Вокуниши хонандаҳо ба навиштаҷоти “сихкабобу оши хуҷандӣ”
Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар нишасти хабарии созмонёфтае, ки 28 январ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз ба номи маҳалҳо номгузорӣ шудани анвои ғизо интиқод кард. Ӯ гуфт, “шиору овезаҳои хӯрокҳо бо номи маҳал, масалан, сихкабоби хуҷандӣ, оши... ва ё дигар намуди шиору овезаҳо аз ин қабил хеле зиёданд, махсусан дар минтақаи Калхози Россия”.
Ба қавли хонуми Шарофзода, аллакай бо раисони чор ноҳияи пойтахт гуфтугӯ карда ва ваъда гирифтаанд, ки дар наздиктарин фурсат чунин шиору овезаҳоро аз пойтахт тоза хоҳанд кард.
Ин нукта бо вокунишҳои зиёди хонандаҳои “Озодагон” рӯбарӯ шуд. Бештари шарҳнависон гуфтаанд, ки ба номи як маҳал номгузорӣ шудани ғизо ба ҳеч ваҷҳ ба маънии маҳалгароӣ нест, балки ба ин маънист, ки он ғизо бо шеваи ҳамон маҳал таҳия шудааст. Аксар навиштаанд, ки ба номи як минтақа гузоштани ғизо хоси танҳо Тоҷикистон набуда, дар кишварҳои дигар низ фаровон истифода мешавад. Як корбари “Озодагон” менависад: “Дар Туркия ҳам бо ишора аз номи маҳал таомҳо номгузорӣ мешаванд. Аз минтақаҳои Тоҷикистон танҳо Хуҷанд бо таомҳояш машҳур аст. Барои ҳамин сихкабоби Хуҷанд, ки шуд, мардум ба он ҷо меравад. Яъне, нишони сифат. Дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҳунари пухтупаз надоранд. Агар бо номи он минтақаҳо номгузорӣ кардӣ, ягон кас ба ошхонаат намеравад”.
Салима, шарҳнависи дигар навишта, гуфтани оши хуҷандӣ ё самбусаи хуҷандӣ ҳеч хусусияти маҳалчигӣ надорад, зеро пухтани ош, самбуса, сихкабоб ва ғайраву ҳоказо дар ҳар маҳал ва минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон усули хоси тайёр намудани худро доранд ва бо тамъу лаззаташон фарқ мекунанд: “Масалан банда вақте дар Муминобод будам аз ошхонаи назди бозор ош фармудам, ба наздам ошеро оварданд, ки рангаш комилан зард буд ва монанд ба оши озариҳо. Дар Панҷакент бошад, ошро асосан бо сабзии зард ва ё зардҷома тайёр мекунанд ва ин ош аз дигар минтақаҳо билкул фарқ мекунад. Оши Хуҷанд ҳам мисли оши Самарқанд хусусияти хоси пухтани худро дорад ва чунин ош дар ҳеч минтақаи дигари Тоҷикистон бо чунин усули хоси худ пухта намешавад. Ё дар баъзе ошхонаҳои Душанбе оши Ургутӣ мепазанд, ки комилан аз ошҳои дигар фарк мекунад ва дар таркибаш мавиз ҳам дорад. Сихкабоб ҳам чунин аст”.
Хонандаи дигари торнамои мо як рӯйхати ғизоҳои итолиёвиро нашр кардааст, ки ба номи маҳалҳои гуногун номгузорӣ шудаанд. “Ин маҳалчигӣ нест, агар тарзи тайёр ва пешкаши ғизо аз ягон маҳалли конкретӣ бошад, пас ин дуруст аст. Дар тамоми дунё ин чиз маъмул аст ва касе дар бораи маҳалчигӣ сухане намегӯяд”,-гуфтааст ин корбар ва идома дода, “ба наздикӣ дар пойтахт супермаркети Ашан кушода мешавад, ин як маҳалли Фаронса аст. Ё ин ки БМВ аз Бавария гирифта шудааст, чӣ ҳамаашро манъ мекунед?! Номгузории ғизо аз рӯи маҳал ин ягон мушкилие надорад. Масалан итолиёвиҳо даҳҳо хӯрокҳое доранд, ки баромади маҳаллӣ доранд”.
Садриддин менависад: “Муҳтарам, масъулини Кумитаи забон ва ислоҳот, агар қурутоби Сари Хосор ё шакароби Файзобод гӯем ё реклама карда шавад, ин нишонаи маҳалчигиро надорад! Беҳтараш аз аввал то охири хиёбони Рӯдакиро дидан кунед, бисёр навиштаҷоти аҷоибро дучор мешавед”.
Аммо тарафдорони пешниҳоди раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ҳам кам нестанд. Корбаре бо номи “ТЧ” менависад: “Тоза кунед, ин чизҳо нолозим аст. Мизоҷ алакай медонанд, ки кадом ресторан чи гуна ош ё самбуса дорад”. “Туман” бо навиштани “Бисёр иқдоми хуб” иктифо карда.
Ва корбари дигар даъво карда, ки “сихкабоб кашфиёти Хуҷанд нест”. Ӯ дар тақвияти сухани худ менависад: “Дар Бухоро, Самарқанд, водии Фарғона тамоми маҳалоти узбакнишин, ки собиқ тоҷикнишин буд, ҳамин гуна кабоб мепазанд, чаро имрӯз хуҷандӣ онро барояш “бренд” кардааст? Мисли он ки узбакҳо оши паловро, ки аз замони шоҳ паҳлавии Форс боқӣ мондааст, “узбекский плов” ном монда, моли худ карданд”.
Шарҳҳои дигари корбаронро инҷо бихонед
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |