Воҳидова аз генерал Раҳимзода хост ба "барқзаниҳо"-и кормандонаш хотима бахшад
Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик бо навиштани як нома аз Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон хостааст, аз зиёдаравӣ ва “амалҳои ваҳшиёна”-и кормандони ниҳодаш ҷилавгирӣ кунад.
Хонум Воҳидова иддао дорад, зерҳимояи ӯ - Фурқат Охунов, ки дар ташкили гуруҳи ҷиноӣ муттаҳам мешавад, аз ҷониби кормандони Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил гӯиё дар ноҳияи Исфара шиканҷа шуда, ба баданаш нерӯи барқ пайваст карда шудааст.
“Санаи 9 январи соли равон кормандони ШМЧМ (6-ой отдел) Фурқат Охунов, сокини шаҳри Исфара, гумонбар бо моддаи 187-и қисми 2-и Кодекси ҷиноии кишварро боздошт карда ба утоқи худ оварда, ба панҷаҳои калони дасту пойи ӯ нерӯи барқро пайваст кардаанд ва нуги сими дигареро ба маъқадаш дохил кардаан, ки шояд ҳайвони ваҳшӣ чунин амалро нисбати инсон раво набинад.”- омадааст дар номаи Воҳидова.
Ин ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, чунин номаеро унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ва Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон ҳам ирсол кардааст: “Умедворам, ки барои аз мақомот дур кардани чунин афроди тасодуфӣ, ки обрӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқро коста мегардонад, фавран чораҳои қатӣ меандешед.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |