Бахшҳо
09 дек 2014 10:05Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Бозгашт ва узрхоҳии Саид Шарифов аз оилаи тоҷикаш (ВИДЕО)

Саид Шарифов, муҳоҷири тоҷик, ки моҳи октябри соли гузашта дар барномаи “Пусть говорят” –и шабакаи аввали телевизиони Русия аз оилаи тоҷикаш рӯй гардонда буд, ба Тоҷикистон баргашта аз ҳамсару фарзандонаш узрхоҳӣ кардааст.

Шаҳзода Абдураҳимова, ҳамсари Саид Шарифов, ки як соли пеш дар барномаи “Пусть говорят”-и шабакаи аввали Русия иштирок карда, хиёнаткории шавҳарашро ифшо намуд, дар суҳбат бо “Озодагон” таъйид намуд, ки Саид баргаштааст ва беш аз як моҳ мешавад, ки боз зиндагии якҷоя доранд. Шаҳзода Абдураҳимова мегӯяд, танҳо ба хотири фарзандонаш Саид Шарифовро дубора қабул кардааст: “Ба хотири ашки се фарзандам, ки мехостанд, падарашонро дар оила бинанд ман ҳам аз гуноҳи Саид гузаштам.”

Ба гуфтаи мусоҳиби “Озодагон” гарчанде Саид Шарифов ҳанӯз чанд моҳи пеш ба Тоҷикистон баргаштааст, вале ҳаёти якҷояро як моҳи пеш оғоз кардаанд: “Дар тӯйи духтари дуюминамон омад ва иштирок дошт ва аз он замон инҷониб ҳаёти якҷоя дорем.”

Шаҳзода Абдураҳимова мегӯяд, дар бораи бозгашт ва сабабҳои ҷудошавӣ аз оилаи рус Саидро пурсупос намекунад, вале худаш гуфтааст, ки муҳлати ҳуҷҷатҳояш ба поён расидааст: “Ҳозир ба кор даромадааст ва субҳи барвақт рафта шаб меояд.”

Ин бозгашти Саид Шарифов дар ҳолест, ки як соли пеш қиссаҳои ӯ дар барномаи “Пусть говорят” баҳсҳои зиёдеро дар Тоҷикистон ба бор овард.

Ин барнома шоми 9-уми октябри соли 2013 тариқи шабакаи аввали телевизиони Русия ба намоиш гузошта шуда, дар он аз робитаи пинҳонии Шарифов бо Елена Кострикин, зани мутааҳҳил (шавҳардор)-и рус ва фарзанди пинҳонии онҳо қисса мешавад.

Бар асоси гуфтаҳои ин барнома, муҳоҷири тоҷик бо вуҷуди он ки ӯро дар Тоҷикистон чанд фарзанд ва занаш интизор аст, дар Русия бо Елена Кострикин, зани мутааҳҳили рус робитаи пинҳонӣ ба роҳ монда, ҳатто фарзандор ҳам мешавад. Ин мард хабарҳо дар мавриди оила, зану фарзанд ва волидайнашро, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранду дар бораи ҳаёти ӯ тӯли даҳ сол мешавад, иттилоъ надоранд, аз зани рус пинҳон карда, ҳатто ба ӯ пешниҳоди издивоҷ низ мекунад.

Номи муҳоҷири тоҷик замоне сархати ин барномаи русӣ қарор гирифт, ки Михаил, шавҳари Елена ҳамсари худро ба хиёнат муттаҳам карда, иддао мекунад, ӯ падари фарзандаш нест. Дар ҳоле ки ин зани рус иддаои шавҳарашро рад карда, ӯро қонеъ карданӣ мешавад, ки ӯ падари фарзандаш мебошад.

Масъулони барномаи “Пусть говорят” ин қазияро мавриди пажуҳиш қарор дода, бо гузаронидани се ташхиси тиббии ДНК муайян менамоянд, ки воқеан Михаил падари фарзанди Елена нест. Бар асоси ташхисҳои тиббии мазкур, Саид Шарифов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки синнаш аз 42 болост, падари ин тифл мебошад.


Мӯҳр
Зани русаш талокша додай ба фикрам, гушош кашол боз ба ватанаш пеши зани точикаш омадаст. Зани точикшам чавобша медод хуб мешуд... Ин хел инсоно дигар намешан. Хам зану фарзанд, ва хам Ватанашона дар як тин мефурушан. Боз доду фигон карда мегардан, ки дар Точикистон моба руз нест, вазиро аз хисоби мо хонахо месозан. Кудакоша нигохубин намекунанд, боз вазироба хона месозан:? Хайфи ту борин чавонмард.

Мумтоз
Офарин ба Саид, ки ба назди фарзандон баргаштааст ва боз офарин ба у ки аз худ дар гариби нишони миллати бузургро мерос гузоштааст ва албатта ягон вакт хизматаш ба миллат мерасад.

як Зан
апаи Шахзода мо як гурух заноне ки ин матлабро хондем аз сустиродагиву содагии шумо дар таачуб хастем. бояд пои дар пеши дарат рох намедоди. афсус ва сад афсус аз содагии зани точик. мардхо дар хама долат ва хама хангом, хам дар дин ва хам дар дигар макомот ба фоидаи худашон хамеша кор мекарданд ва хеч гох манфиати зан ва оиларо аз худашон пештар ва мухимтар намедонистанд. вай мард нест вай факат аз он трарф ронда шуда буд, бояд як шатта мезадиву мерондиаш.

.
беномус хасти Саид.

Ин махлуқони ки обу руи кишвар, обу руи модару миллат ва ҳувияти моро ба бод медиҳанд. Ҳайфи шири модарат, ҳайфи фарзандони нозанини ашкрезат.

ман
Худованд дигароша ҳам ҳамита ҳидоят кна!

ОЗОДАГОН, монед бечора зан ба зиндагиаш бирасад, расонаи накунед. Расонаи мекунед Боз партофта меравад. Ба ки лозим...

Садкаи зани мусалмон шам, зани мусалмон бо дигарай. Урус итари шура ай хонаш даффул муъминон мекард.

рафту боз хурда хурда омад ин Аллох хидояташ кунад

Исфара
Almosy,
Алмоси при чем инча вазирони ?Бехтараш,ки забонатро медоштиву дахонатро медухти.Агар чукуртар коби ба бадбахтии на танхо ин оила балки садхо оилахои точик ана хамин вазирони .ки измате намекунанд.Онхо шохона зиндаги доранду дигарон мачбуранд тарки ВАТАН мекунанд.Чуноне,ки халк мегуяд хам ГАРРИВУ ХАМ ПЕШХЕЗИ!

Сад хайфи онхое, ки бо амалхои нангини худ обруи точикро мерезонанд. Пас аз ин кадар шармандагию русиёхибоз бахшидандаш. Лахзаи назди зани рус бо номи Худо касам хурданашро хеч гох фаромуш карда намешавад. ("Клинус богом у меня не когда не было детей") Бо ин шармандагию русиёхи чи гуна мезиста бошад?

ИН ШОУ БУД САИД ВА ОИЛАИ ТОЧИКАШ ДАР ИН ИШТИРОК КАРДАНД
ХАМЧУН АКТЁР ПУЛ КОР КАРДАНД

ин одамро табрик накунед, вай ба хонааш барнагаштааст, вай боз ба назди елена гурехта мераваду бахшиш мепурсад wink

Аз ин маьлум мешавад ки Саид бемасьулият аст ва аз чавобгари мегурезад вакте кудакони точикаш хурд буданд ва ба падар ниез доштанд, онхоро партофт. Акнун ки писари русаш ба тарбияву кумак ниез дорад аз у фирор кард. Холо фарзандони точикаш ки калону мустакил шуданд баргашт, ба оши тайер бакавул шудан осон. Писари русаш хам калону мустакил ки шуд сурог мекунад, лекин Димка уро кабул мекунад е не ин зери суол аст. Саиду Лена чуфти муносиб буданд- дуруггую дуруя.

Душанбеги
Офарин, апаи Шахзода! Чи хеле ки дар хамон намоиши ТВ-и Руссия хамаи иштирокчиен бо кафкуби тахаммулу одоби шумою фарзандонатонро кайд карда буданд, бори дигар бонуи точик модари точик буданатонро нишон додед ва фарзандонатонро аз падарашон чудо накардед. Саломат бошед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)