Бахшҳо

Ҷарроҳии Сафинаи 10-сола ва миннатдории падараш ба мардуми Тоҷикистон

Ҷарроҳии Сафинаи 10-сола, як сокини ноҳияи Ёвон, ки аз бемории нуқсони дил ранҷ мебурд, санаи 5 июн дар беморхонаи Шаҳраки тиббии Душанбе бомуваффақият анҷом ёфтааст. Дар ин бора Музаффар Табаров, падари Сафина ба “Озодагон” хабар дода, афзуд, саломатии духтараш баъд аз ҷарроҳӣ хуб аст.

Ӯ мегӯяд, имрӯз, 11 июн духтарчааш 10-сола шуд: “Сафинаҷонам имрӯз зодрӯз дорад. Мо дар беморхона мавлуди ӯро таҷлил кардем”.

Ба гуфтаи падари Сафина, барои ҷарроҳии духтараш шаҳрвандони саховатманди кишвар ҳудуди 31ҳазор сомонӣ кӯмак кардаанд. Ӯ афзуд, бар илова дар суратҳисоби духтараш каме маблағ мондааст, ки онро барои идомаи табобати Сафина нигоҳ медорад: “Як қисми ин маблағҳоро барои ҷарроҳии фарзанди Маҳмадалӣ Боев, сокини шаҳри Норак, ки қаблан барои ҷарроҳии писараш -- Ҳусейн аз мардум ва мақомоти кӯмак хоста буд, медиҳам”.

Музаффар Табаров гуфт, аз ҳамаи афроде, ки дар рӯзи сахт ӯ ва наздиконашро дастгирӣ карданд, беандоза миннатдор аст: “Имрӯз бо кумаки шумо духтарчаи ман наҷот ёфт, Худованд давлати шуморо аз ин ҳам зиёда бигардонаду дастатонро кушода. Бори дигар аз самими қалб миннатдории худро ба он нафароне, ки дар рузи сахт бо ман буданд баён мекунам”.

Қаблан, Музаффар Табаров тавассути торнамои “Озодагон” аз мардум ва мақомоти Тоҷикистон дархост кард, то барои наҷоти Сафинаи 9-сола дасти мадад дароз кунанд. Ин сокини ноҳияи Ёвон гуфта буд, духтарчааш гирифтори бемории “нуқсони қалб” буда, ба ҷарроҳии фаврӣ ниёз дорад. Ба гуфти ӯ, барои дарёфти кӯмак ба дастгоҳи Иҷроияи президенту Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ муроҷиат карда, посухе нагирифтааст. Музаффар Табаров афзуд, танҳо ба мардуми саховатманди кишвар умед бастааст.

Ба қавли падари Сафина, 11 сол ба ҳайси омӯзгор кор кард, аммо бо сабаби камии маош, ки ба хӯрду хӯрок ва табобати духтараш намерасид, корро партофту ҳоло дар сохтмонҳо фаъолият мекунад.


Ҷарроҳии Сафинаи 10-сола ва миннатдории падараш ба мардуми Тоҷикистон
Мӯҳр
bivarkuned vakte in xabrro xondam ashkonam jorishud mo tojikbudani xudro isbot kardem ana in ast millati tojik imruz hukumatdoroni mo nouhdaboii xudro dar gardani millati bor mekunand tojiki mo intavr ontavr meguyand. az in hukumat ba millat hej foidae nest hukumatdoroni mo agar tojik mebudandu kalbi insoni medoshtand ba in kumak mekardand ammo nakardand man namedonam onho xudro tojik megirandu ammo hej bovaram nameoyad ana tojikro bined millatro shinosed agarchi kashokam boshad millat dasti xayr dorad man az tojik budanam iftixor mekunam agarchi in hukumat moro ravshanu jamshud kard ammo agar in hukumatdoron mardshuda hukumatro ba tojikoni vatandustu bo ilm suporand in dogho dar 2sol toza xohadshud va mo toji az dastraftaamonro boz ba sar xohem kard ana in ast millati tojik Xudovand nigahboni hammai moboshad millati azizu giromii tojik

Хурсанд шудам
Бовар кунед ашк чашмам чори шуд пас аз хондани ин матн ба хусус вактеки хондам ки имруз Сафина зодруз доштааст. Худованд ба у умри дубораро тавассути мардони саховатманд бахшидааст. Бароят умри дароз хохонам САФИНА!!!


Табрик ва саломати хохонам хохарак

беназир
Мухочир, шумо бехуда хукуматдоронро танкид ва таъна накунед. Ман яке аз хамон хукуматдоронам, ки мурочиати падари Сафинаро дида ба онхо кумаки ночизе худамро дарег надоштам. Аробаи холиро гирифта давидан даркор нест. Хукумат дар фикри хаматон хаст, бовар кунед. Барои Сафиначон бошад умри дароз хохонам.

Марвачон
Бародар табрик рости хурсанд шудем худованд умри ин хохаро дароз гардонад.дар кадом бемор хона хозир бошад ин хохар?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)