Боздошти Шамсиеви хурдӣ дар Амрико аз сӯи Интерпол (АКС)
Парвиз Шамсиев, шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон бо дархости мақомоти тоҷик аз ҷониби Интерпол охири ҳафтаи гузашта дар штати Вирҷинияи Иёлоти муттаҳидаи Амрико боздошт шудааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” ҷавонони тоҷики муқими Амрико иттилоъ дода, афзуданд, ки ҷониби Тоҷикистон Парвиз Шамсиев ва падараш- Алишер Шамсиевро дар кофтукоби байналмилалӣ қарор додааст.
Дар эълоне, ки сомонаи “Интерпол” дар бораи падару писар нашр кардааст, гуфта мешавад, Парвиз Шамсиев, зодаи шаҳри Душанбе, 22 сол дошта, донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад. Ӯ аз ҷониби мақомоти тоҷик дар қаллобӣ муттаҳам мешавад. Мақомоти Тоҷикистон инчунин Алишер Шамсиеви 49-сола, падари Парвизро дар кофтукоби байналмилалӣ қарор дода, ӯро низ дар қаллобӣ муттаҳам мекунанд. Аммо феълан ҷузъиёти иттиҳомот алайҳи Шамсиевҳо маълум нест ва бо дастрас шудани иттилои бештар “Озодагон” онро пешкаши хонандагон хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |