Шикоят аз “ТоҷикЭйр”: “Ҳавопаймои дуруст надорӣ, чаро билет мефурӯшӣ?”
Шуморе аз мусофирони ширкати ҳавопаймоии “ТоҷикЭйр” аз лағви ногаҳонии парвози Душанбе–Бишкек шикоят доранд.
Ба қавли онҳо, ин парвоз қарор буд, соати 11:00-и зуҳри 15 июл тавассути ҳавопаймои ширкати “ТоҷикЭйр” сурат бигирад, аммо бидуни огаҳӣ лағв шудааст. Сафарбек Солеҳ, яке аз мусофирон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, онҳо аз лағви парвози худ танҳо баъди чанд соати интизорӣ дар толори фурудгоҳи Душанбе огаҳ шудаанд.
Ӯ афзуд, “тибқи ҷадвал парвоз соати 11:00 бояд сурат мегирифт. Чанд дафъаи аввал, ки пурсидам, мегуфтанд, баъди 15 дақиқа сабти ном шурӯъ мешавад. Ҳеч сабти номе на соати 9:00, на 10:00 ва на 11:00 оғоз наёфт ва дар таблу ҳам эълон навиштанд, ки парвоз соати 12:00 аст. Аммо ҳамааш дурӯғ буд. Ниҳоят дубора навиштаи парвоз "бекор шуд" дар лавҳаи эълон пайдо гашт”.
Ба қавли ҷаноби Солеҳ, танҳо баъд аз дархости мусофирон, ки шумори онҳо ба 50 нафар мерасид, намояндаи ширкати “ТоҷикЭйр” ҳозир шуда, далели лағви ногаҳонии парвозро ба хароб будани ҳавопаймо рабт додааст: “Мо хоҳиш кардем, намояндаи ширкати “ТоҷикЭйр” биёяду равшанӣ андозад, ки мо ин мушкилро чӣ гуна ҳал кунем. Баъди интизории тӯлонӣ нафаре омад, вақте номашро пурсидам Ҳамитов Абдулло гуфт, хеле бадҷаҳлу дағал эълом дошт, ки ӯ шахсан масъулияте надорад. Ҳавопаймо хароб аст. Билетҳоятонро супоред. На касе маъзарат хост, на касе қаблан ба мусофирон занг заду огоҳ карда буд”.
Дар ҳамин ҳол, Мунаввар Муллочаев, сухангӯи ширкати “ТоҷикЭйр” лағви парвози Душанбе-Бишкекро, ки бояд тавассути ҳавопаймои ин ширкат сурат мегирифт, дар суҳбат бо “Озодагон” тасдиқ карда, онро ба сабабҳои техникӣ ё хароб шудани ҳавопаймо рабт доду гуфт, ҳанӯз замони парвоз маълум нест: “Бо сабабҳои техникӣ лағв шудааст ва ҳоло мутахассисони мо ин масъаларо меомӯзанд”.
Ҷаноби Муллочаев дар мавриди он ки чаро мусофирон қаблан аз ин қазия огаҳ нашуданд, афзуд, “ин мушкил ногаҳонӣ шуд”.
Сафарбек Солеҳ мегӯяд, масъулини ширкат дар ҳоле ба таври ногаҳонӣ аз лағви парвозу харобии ҳавопаймои худ хабар медиҳанд, ки ӯ барои анҷоми сафари кутоҳе мехост, озими шаҳри Бишкек шаваду ҳатто чиптаи бозгаштро низ барои фардо, 16 июл бо худ дошт: “Агар ҳавопаймои дуруст надорӣ, чаро билет мефурӯшӣ?! Хулоса бо тақвими харобшудаи имрӯзӣ аз дасти ин ширкат, ҳама барномаҳои муоинаву табобатиам вайрон шуд. Барои супоридани билети баргаштам, 20 евро ҷарима супурдам. Нақшаи ҳама мусофирон ба ҳам хӯрд. Хулосаам ин аст ки агар шикасту дилсияҳиву озор нахоҳед, бо ин ширкати бемасъулияту бетартибу бефарҳанг ҳеч гох рӯ ба рӯ нашавед”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |