Мулло Абдураҳим аз “Ҳақиқати воқеаҳои солҳои 90-ум” мегӯяд
Абдураҳим Каримов, маъруф ба Мулло Абдураҳим меҳмони маҳфили навбатии “Гуфтугӯи тамаддунҳо”-и проффесор Иброҳим Усмонов хоҳад буд.
Тавре аз Фонди “Гуфтугӯи тамаддунҳо” хабар доданд, Мулло Абдураҳим дар ин маҳфил, ки 25 феврали соли 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, дар мавзӯи “Ҳақиқати воқеаҳои солҳои 90-ум” суҳбат хоҳад кард.
Номи Муло Абдураҳим баъди он расонаӣ шуд, ки рӯзи чоруми июли соли 2013 дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имомхатибон Ҳизби наҳзати исломиро омили аслии ҷанги шаҳрвандӣ хонд. Оқои Абдураҳим аз он изҳори надомату пушаймонӣ кард, ки дар вақташ нафаҳмида, бо исломиҳо пайвастааст. "...Чи хеле ки Шумо гуфтед, Ҷаноби Олӣ, ман асосгузори Ҳизби наҳзати исломӣ дар собиқ вилояти Кӯлоб будам. Хато кардем. Аз ин мардуми бофарҳанг ва олиму уламо, аҳли зиё илтимос мекунам, ки ҳамон тавре ки мо хато кардем, дигар ба хатоӣ роҳ надиҳанд",-таъкид дошт ӯ.
Абдураҳим Каримов дар гузашта намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Кӯлоб буд. Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ба Афғонистон паноҳ бурда, баъд аз имзои Созишномаи сулҳ дар ҳайати сидарсадӣ вориди ҳукумат шуд ва муддате раёсати Кумитаи гумрукро бар уҳда дошт. Ҳоло декани факултаи филологияи шарқи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |