АКС: ВУД Ҳоҷӣ Ҳалимро дар ташкили "дастаи террористӣ" муттаҳам кард
Вазорати умурои дохилии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот генерал-майор Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини вазири мудофиаи кишварро, ки чанд соати пеш бо қарори ҳукумат аз вазифа барканор шуд, дар ташкили гуруҳи ҷиноӣ ва террористӣ муттаҳам кард.
Ин ниҳод ҳамлаҳои мусаллаҳона ба Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи кишварро кори Назарзода хондааст. Дар изҳороти ВУД, аз ҷумла омадааст, “имрӯз 4-уми сентябри соли 2015, соати 04:28-дақиқа аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ба Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат, инчунин дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи кишвар ҳуҷуми мусаллаҳона доир гардид. Дар натиҷа миқдори зиёди силоҳу муҳиммоти ҷангӣ аз ҷониби ин дастаи террористӣ тасарруф ва рабуда шуд”.
Ба қавли масъулини ВУД, дар пайи ин ҳамлаҳо, 4 корманди Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД (ОМОН) ва 4 корманди Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ба ҳалокат расидаанд. Манбаъ таъкид кардааст, шаш тан аз ҳамлагарон боздошт ва нуҳ тани онҳо кушта шудаанд.
Матни комили изҳороти ВУД:
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби сохторҳои қудратии мамлакат муаяйн гардид, ки дастаи террористӣ аз тарафи генерал-майор Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, собиқ размандаи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон, ки тибқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27-уми июни соли 1997 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида буд, дар асоси нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда ва маслиҳати қаблӣ бо ҳаммаслаконаш роҳандозӣ гардидааст.
Аснои амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷои истиқомат ва корхонаи нонпазии мансуб ба ҳоҷӣ Ҳалим Назаров, ҳамчунон ҳангоми дунболагирии ин дастаи терорристӣ дар мавзеъҳои Марғоби ноҳияи Ваҳдат ва Мағмуруди ноҳияи Рӯдакӣ миқдори зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Ҳангоми содир намудани амалҳои террористӣ ҳоҷӣ Ҳалим Назаров бо роҳи фиреб, сохтакорӣ ва ба иштибоҳ андохтани кормандони Вазорати мудофиа, ҳамчунон аз мансаби муовини Вазири мудофиа сӯистифода кардааст. Ҳоҷӣ Ҳалим Назаров аз аввал то охир дар ин амалиёти террористӣ ширкат варзида, онро шахсан роҳбарӣ намудааст.
Ҳангоми амалиёти махсус аъзоёни дастаи террористӣ - Муродов Сарабек Баротович, соли таваллудаш 1967 зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ғафуров 112, хонаи 47, Ибронов Илҳомиддин Маҳмадулоевич, соли таваллудаш 1972, зодаи ноҳияи Ваҳдат, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Хоҷамбиёи Поён, хонаи 35, Сафаров Собир Каримович, соли таваллудаш 1965, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 28 А., Аюбов Фозил, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Наврӯз, хонаи 4, Холиқов Хуршед Додихудоевич, соли таваллудаш 1976, зодаи шаҳри Қурғонтеппа, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев, Салоев Ҳаёт Амриддинович, соли таваллудаш 1983, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душабе, дастгир карда шуданд. Ҳамчунон дар рафти амалиёт аъзои гурӯҳи террористӣ Абдуллоев Зиёраддин, собиқ размандаи ИНОТ, аъзои ҲНИТ, ки дар асоси Созишномаи Сулҳ ба кор дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардидааст, инчунин ҳашт нафар ҷинояткорони дигар, безарар гардонида шуданд. Як гурӯҳ террористон бо сардории ҳоҷӣ Ҳалим Назаров ба самти дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат фирор намуданд. Кофтукови ҳоҷӣ Ҳалим Назаров ва дигар ҳаммаслакони ӯ бо тамоми роҳу восита аз ҷониби сохторҳои қудратии мамлакат идома дорад.
Нисбати ин ҳодиса аз ҷониби Проркуратури генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишоти пешакӣ идома дорад. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кулли шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар дастгир намуданд ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани дастаи террористии ҳоҷӣ Ҳалим Назаров ба сохторҳои қудратии мамлакат ҳамкории хешро дареғ надоранд.
Аксҳо аз торнамои расмии ВУД
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |