Вазири тандурустӣ: Марги Мумтоз натиҷаи иштибоҳи табиб буд!
Нусратулло Файзулло, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, имрӯз, 7 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе эътироф намуд, ки марги Мумтоз Ширинбекова, модари 26-сола дар Хоруғ натиҷаи хатоӣ ва кори ғайриҳирфавии табиб буд.
Вазири тандурустӣ изҳор дошт, ки дар ин робита Комиссияи махсус таҳқиқот гузаронда, натиҷаашро ба мақомоти дахлдор пешниҳод намуд ва додгоҳ алайҳи Заррина Қурбонмамадова, духтури таваллудхонаи Хоруғ ҳукм содир намуд.
Қаблан наздикони Мумтоз Ширинбекова, сокини шаҳри Хоруғ, ки тобистони соли 2014 дар пайи ҷарроҳии табибон даргузашт, алайҳи - Заррина Қурбонмаҳмадова шикоят бурданд. Онҳо иддао доштанд, Мумтози 26-сола ҳангоми таваллуди кӯдак ба ҷарроҳӣ ниёз пайдо карда, аммо бо иштибоҳи Қурбонмаҳмадова зинда намонд.
Эҳсон Шогунов, ҳамсари Мумтоз Ширинбекова, дар сӯҳбат бо “Озодагон”, гуфт, касе дар ин қазия гунаҳкор аст, бояд ҷавоб бигӯяд. Ӯ дар посух ба ин савол, ки ба чӣ далел Заррина Қурбонмаҳмадоваро муттаҳам мешуморанд, гуфт, “монанди мо ҷабрдидаҳо зиёданд. Қаблан ҳам яке аз пешобдон, дигаре аз бачадонаш зарар дидааст. Соли 2004 Заррина Қурбонмаҳмадова барои фаъолияти ғайриҳирфаияш як баҳси додгоҳӣ ҳам кашида шуда буд, аммо пас аз ин ӯ боз ба фаъолияташ дар беморхона давом дод.”
Вазири тандурустӣ дар ин робита изҳор дошт, ки воқеан табибони тоҷик баъзан ба хатоӣ роҳ медиҳанд ва илова намуд, ки чунин қазияҳо аз ҷониби Комиссияи махсуси Вазорат дар ҳайати мутахассисони ботаҷриба таҳқиқ мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |