Боздошти писари тақаллубии Президент аз сӯи ниҳоди Р.Эмомалӣ
Оҷонсии мубориза бо фасод аз боздошти хонандаи синфи 10-и Мактаби байналмилалии Душанбе иттилоъ дод, ки худро Сомони Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ карда, ба ивази маблағҳои ҳангуфт ба масъулин дастурҳои ғайриқонунӣ медодааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, Хушдил Қурбонов, хонандаи синфи 10-и Мактаби байналмилалӣ бо хешовандаш Ҷӯрахон Холов бо мақсади қаллобӣ ва ба даст овардани фоидаи муфт, ба боварии шаҳрванд Маҳмадризо Раҷабов даромада, барои ҷудо намудани 30 ҳисса замини наздиҳавлигӣ дар ҷамоати деҳоти Чимтеппаи Рӯдакӣ аз ӯ 50 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтаанд: “Баъдан онҳо ба Раҷабов Маҳмадризо гуфтаанд, ки барои гирифтани замин ба масъул Маҷидов Сабзалӣ муроҷиат кунад ва афзуданд, ки онҳо ба Маҷидов Сабзалӣ барои ҷудо намудани замин тариқи телефон дастур хоҳанд дод”.
Оҷонсии мубориза бо фасод афзуд, Қурбонов ба Сабзалӣ Маҷидов занг зада, худро Сомони Эмомалӣ муаррифӣ карда, гуфтааст, Раҷабов Маҳмадризо “одами ӯст” ва ба вай замин ҷудо кунад: “Ӯ чанд бор худро Сомони Эмомалӣ гуфта, ба Маҷидов занг зада, барои ҷудо намудани замин дастур додааст, аммо Маҷидов бовар накардаасту замин ҳам ҷудо накардааст”.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манбаъ, ӯ ҳанӯз моҳҳои август ва сентябри соли 2014 аз Қурбонов 50 ҳазор доллари амрикоиро дар шаҳри Душанбе гирифтааст.
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |