воробев, ки чанд моҳ боз дар Душанбе буд, аз ин роҳбарони армия талаб кард, ки аз Душанбе хориҷ шаванд ва бо неруҳои ҳукумати тозатаъсис дар шаҳри Душанбе даргири ҷанг нашаванд, зеро дар ин сурат Душанбе ба Кобул мубаддал мегардад ва русҳои зиёде, ки дар пойтахт зиндагӣ мекарданд, қурбон мешаванд. Ба ҳамин хотир, Артиши халқӣ-демократӣ неруҳои худро ба самти Кофарниҳон ақиб кашид ва рӯзи 10 декабр, вақте неруҳои ҳукумати нав вориди Душанбе шуд, танҳо задухӯрд дар километри 9-ум сурат гирифт ва 10 нафар кормандони ВКД ба ҳалокат расиданд.

ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ КАМ

Ворид шудани неруҳои ҳукумати нав ба зудӣ вазъиятро муътадил гардонда натавонист. Чунон ки баъдҳо С. Зуҳуров эътироф мекунад, ҳарду ҷониб бедодгарӣ мекарданд. Афзун бар ин, боз гуруҳҳои ҷинояткоре буданд, ки баромадашон маълум набуд ва ё худро аъзоёни Фронти халқӣ эълон дошта, мардумро азият медоданд. Ба қавли ӯ, яке аз чунин гуруҳҳо дар минтақаи Яккачинор фаъолият дошт. Аммо мушкилот на танҳо дар пойтахт, балки дар худи Кумитаи амнияти миллӣ, ки роҳбарии онро дар иҷлосияи Шӯрои олӣ ба дӯши С. Зуҳуров вогузошта буданд, вуҷуд дошт. Мавсуф дар ин бора зимин мусоҳибае бо Радиои Озодӣ чанд сол қабл чунин гуфта буд: «Дарвоқеъ, он замон ин идора бо мушкилиҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ шуда буд. Якум ин, ки ҳайати кории ин идора то ба сатҳи бист дарсад поин омада, 80 дарсад холӣ шуда буд. Зеро дар замони Шӯравӣ ба ин идора аксаран мутахассисини русзабон ва ғайрибумӣ ҷалб мешуданд. Бо шурӯи нооромиҳо, шумори зиёди онҳо тарки Тоҷикистон карданд».

Аммо чунон ки С. Зуҳуров иброз медорад, ҳамин бист дарсад низ ба ду гуруҳ тақсим шуданд, бинобар ин, як теъдод кормандони гӯиё ба ном тарафдорони Фронти халқӣ ва як қисми дигар, агарчанде ки шояд дар дил чунин ният надоштанд, лекин зоҳиран онҳоро тарафдорони мухолифин эълон карда буданд. Солҳо баъд С. Зуҳуров ин шабурӯзҳоро ба хотир оварда мегӯяд, ҳолатҳое мешуд, ки тарафдорони ҳукумати нав ба сари қудратомада ба наздаш медаромаданду ултиматум мегузоштанд, ки нисбат ба он гуруҳ ягон чораи қатъӣ андешад. «Ҳамин тариқ, соатҳои тӯлонӣ бо онҳо суҳбат карда мефаҳмонд, ки ин ҳолатҳо муваққатӣ аст, дасти душман дар миён аст, шумо солҳои зиёд бо ҳам кор кардаед, якдигарро эҳтиром кунед»,-зикр мекунад собиқ раиси КАМ. Ӯ дар идома афзуда, «соатҳои 2 ва 3-и шаб ин гуруҳро ҷавоб медодам ва он гуруҳро даъват мекардам. Таъкид менамудам, ки эҳтиёткор бошанд, бидуни иҷозаи ман ба ҷое нараванд ва маҳалли корро тарк накунанд, то нохалафе бадкорӣ накунад».

С. Зуҳуров дар ин мусоҳиба бо Радиои Озодӣ эътироф мекунад, ки оқибат эҳсос мекунад, ҳамаи онҳоро ҳимоя карда наметавонад, ҳарчанд хеле аз онҳо ягон гуноҳ ҳам надоштанд. Ба андешаи ӯ, замона ҳамин минвол буд, бинобар ин, бовариву эътимоди байниҳамдигарӣ дар миёни кормандони КАМ аз байн рафта буд, аз ин рӯ барои бархе аз онҳо рухсатии бемузд медиҳад. Ин рухсатӣ барои як теъдод 4 моҳ, барои теъдоди дигар 6 моҳу 7 моҳ муқаррар мешавад. Яъне, то замони ба эътидол омадани вазъият дар дохили коллективи КАМ. «Бачаҳои Бадахшон ва бачаҳои Қаротегинро гуфтам, ки як муддат, то ором шудан ба зодгоҳҳоятон равед. Вале онҳо дар он ҷоҳо низ вазифаҳои худро анҷом медоданд»,-мегӯяд С. Зуҳуров.

Ҳамин тариқ, дар шароите, ки ҳоло вазъият дар пойтахт муташанниҷ боқӣ мемонд, гуруҳҳои манфиатдор сокинонро террору ғорат мекарданд, аммо Зуҳуров бояд дар баробари мубориза барои таъмини амнияти ҷумҳурӣ бояд мушкилоти беэътимодиро дар миёни кормандони КАМ аз байн мебурд. Дертар ин коргарон бармегарданд ва боз ҳамон коллектив ташкил меёбад ва ба як ҳайати бисёр хуб мубаддал мегардад. «Якдигарфаҳмӣ, дасти якдигарро гирифтан, шонаи якдигарро эҳсос кардан дар рӯзҳои вазнин ба вуҷуд омад ва то имрӯз ҳам онҳо якҷо ҳастанд, ки ман ифтихор мекунам», -таъкид медорад С. Зуҳуров дар ин мусоҳибае, ки чанд сол қабл сурат гирифта буд.

НАҶОТИ ШОИРА ГУЛРУХСОР

Дар ибтидои соли 1993 Гулрухсор Сафиева, ки дар майдони Озодӣ ба муқобили табаддулоти Набиеву Кенҷаев моҳи сентябри соли 1991 гуруснанишинӣ карда буд, ба ёди фармондеҳи Фронти халқӣ Файзалӣ Саидов меояд ва мавсуф як гуруҳро барои овардани шоира ба Душанбе равон мекунад. Чизи ҳайратовар ин аст, ки ҳатто баъди сипарӣ шудани наздики 20 сол шоира номи ин размандагони Файзалӣ Саидовро дар ёд доштааст. Чунон ки баъдҳо худи Гулрухсор дар як мусоҳиба бо радиои Озодӣ қисса мекунад, инҳо Абдусалом, Ҷумъахон ва Қурбону Хоҷаназар ном доштаанд. Ӯ мегӯяд, ки инҳо чунон гуруҳи байналмилалие буданд, ки ҳар кадоме намояндаи як миллат буд: «Аҷиб. Хонаи мо дутабақа аст. Инҳо аз табақаи якум ворид шуданд. Чӣ хел онҳо ворид шуданд, ин барои ман то ҳол афсона аст. Аз он қадар ҷои танг. Онҳое, ки ворид шуданд, бо автомат, таппонча ва грантомет ворид шуда буданд. Вақте ворид шуданд, диданд, ки танҳоям. Гулрухсор мегӯяд, ки баъдҳо дар яке аз китобяҳояш менависад, ки вақте қотилони ман дар рӯбарӯям бо силоҳ қарор гирифтанд, ҳеҷ кас мисли ӯ бо Худо наздик набуд».

Ӯ меафзояд, «ман чашмони Худоро медидам. Қудрате, ки Худо барои ман дод, ин буд, ба ҷои он ки аз онҳо тарсам, ба таҳқир кардани онҳо сар кардам. Ба онҳо гуфтам, ки як сӯзан наовардед бо худатон.
-Гуфтанд, ки чаро? Гуфтам, барои куштани ман, барои куштани як зан. Барои куштани як инсон як сӯзан кифоя буд».

Гулрухсор ба онҳое, ки барои бурданаш омада буданд, то ки бо фармони Файзалӣ Саидов кушта шавад, шири гарм меорад. Ба гуфтаи шоира, он вақт Низорамо Зарипова ба кӯмак мерасад. Н. Зарипова, ки аслан кӯлобӣ буд ва дар мансабҳои баланди ҷумҳурӣ фаъолият карда буд, дар нафақа буд. Ӯ бо боевикҳо сӯҳбат карда дарк мекунад, ки боевикҳо илоҷе надоранд ба ҷуз иҷро кардани фармони Файзалӣ Саидов. Ба ин хотир ӯ ба хона рафта аз онҷо ба яке аз афроди бонуфузи Фронти халқӣ, ки муовини сардори давлат ҳисоб меёфт, Абдумаҷид Достиев занг мезанад. Достиев, ки чанд ҳафта қабл тавассути телевизион расман эълон дошта буд, ки ба террор роҳ намедиҳад, раиси КАМ С. Зуҳуровро дар ҷараён мегузорад ва номбурда барои халос кардани Гулрухсор чораҳои фаврӣ меандешад. Раиси КАМ ба Суҳроб Раҳимов, яке аз тобеонаш супориш медиҳад, ки бо кадом роҳе, ки бошад шоираро аз дасти боевикҳои Файзалӣ Саидов халос карда, ба наздаш биорад. Вақте ки Суҳроб Раҳимов меояд, аз миёни боевикҳо Қурбонро мешиносад. Инро ҳам бояд тазаккур бидиҳам, ки ҳам Қурбон ва ҳам Суҳроб ҳамсинфони нигорандаи ин сатрҳо ҳастанд ва мо 10 сол ҳамроҳ хондаем ва идомаи қисса аз забони ҳардуи онҳост.

Қурбон, чунон ки худаш солҳо баъд қисса кард, бо Гулрухсор бархӯрди бад накарда буданд. Ҳамин тариқ, Суҳроб Қурбонро шинохта, ба ӯ мегӯяд, ки раиси КАМ ба Гулрухсор кор доштааст, бинобар ин, биёед аввал ӯро ба КАМ барем, баъд шумо гирифта назди Файзалӣ Саидов баред. Қурбон розӣ мешавад. Шоираро Суҳроб ба бинои КАМ медарораду як вақт берун баромада, мегӯяд, ки Гулрухсор ба КАМ даркор аст. Вақте ки Қурбону ҳамроҳонаш ба назди Файзалӣ бармегарданд, барои иҷро накардани супориши махсусан муҳим, яъне овардани Гулрухсор ба назди ӯ ҳақорату дашномҳои зиёд аз Файзалӣ мешунаванд. Ба қавли шоира, вақте ки онҳо ба назди Зуҳуров меоянд, Зуҳуров ҳамроҳи Достиев ӯро ба хонааш бармегардонанд. Чунон ки дар ин мусоҳиба бо Радиои Озодӣ Гулрухсор мегӯяд, агар Зуҳуров раиси КАМ ва баъдан вазири амнияти миллӣ намебуд, нисфи бачаҳои бегуноҳро мекуштанд.

(идома дорад)
Мӯҳр
мехмон
Фикр мекунед , ки хамаи мансабдорони даври чанг хунхор ё дарранда буданд ? Не! Сайдамир Зухуров шахсияти бехтарин ва сарбози кадри хаст. Кирдори нек дошт, ки аз хар ду тараф , хам хукумат ва хам оппозиция хурматаш мекарданд. Хатто боре ба Дасти бародарон Содировхо хам афтида буд. Масъуд халосаш кард.

Бетараф
Марди наҷиб аст ин Зуҳуров!!

мирзо
Дар хакикат Сайдамир Зухуров шахсияти бузурги миллати точик аст. Ба рости бандаро боре хам надидам ва сухбате хам надоштам . Шунидам ки бисьёр нафари окилу боодобу одди хаст. лекин бо вучуди хамма чоннисори миллату ватан буданашро дар сулху субботи точикон чун оина нишон дод. зинда боши Зухурзода. мо аз шумо ифтихор дорем. Кош дар як 20-сола ё 30-сола монанди шумо модари точик ба дунё биёрад.

Дар хакикат Сайдамир Зухуров шахсияти бузурги миллати точик аст. Ба рости бандаро боре хам надидам ва сухбате хам надоштам . Шунидам ки бисьёр нафари окилу боодобу одди хаст. лекин бо вучуди хамма чоннисори миллату ватан буданашро дар сулху субботи точикон чун оина нишон дод. зинда боши Зухурзода. мо аз шумо ифтихор дорем. Кош дар як 20-сола ё 30-сола монанди шумо модари точик ба дунё биёрад.

Ихо хамаш ай як хоканд. Пир ки шудй вазифата мееегиранд...

Сайдамир Зухуров марди тозакор,сахтгир нисбати зердастон, конун ва хакикатпараст,дардкунанда холи одамон,мардум. Гуфти шоир Ту,ки аз гами одами бехабари, нашояд ном монд туро одами. Шахсест,ки гам,камбуди ,норасогии хамаро аз худ медонад. Агар дасташ мерасид хама мардум Точикистонро ёри мекард. Точики асиле,ки бо хама забон меёбад,касеро хафа кардан намехохад. Зидди махалгароён, миллатбадбинандагон,ифротгароён,чангчуён,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)