АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз “бенизомӣ” дар Маркази тестӣ ва интизорӣ дар “Амонатбонк”
Алишер ЗАРИФӢ
Бархе аз волидон ва довталабони тоҷик аз “бенизомӣ” дар Маркази миллии тестии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон шикоят карда, мегӯянд, бо вуҷуди он ки аз навоҳии дурдастанду дар пойтахт макони зист надоранд, масъулон саривақт ба мушкили онҳо расидагӣ намекунанд.
Абдукарим Сатторов, падари як довталаб аз ноҳияи Дарвоз, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, барои такроран бақайдгирии исми фарзандаш дар Маркази миллии тестӣ талош доранд, аммо ҳанӯз ба ҷое нарасидаанд. Сатторов мегӯяд, масъулони марказ санаи оғози сабти номи дубораи довталабонро рӯзи 26 август эълон карда буданд, вале бо омадани довталабон аз навоҳии дурдаст ба назди даромадгоҳи ин ниҳод, ба онҳо гуфтаанд, “боз як рӯзи дигар мунтазир бошед”.
Ба гуфтаи мусоҳиби мо, масъулини марказ гуфтаанд, азбаски дар шаҳри Душанбе як нуқтаи ба қайдгирӣ асту шумораи довталабон зиёд, онҳо тасмим гирифтаанд, рӯзи 26 духтарон ва рӯзи 27 август бачаҳоро сабти ном кунанд. Дар ҳоле ки оқои Саторов мегӯяд, онҳо қаблан аз ин тасмими масъулини марказ огоҳ карда нашуда буданд.
Номбурда меафзояд, фарзандаш, ки хоҳиши донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ шуданро дошт, дар озмуни қаблӣ нагузашт ва ҳоло ҳайрон шудааст чӣ кор кунад: “Ростӣ, дирӯз ҳам дар ҳамин ҷо будам, гуфтанд пагоҳ, акнун имрӯз омадем, навбат нест мегӯянд. Гӯиё имрӯз фақат навбати духтарҳост, пагоҳ аз писарҳо. Охир мо худи аз Дарвоз омадем, хостем ин ҷо бақайд гирем, лекин ин ҷо одам хеле зиёд”.
Аксари волидайни довталабон мегӯянд, беҳтар мебуд масъулини Маркази миллии тестӣ дар ноҳияи онҳо низ чунин марказҳои бақайдгирӣ мекушоданд, то саргардон намешуданд. Дар ҳамин ҳол бархе аз довталабони тоҷик аз навбатпоии тӯлонӣ дар нуқтаҳои пулсупорӣ низ шикоят доранд. Як довталаб, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, дар пардохти маблағи бонкӣ барои ширкат дар озмуни такрорӣ, ки 14 сомонӣ пешбинӣ шудааст, ба мушкил рӯ ба рӯ гардидааст.
Ин ҳамсуҳбатамон қайд намуд, тавре дар назди Маркази милли тестӣ аз саҳар боз интизор шудаанд, дар назди яке аз филиалҳои “Амонатбок” дар пойтахт низ чунин мушкил доштаанд: “Охир, намешавад ҳамин нуқтаҳои пардохти пулро тариқи филиалҳои дигар бонкҳо низ роҳандозӣ кунанд? Нуқтаҳои пардохти пул зиёд шавад, мо соатҳо пушти дари онҳо интизор нашавем. Ман аз Норак омадаам, имрӯз корам ба анҷом нарасид, маҷбурам хона равам боз пагоҳ баргардам ба Душанбе”.
Мавриди зикр аст, ин бори аввал нест, ки довталабон дар назди даромадгоҳи Маркази миллии тестӣ ба мушкилоти гуногуне рӯ ба рӯ мешаванд. Қаблан ҳам зимни эълони натоиҷи озмуни даври якуми тақсими ихтисосҳо гурӯҳе аз довталабон аз натиҷаи озмун ва дер расидани ҷавоби SMS-ашон аз сӯи Маркази миллии тестӣ норозигӣ карда, фаъолияти шаффофи ин ниҳодро зери суол бурда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |