Забеҳулло Шафеъзода, ронандаи 25-солаи таксӣ дар Маскав, ки ҳафтаи гузашта бо накӯкорияш рунетро ба ваҷд овард, маблағҳоеро, ки шаҳрвандон ба суратҳисобаш гузарондаанд, барои табобати Насриддини 2-сола равона кардааст.
Шафеъзода мегӯяд, 7 ҳазору 550 рублро, ки то ҳол ба суратҳисобаш гузаштаанд, барои кӯмак ба Насриддини 2 сола, кӯдаки маризе, ки волидонаш аз ӯ даст кашидаанд, ба фонди “Белла” супоридааст: “Аммо, ҳоло ҳам ба ҳисобам пул мерасад. Ҳар қадар пуле, ки дарёфт мекунам ба бунёди “Бэлла” медиҳам”.
Шафеъзода, сокини деҳаи Марғедари ноҳияи Панҷакент, ки аз соли 2008 дар Маскав ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекунад, ҳафтаи гузашта ҳамёни гумшудаи Алёна Куратова, як зани русро бо пулу кортҳои бонкияш баргардонда, вирди забонҳо шуд. Ӯ мегӯяд, “ман чунин тарбият дидаам, ки ҳар чизи бегонаро, ки пайдо кунам бояд баргардонам. Ин гуна таваҷҷуҳро ҳам мунтазир набудам”.
Худи Алёна Куратова дар сафҳаи “Фейсбук”-и худ навиштааст, баъди гирифтани паёмак, ки “я нашол ваши кашелки, званите” гумон кардам, ки кори қаллобон аст: “Яъне, занг мезанӣ ва аз ҳисобат ҳазор рублро мегиранд. Вақте ба корти бонкии дигарам пайёмак расид ба ин андешидам, ки аз куҷо шумораи кортҳои бонкии маро медонад. Вақте ҳамёнамро суроғ кардам, фаҳмидам, ки бо ҳамаи кортҳои бонкиям ҳамёнамро гум кардаам. Ташаккур аз шумо ҷавоне бо номи Шофеъзода, ки ҳамёни гумшудаи маро то даромадгоҳи хонаам расондӣ. Эътимодамро ба инсоният устувор кардӣ!”
Дар пайи ин паём корбарони интернет як “флешмоб” ба хотири қадрдонии иқдоми Зебеҳулло ташкил карда, дар ҳаҷми 50 ва 100 рубл ба рақами телефонаш маблағ гузарондаанд.
Забеҳулло Шофеъзода дар суҳбат бо расонаҳои Русия гуфтааст, ҳамёнро замоне ёфт, ки мошинро дар канори роҳ нигоҳ дошта, хост вориди мағоза шавад. Чун суроғаю рақами телефони соҳибро дар ҳамён наёфтааст, Шафеъзода барои баргардондани ҳамён аз шеваи дигар кор мегирад. Ӯ ба яке аз кортҳои бонкӣ каме пул интиқол дод ва ҳамроҳ бо он шумораи телефони худро низ ирсол кардааст. Аммо, аз соҳиби корт посухе намегирад. Забеҳулло гуфтааст, ки шояд Алёна, соҳиби ҳамён, фикр карда, ки ӯ як қаллоб бошад ва дубора ба корти дигараш каме пул ҳамроҳ бо шумораи телефон ирсол мекунад.
Ин ҷавони тоҷик мегӯяд, баъди ба шабакаҳои иҷтимоӣ рафтани ин хабар ба ҳисоби бонкии ӯ пул меояд ва паёмҳое бо арзи сипосу ташаккур гирифтааст. Ӯ мегӯяд, ҳанӯз нашумурдааст, ки ба ҳисоби бонкиаш чӣ миқдор пул расидааст, аммо тасмим гирифтааст, ки онро дар роҳи хайр сарф кунад: “Мехоҳам бо Алёна вохурам ва дар мавриди куҷо фиристодани ин пулҳо суҳбат кунем. Фикр мекунам онро ба интернат ё кӯдакистон медиҳам”.
Ҷавони тоҷик афзудааст, ки волидайнаш ҳоло аз ин рафтори ӯ хабар надоранд, аммо, “мутмаинам, ки онҳо хабардор мешаванд ва бо ман ифтихор мекунанд”. Аз намояндагии Тоҷикистон дар Русия ба ӯ занг зада, барои кори хайраш изҳори ташаккур кардаанд. Акси паёмаки Забеҳулло ба Алёна:
Мӯҳр