Азизи НАҚИБЗОД
Ҳамаи кишварҳо танҳо бо роҳи ислоҳот ва барномарезиҳо дар асоси илм рушд кардаву мекунанд. Дигар роҳе вуҷуд надошту надорад. Ҳар рӯз ба саҳифаҳои рӯзномаҳо ва хабаргузориҳо ба умед менигарам, то хабаре аз барномаҳои тозае пайдо намоям, ки сабаби расидан ба рушди ин ё он соҳа гардад. Аммо ҷои афсӯс аст, ки ҷуз ҳарфҳои забонзадву ғояҳои пешина ва усулҳои куҳна хабаре аз ҷониби мақомдорон намерасад.
Ҳар гоҳ, ки иддае аз мансабдоронро аз вазифа сабукдӯш мекунанд, кас умевор мегардад, ки ҳукумати Тоҷикистон даст ба ислоҳоти кадрӣ задааст. Вале дар муддати як-ду моҳ ҳамаи сабукдӯшшудаҳо соҳиби курсӣ дар ниҳоди дигар мешаванд. Мантиқи ин корро агар шахсони масъул нафаҳманд, каси дигар ба даркаш қодир нест. Барномаҳои ислоҳотие ҳам, ки гоҳу ногоҳ дар ину он бахш рӯи даст гирифта мешаванд дар аксар ҳолат рӯи варақ мемонанд ё комёб намегарданд.
Вақте овоза шуд, ки Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз вазифаи раиси шаҳри Душанбе мегиранд, аксарият аз ин хабар ғамгин шуданд. На ба хотири инки Убайдуллоев кадри ивазнашаванда аст, балки аз тарси онки Худо накарда ба ҷояш шахси ноуҳдабарое ё нолоиқе гузошта шавад. Ва охирин хабаре ҳам, ки ҳоло хондам ба шаҳрдорӣ ва Убайдуллоев рабт дорад. Тибқи ин хабар раиси шаҳри Душанбе Убайдулло Раҷабовро коргардони намоише бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар пойтахт таъин карда, ӯро вазифадор кардааст, ки иштироки беҳтарин санъаткоронро баҳри баргузории чорабинии идона дар шаршараи Боғи “Наврӯзгоҳи пойтахт” таъмин намояд. Мувофиқи ин қарор, инчунин дар рӯзи Ваҳдат давоми 5 дақиқа оташбозии идона (фейерверк), тӯйи арӯсии 25 ҷуфт ҷавон ва хатнасури 100 кӯдак дар назар аст. Тибқи ин нақша дар баробари ороиши зоҳирии шаҳр инчунин дастур дода шудааст, ки 200 духтар бо либоси миллӣ ва рамзи Тоҷикистон барои истиқболи меҳмонони олиқадр дар назди шаршараи “Наврӯзгоҳи пойтахт” таъмин шаванд. Яке аз бандҳои ин нақша инчунин “таъмини 100 духтар бо сару либоси мӯди навин” будааст.
Ин чӣ маъно дорад? Боз ҳамун амалҳо, усулҳои кӯҳна. Боз хатнасур, боз саргардон кардани духтарони мардум. Боз рақсу суруд...
Чаро барои устувории ваҳдат намеандешем? Чаро барномае ба миён наорем, ки сабаби баҳамоии воқеии миллат гардад? Агар рақсу суруд моро ба ҳам муттаҳид мекард, имрӯз аз мо миллати воҳидтаре дар ҳич гӯшаи ҷаҳон пайдо намешуд. Ҳар сол ин корро такрор мекунем. Ҳар сол духтарони донишҷӯву толибилми макотибро овора мекунем, вале чӣ натиҷа овард? Магар сарҷамътар шудем? Ин ҳама ба хотири чист?
Барои ҳамаи ин вақту маблағ сарф мешавад. Вақту маблағро барои корҳое, ки натиҷааш ҳеч аст, харҷ намудан кори оқилона наменамояд.
Аз ин ҳам бигзарем, дигар вақте расида, ки бояд фикрҳову усулҳои кӯҳнаро дар ҳама бахшҳо аз сар дур кунем.
Барои ба тарзи нав зистан андешаи нав мебояд!