“Рустам Ҳукумов сардори БДА-и Айниро парондааст”

Рустам Ҳукумов, писари калонии Амонуллоҳи Ҳукуматулло, собиқ раҳбари КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар маркази ноҳияи Айнӣ сардори Бозрасии давлатии автомобилии ноҳияро бо таппонча маҷруҳ карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.
Дар ин бора оҷонсии иттилоотии “TojNews” хабар дода, афзудааст, ҳодиса ҳафтаи гузашта дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дар наздикии маркази ноҳияи Айнӣ, деҳаи Варзи манор сурат гирифтааст: “Дар наздикии Варзи манор мошини боркаш боис ба маҳкам гардидани як тарафи роҳ мешавад. Худрави Рустами Ҳукумов, ки аз ҷониби шаҳри Душанбе ба вилояти Суғд ҳаракат мекардааст, қоидаҳои ҳаракатро риоя накарда, ба самти муқобил мебарояду роҳро пурра мебандад. Бо пайдо шудани кормандони БДА ронандаи ҷавон худсарӣ карда, талаби нозиронро иҷро намекунад.”
Манбаъ мегӯяд, ба ҷои ҳодиса сардори шӯъбаи БДА ШКД ноҳия Саидҷон Набиев ҳозир шуда, кӯшиш мекунад, ки аломатҳои қайди давлатии мошини ронандаи якравро гирад, вале Рустам Ҳукумов муқобилат нишон дода, бо истифода аз таппонча сӯи сардори БДА се тир холӣ карда, ӯро маҷруҳ месозаду аз ҷойи ҳодиса мегурезад.
Мақомоти ноҳияи Айнӣ гуфтаанд, воқеан Рустам Ҳукумов бо худрави гаронарзиш, ки аломати қайди давлатиаш 1111 хх хх мебошад, боиси хархаша шуда, то дидбонгоҳи навбатии БДА рақамҳои мошинро иваз карда, мехоҳад фирор кунад, аммо кормандони милиса ӯро таъқиб карда, дар нақби Шаҳристон боздошт мекунанд: “Аз ҷониби ШКД-и ноҳия нисбат ба ин ҳодиса санад тартиб дода, ба прокуратураи ноҳия ирсол шудааст. Ин манбаъ мегӯяд, ки дар парванда сухан дар бораи тирпаронӣ аз таппончаи пневматикӣ меравад.”
Рустам Ҳукумов соли 2008 ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ба 9 соли зиндон маҳкум шуда буд, вале баъди 3,5 сол ба гуфтаи падараш сафед гардида, соли 2011-ум раҳо гардид.
Расо як сол қабл, 8 ба 9 октябри соли гузашта садамаи маргбори писари дигари Амонуллоҳи Ҳукуматулло - Расули Амонуллои 16-сола, дар хиёбони Рӯдакии пойтахт вирди забонҳо шуд, ки се кушта бар ҷой гузошт. Дар пайи ин ҳодиса модари ин ноболиғ барои нақзи қонун дар бораи масъулияти падару модар 120 сомонӣ ҷарима шуд. Баъдан эълон гардид, сари чанбари мошин Расули Амонулло набудааст. Вазири умури дохилӣ ҳам дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ҳафт ташхис нишон дод, Расул дар ин сониҳа даст надорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |