Баҳси ҲНИТ-у мақомот ҷаҳонӣ шуд: Дархости дахолати СММ, Русия, Эрон ва...
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз фишорҳои зиёди мақомоти кишвар ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, роҳбарони кишварҳои кафил ва узви гурӯҳи тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон – Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Ирон, Афғонистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҷумҳуриҳои Туркманистону Қирғизистон номаи шикоятӣ ирсол намуда, хостори мудохилаи онҳо ба вазъияти мавҷуда шудааст.
Абдуқаҳҳори Давалат, узви Раёсати Олии ҲНИТ бо дар ихтиёри “Озодагон”, гузоштани матни муроҷиатнома ба унвони ин созмонҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳо гуфт, ки зуҳри имрӯз, 1-уми июл номаи ҲНИТ ба унвони ниҳоду кишварҳои зикршуда фиристода шудааст. Ба иттилои Абдуқаҳҳори Давлат ин иқдом дар ҷаласаи ахири Рёсати Олии ҲНИТ, ки ба масъалаи тадобири баъдии ҲНИТ барои ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳои мақомот ва бозгашт ба волоият ва эҳтироми Сарқонун бахшида шуда буд, гирифта шудааст.
Раёсати Олии ҲНИТ далели аслии ирсоли номаро ба унвони ин созмонҳо ва кишварҳо “вазъи номуносиби ба вуҷуд омада дар Тоҷикистон, ба хусус, амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ва саркӯбгароёнаи мақомоти Ҳукумати ҶТ нисбати шахсиятҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву мазҳабии мухолиф” унвон кардааст.
Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, ки “18 сол қабл бо миёнҷигарӣ ва сарпарастии СММ ва назорату кафолати кишварҳое, мисли Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Ирон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Туркманистон Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Маскав ба имзо расид, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима бахшид. Тарафҳои сулҳ тавофуқ карданд, ки бо ҳусни эҳтиром ва тафоҳуми ҳамдигар ва риояи қонун як кишвари озоду демократӣ месозанд, ки дар он озодии сухан, виҷдон, интихобот ва имконоту шароити баробари иқтисодиву тиҷоратӣ барои тамоми шаҳрвандон, новобаста аз дину мазҳаб, ҳизбият ва забон фароҳам бошад. Ва ду ҷониби сулҳкунанда ҳамдигарро бахшида, бо зоҳиру ботин ва ақидаҳои хеш якдигарро қабул карданд”.
Раёсати Олии ҲНИТ дар ин муроҷиатнома гуфтааст, ки бо гузашти 18 сол вазъият на танҳо бар хилофи меъёрҳои тавофуқшуда, балки беш аз он бадтар шудааст: “Агарчӣ вайрон кардани бандҳои алоҳидаи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ хеле зуд оғоз гашта буд, вале ҲНИТ ба хотири ҳифзи суботу оромиш ва зери хатар қарор надодани дастоварди бузурги тоҷикон-сулҳу ваҳдат, ҳеч гоҳ ин масоил ва мушкилотро дар сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ матраҳ накард. Баръакс, ҳамеша мардум ва ҷонибдорони худро ба сабру хештандорӣ даъват кардааст, то мушкилот аз тариқи муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳалли худро пайдо намояд”.
Дар ин муроҷиатнома ҲНИТ тарафи дигари сулҳ - Ҳукумати ҶТ-ро “бо сӯистифода аз сабру таҳаммули ҲНИТ ва бетаваҷҷӯҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тақдири минбаъдаи мусолиҳаи миллии тоҷикон ва бо тарс додани мардум аз ҷангу хунрезиҳои нав, сиёсатҳои интиқомҷӯёнаву саркӯбгароёна ва таҳдиду фишорро алайҳи шарики аслии сулҳ” айбдор донистааст.
ҲНИТ гуфтааст, ки бо вуҷуди ин ки тамоми намояндагони ҲНИТ аз сохторҳои давлатӣ ва қонунгузорӣ берун карда шудаанд, мақомот ҳадаф дорад фаъолияти онро қатъ кунанд.
Ин ҳизб иқдомоти мақомоти давлатии Тоҷикистонро мухолиф ба Қонуни асосии ҶТ, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар, хатар ба оромиш ва амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ донистааст. Дар матни нома омадааст, ки “ҳазорҳо нафар аз набудани волоияти қонун, адолат ва имконияти озоди фаъолияти сиёсиву иқтисодӣ ноумед гашта, тарки ватан карданд ва ҳатто иддае ба гурӯҳҳои радикалӣ ҳам пайвастанд. Дар ҳоле, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳҳои мубориза бо терроризм ва ифротгароиро ҷустуҷӯ дорад, мақомоти давлатии Тоҷикистон бо ин гуна сиёсатҳои иштибоҳӣ заминасози пайдоиш ва рушди падидаҳои манфӣ дар кишвар ва минтақа гашта истодаанд”.
ҲНИТ дар ин нома аз нокомии талошҳои худ барои ҳалли қазия аз тариқи роҳҳои муколама ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ёдовар шуда, хостааст, ки созмону кишварҳои кафили сулҳ ба вазъи мавҷуда дахолати мустақим намоянд ва Ҳукумати Тоҷикистонро водор намоянд, ки Конститутсияи ҶТ, қонунҳои кишвар, ҳамчунин ҳусни эҳтиромро ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ зоҳир намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |