Бахшҳо

"Ҳайфи ту"-и Кумитаи дин ба барандаи Висоли ҳақ: Агар инсоф медоштӣ...

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон бо нашри изҳороте ҳарфҳои барандаи шабакаи моҳвораии “Висоли ҳақ”-ро нисбати ҳукумату давлати кишвар буҳтону туҳмат хонда, аз масъулини он хостааст, ба ин гуна барномаҳои худ хотима бахшанд.

Масъулини кумита гуфтаанд, суханҳои Муҳаммад Ансорӣ, барандаи “Висоли ҳақ” дар бораи “маҳдудиятҳои динӣ” дар Тоҷикистон ва маҳрум мондани занону модарони тоҷик аз ҳаққу ҳуқуқи хеш, аз ҷумла пӯшидани сару либоси исломӣ “шаттоҳӣ”-е беш нест. Дар изҳороти мазкур, ки торнамои расмии кумитаи нашр кардааст, гуфта мешавад, Муҳаммад Ансорӣ бидуни огоҳии дақиқ аз вазъи воқеии Тоҷикистон ба таҳияи ин гуна барномаҳо пардохта, ҳадафи ӯ “нохун задан ба эҳсоси мазҳабии эшон” мебошад.

Масъулини Кумитаи дин мегӯянд, барандаи “Висоли ҳақ” дар ҳоле ҳукумат ва давлати Тоҷикистонро ба ҷонибдори аз фоҳишахонаҳо ва бастани масоҷиду мадрасаҳо муттаҳам мекунад, ки дар давраи истиқлолият беш аз чаҳор ҳазор масҷид дар қаламрави кишвар ба қайд гирифта шуда, муассисаҳои динӣ фаъолият доранду Қуръони карим, “Саҳеҳ”-и Бухорӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва ройгон тақсим шудааст: “Агар ин нафар заррае ҷавонмардӣ медошт, такрор ба такрор намегуфт, ки “Занҳои тоҷик ба хотири чанд пуле танфурӯшӣ мекунанд. Зеро ки таълимоти паёмбари Ислом (с) ба касе ин ҳақро надодааст. Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст: Аз ҳафт ҳалоккунанда бипарҳезед ва яке аз инҳо (ҳалоккунандаҳо) туҳмати занони покдоман аст (ривояти Бухорӣ). Дар ҳоле, ки Ансорӣ хуб медонад, марказҳои танфурӯшиву одамфурӯшӣ дар кадом кишварҳо воқеъ гардидаасту ки аз хидмати онҳо истифода мебаранд. Ҳайфи ту! Агар ту инсоф медоштӣ, набояд муборизаи беамони мақомоти қудратии тоҷикро нисбат ба ин амали нангин нодида мегирифтӣ. Вале афсӯс, ки чанд беномуси дигаре дар тақвияти туҳмату буҳтонҳои ӯ нисбат ба Давлату миллат чоплусиву лаганбардорӣ мекунанд”.

Дар изҳороти кумита таъкид шудааст, дар Тоҷикистон ҳеч гуна қонуне дар бораи манъи пӯшиши либосҳои исломӣ қабул нашудаасту Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар низ дар робита дастури мушаххасе надодааст: “Танҳо Сарвари давлат пешниҳод намуд, ки бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофии кишвар ва арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ хоҳарон ва модарони мо ба ҷои таќлид ба бегонагон аз пӯшиши миллие истифода намоянд, ки дар худ ҳам меъёрҳои муқаррарнамудаи динӣ ва ҳам унсурҳои фарҳангии ниёконро ифода намояд”.

Дар охири изҳорот аз суханҳои Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дини мубини Ислом, ки “фарҳанги исломии мо ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ бисёр ҷиҳатҳои арзишманд ва зиндагисоз дорад, ки истифодаи дурусту оқилонаи онҳо метавонад барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва ҳифзу таҳкими сулҳу амнияти умумӣ ва суботи сиёсии мамлакат хизмат намояд” гуфтааст, ёд шуда, аз Муҳаммад Ансорӣ даъват гардида, даст аз “туҳмату буҳтон” бардорад.

Изҳороти Кумитаи дин дар ҳолест, ки масъулини шабакаи моҳвораии “Висоли ҳақ” дар пайи маъракаҳои зидди ҳиҷобу риш дар Тоҷикистон аз тасмими худ дар мавриди таҳияи барномаҳо дар бораи фазои динӣ ва мазҳабии кишвар хабар доданд. Шабакаи моҳвораии “Висоли ҳақ” бо намоиши як барнома, ки дар он Муҳаммад Ансорӣ сухан мегуфт, ҳукумат ва давлати Тоҷикистонро ба шиддат зери тозиёнаи танқид қарор дода, ба ҷонибдорӣ аз фоҳишаҳову фоҳишахонаҳо муттаҳам кард.
Мӯҳр
усмон
Кумитаи дин охир мардум худ дидаистодаанд чи хакасту чи нохак дар рафти барнома дидед ки зиеда аз 100 нафар факат аз точикистон занг зад яъне гуфтаниямки кумитай Офтобро бо доман пушонида намешавад

Маҳмуд
агар танҳо пешниҳод буд ва қонун набуд паст рейдҳои риштарошон ва ҳиҷоб гирон ва суханони тунди вазири дохила ва суханони нави Қунғуротзода дар бораи бастани мағозаҳои ҳиҷобфурушӣ чи аст?

Бисёр хандаовар аст , вакте сухани хакро тухмат мехисобанд... Ой кумитаи дин, магар мардум куранд?!! Хама мебинанд, хама медонанд, ки бо мусалмонхо чи кор кардед. магар масчидхоро дар набастед? Оё чавононро аз рафтан ба масчид маън нанамудед ? Сатру хичоби хохарони исломиро аз сарашон накашидед? Овози уламои исломиро хабс нанамудед ? Боз шарм надошта изхорот мекуненд ? Боз шарм надошта миннат мекунед, Курони Карим ва Сахехи бухориву Муслимро бо забони точики тарчума нмудем? Кормандони кумита оид ба корхои дин ва Шурои уламо холо дер нашудааст, боз гарден. Аз Ислом натарсед. Ислом ягона рохи начот аст.

бетараф набош
786
Ҳардутон рост меген, ин миллатай ки дуруг меган. ман мегуям лаънат бар дурггуён ва зидди диннон.

Ин ТВ висол дуруг мега да точикистон хеч кас ба ришу сатр кор надора и риштароши ва сатркани дар амрико шудаги не не и тухмат Аст мо ба гардан намегирем

муслим
мегум ки салом.
ин мардум ки одаман ё не? кумитаи дин рост мега ё висоли ҳақ?
Фотеҳ Қунғуротзода Қулмурод, сардори навтаъини Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, дӯконҳои ҳиҷобфурӯшӣ дар пойтахти Тоҷикистон баста мешаванд.

Тавре манобеи “Озодагон” иттилоъ доданд, Қунғуротзода ин нуктаро ҳафтаи гузашта дар мулоқот бо тоҷирони “Корвон”, калонтарин бозори Тоҷикистон таъкид намуда, аз тоҷирон даъват намудааст, ба фурӯши сарулибоси барои фарҳанги тоҷикон “бегона” хотима диҳанд. Сардори раёсати умури дохилии Душанбе афзудааст, либоси сиёҳ дар ягон давру замон хоси тоҷикон набуда, мардуми Тоҷикистон ҳамеша бо либосҳои фароху шинам ва серрангашон фарқ мекарданд.

Ин таъкид ва мулоқот бо тоҷирони бозори “Корвон” дар ҳолест, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, рӯзи 20 апрел дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ дастур додааст, вуруди "сарулибоси барои фарҳанги мо бегона" ба пойтахт боздошта шаваду масъулин барои барчидани сарулибоси бегона аз пойтахт тадбирҳо андешанд.

муслим кулоб
Изҳороти Кумитаи дин дар ҳолест, ки
Фотеҳ Қунғуротзода Қулмурод, сардори навтаъини Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, дӯконҳои ҳиҷобфурӯшӣ дар пойтахти Тоҷикистон баста мешаванд.

Тавре манобеи “Озодагон” иттилоъ доданд, Қунғуротзода ин нуктаро ҳафтаи гузашта дар мулоқот бо тоҷирони “Корвон”, калонтарин бозори Тоҷикистон таъкид намуда, аз тоҷирон даъват намудааст, ба фурӯши сарулибоси барои фарҳанги тоҷикон “бегона” хотима диҳанд. Сардори раёсати умури дохилии Душанбе афзудааст, либоси сиёҳ дар ягон давру замон хоси тоҷикон набуда, мардуми Тоҷикистон ҳамеша бо либосҳои фароху шинам ва серрангашон фарқ мекарданд.

Ин таъкид ва мулоқот бо тоҷирони бозори “Корвон” дар ҳолест, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, рӯзи 20 апрел дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ дастур додааст, вуруди "сарулибоси барои фарҳанги мо бегона" ба пойтахт боздошта шаваду масъулин барои барчидани сарулибоси бегона аз пойтахт тадбирҳо андешанд.

Ин кумитаро номашро дигар кардан даркор .Кумитаи анти дини Ислом ситез.

Ман ин барнома ва барномаи як руз пештар пахшшударо дидам, чаро мучрии барномаро гунахгор мекунед? Охир ончо бо далел сухбат шуд!!! Зангнхои телефонй аз Точикистон буданд, ки хама бинандагон ончо интикод мекарданд. Кучо буданд намояндагони Кумитаи дин, ки ончо акалан як занг зада мавкеъи ХОЧА-ашонро химоят кунанд?
Дида бошанд хам занг намезананд, чун ки ончо далелу иснод овардан лозим буд, маоши мегирифтагнияшонро хам халол карда намегиранд. Ончи ки гуфтааст чаноби Ансорй дар он барнома гуфт далел дошт, ин гилаи кампиронаи намояндаи Кумитаи дин бошад, далел шуда наметавонад!!!

шаҳрванди ТЧ
Воридоти либосҳои бегона ба фарҳанги тоҷикон ба шаҳри Душанбе манъ шуда, аз нуқтаҳои фурӯш барчида мешаванд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, 20-уми апрел Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳр дар ҷаласаи шаҳрдорӣ ба Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо оид ба шаҳри Душанбе супориш додааст, ки барои “риояи расму оинҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва пешгирӣ аз таблиғоти фарҳанги бегонаи адёнӣ дар шаҳр ҷиҳати боздошти воридшавии молу маҳсулот ва сару либосҳои мавриди таваҷҷуҳ ва барчидани онҳо аз нуқтаҳои савдо тадбирҳои воқеӣ андешанд”.
Дастури Шаҳрдори Душанбе Убайдуллоев барои манъи вуруд ва барчидани либосҳои бегона нахустин дастури мақомдорони Тоҷикистон дар ин бора нест.
Баъд аз нигаронии Президент Эмомалӣ Раҳмон аз либоспӯшии бонувони тоҷик зимни суханрониаш дар арафаи таҷлили Рӯзи модар, ки гуфта буд, “танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест”, барои пешгирӣ аз пӯшиши либосҳои исломӣ-сатру ҳиҷоб мақомот даст ба кор шудаанд.

Дар пайи ин нигаронии Президент мақомоти корҳои дохилӣ барои пешгирӣ аз урфу одатҳои бегона, пайравӣ ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайримиллии занони кишвар “корҳои фаҳмондадиҳӣ”-ро шурӯъ карданд.
Қаблан, шаҳрдори Хуҷанд низ барои пешгирӣ аз фурӯш ва пӯшиши либосҳои “эронӣ”-ву “афғонӣ”, пешгирӣ аз пайвастан ба гурӯҳои тундрав ба мақомот супоришҳо дода буд.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд аз мақомоти интизомии шаҳр, шуъбаҳои кор бо ҷавонон, дин ва бонувон хоста буд то аз пӯшидани ҳиҷоб аз ҷониби бонувон корҳои пешгирӣ ба роҳ монанд.
Ба дастури шаҳрдори Хуҷанд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маркази вилоят муваззаф шуда буданд, ки ба соҳибкорон роҳ надиҳанд, ки дар бозорҳо либосҳои ба истилоҳ “эронӣ” ва “афғонӣ” фурӯшанд.
Дар пайи ин бархӯрди кормандони мақомот бо мардони ришдор ва бонувони ҳиҷобпӯш оғоз шуд.

Чизе, ки аййон аст ҳоҷат ба байон нест ! ! !

Ҳарфҳои ин шахс дуруст аст, дигар худро поку бегуноҳ напиндоред.

..Духтарону занхои точик бешармтарин танфурушхо мешудияне,,,ё тоба кардуме.Дар ИМА хамрохи шавхарам попкорн ва мохи дудхурда мефурушем.Хиндухои сикхи;яьне Сингххо,хамаашонро мо чаноби Сингх мегуем,инчо бисеранду англисиву форси ба мо гап мезананд.Аз мусулмонхо хазар мекунанд.Лекин тичорат мекунанд бо мо.Дар шахр фохишахои эквадори,колумбиягихову мексиканкахо бисёранд.Онхоро папуаскахо(папусия)мегуянду хамаашон ифлосу маризанд..Чанде пеш як хиндуи сохиби кальянгох 3-духтари точикро инчо овард.Онхо аввал худро аз лулихои Бухоро гуфтанд..Як шаб онхоро калассакихои эквадори лату куб карданд..Пулисхо омаданд.Хинду гурехт.Хуччатхояшон визаи Дубай ва Аргентинаро дошт.Онхо гайри конуни инчо афтодаанд.Якеаш Солехамо ном дошт,дуи дигарашро намедонам.Хаминро донистам,ки Солехамо аз нохияи Ёвон буд.Ба фикрам боз ба Арабское Амораты депорт карданд.Хайр дар Точикистон кор нест.Дар Америка чи,агар посуда мефурухт,мохаш то 3-хазор доллар меёфт.Боз хуроку чои хобшон бе пул..Тоба,тоба.

Пушидани сатр, мондани риш ин худнамои мебошад. Шуморо, ки риш лозим мебуд, инсон аз модар бо риш тавлид мешуд, ки Худо инро мефармуд. касе, ки сару либоси дини мепушад, мебинед, ки он шахс бесавод аст, ё фаранг надорад.

Масчои
точик,
Пушидани сатр, мондани риш ин худнамои мебошад. Шуморо, ки риш лозим мебуд, инсон аз модар бо риш тавлид мешуд, ки Худо инро мефармуд. касе, ки сару либоси дини мепушад, мебинед, ки он шахс бесавод аст, ё фаранг надорад./////
Ё тавба....дар як ҷумла 10 хатогӣ боз ин инсон ба одамон ақл меомӯзад.Монлани РИШ суннати паёмбар аст,пушидани ҳиҷоб бошад ФАРЗ!ЯЪНЕ шарт барои занон.Тамоми он суханҳое,ки дар ин ТВ он шаб гуфта шуд 100 фоиз РОСТ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)