"Нота"-и Душанбе ба Эрон: Даъвати Кабирӣ хилофи дӯстист
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 29 декабр бо нишони эътироз аз иштироки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар конфронси "Ваҳдати исломӣ" дар Теҳрон ба сафири Эрон дар Тоҷикистон -- Ҳуҷҷатуллоҳ Фиғонӣ ёддошт супоридааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, дар ёддошт аз ҷумла омадааст: “Вазорат бо камоли таассуф таъкид мекунад, ки ба Конфронс собиқ Раиси Ҳизби ифротгаро ва террористии наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ, ки нисбаташ барои кӯшиши табадулоти давлатӣ ва ғасби ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, айни ҳол ӯ дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дорад, даъват шуда буд. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин амали созмондиҳандагони конфронси мазкурро қобили қабул намедонад ва қотеъона изҳор медорад, ки чунин муносибат ба мухолифони давлат ва миллати Тоҷикистон ба равобити ҳасанаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад халал ворид намояд”.
Рӯзи пеш Кумитаи дини Тоҷикистон бо нашри иттилоияе аз иштироки Кабирӣ дар конфронси “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон изҳорӣ нигаронӣ карда буд.
Конфронси мазкур бо ҳузури раисиҷумҳури Эрон 27 декабр оғоз гардида, то 29 декабр идома меёбад. Дар кори он аз Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Файзулло Баротзода, раҳбари Маркази исломшиносии назди президент, Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва чандеи дигар иштирок мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |