Изҳороти созмонҳои журналистӣ: Тарҳи нави қонун кӯшиши ҷомаи қонунӣ пӯшонидан ба сензура мебошад
Созмонҳои журналистии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” изҳори нигаронӣ карда, онро маҳдуд кардани озодии баён дар Тоҷикистон унвон кардаанд.
Матни комили ин изҳорот, ки зери он Зиннатуллоҳи Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистон, Нуриддин Қаршибоев, раиси Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақил, Хуршедҷон Ниёзов, раиси Шӯрои воситаҳои ахбори омма ва Шаҳло Акобирова, раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” имзо гузоштаанд пешниҳоди хонанда мегардад:
Ҷомеаи журналистии Тоҷикистон аз пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шудааст, изҳори нигаронӣ менамояд. Дар тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда аз љумла омадааст: «Агар дар мӯҳлати муайяншуда қонуншиканиҳое, ки асоси баровардани амри хаттӣ ё огоҳиномаи хаттӣ гаштаанд, бартараф карда нашаванд, Прокурори генералии Љумҳурии Тољикистон ё прокурорҳои тобеи ӯ метавонанд ба мақоми ваколатдори баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма дар хусуси боздоштани фаъолияти воситаҳои ахбори омма бо ариза муроҷиат намоянд. Дар ин маврид мақоми ваколатдори баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ дорад фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро ба мӯҳлати то се моҳ боздорад» (тағйирот ба моддаи 12-1, банди 3)
Ин тағйирот маҳдуд кардани озодии баён дар Тоҷикистон мебошад, зеро ба мақомоти баҳисобгирии ВАО ва прокуратура имкони манъ кардани фаъолияти дилхоҳ расонаҳоро дода, амалан пиёдагардонии тартиби ғайрисудии манъи кору фаъолияти ВАО аст.
Тарҳи мазкур кӯшиши ҷомаи қонунӣ пӯшонидан ба сензура мебошад, ки хилофи Сарқонуни ҶТ аст. Тартиби боздошти фаъолияти расонаҳое, ки меъёрҳои ҳуқуқиро риоя намекунанд, дар қонунгузории ҷорӣ равшану фаҳмо оварда шудааст ва ҳеҷ зарурате ба тағйирот надорад.
Дар сурати қабул шудан тарҳи мазкур зарбаи сахте ба матбуоти миллӣ гашта, рақобатпазирии расонаҳоро коҳиш дода, заминаи мусоидеро барои ғасби фазои иттилотии Тоҷикистон аз ҷониби расонахои хориҷӣ дар марҳилаи ҳассоси мухолифатҳои минтақавию ҷаҳонӣ фароҳам меорад. Чунин бархурд амнияти иттилотии кишварро зери суол бурда, ҳуқуқи мардуми Тоҷикистонро ба иттилоот ва озодии баён поймол мекунад. Ба хотири ҳифзи меъёрҳои Сарқонуни ҶТ аз Ҳукумати ҶТ ва Маҷлиси Олии ҶТ дархост менамоем, ки аз қабули тағйироти пешниҳодшуда, худдорӣ намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |