Каромат Шарифов: Тазоҳуроти 100 000-нафарӣ алайҳи ғуломӣ мешавад, агар...
Каромат Шарифов, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия, эҳтимоли гирдиҳамоии 100 000-нафарии муҳоҷирон дар шаҳри Маскавро баид надонистааст. Дар сурате ки, ба гуфтаи ӯ, “агар оҷилан вазъияти муҳоҷирони тоҷик дар Русияро ба талаботи қонун мувофиқ накунанд”.
Оқои Шарифов аз он ки баъзе расонаҳои русӣ баргузории гирдиҳамоии 100 000-нафариро дар моҳи октябри соли ҷорӣ пешбинӣ кардаанд, норозигӣ карда, хабарнигоронро ба “воҳима” муттаҳам намудааст. Ӯ афзудааст, муҳоҷирони тоҷик дар Русия барои риояи ҳуқуқашон бояд аз роҳи қонун кор бигиранд. “Барои ин, онҳо дар моҳи октябр ба Анҷуман даъват мешаванд ва дар он ҷо ба номи сохторҳои давлатии Русия ва Тоҷикистон муроҷиат хоҳанд кард. Умед дорем, моро мешунаванд”. Вагарна, гуфтааст ӯ, “маҷбурем ба мақомоти Маскав барои баргузории тазоҳурот дархост фиристем.”
Ин дар ҳолест, ки субҳи 20 августи соли ҷорӣ нашрияи “Известия”-и Русия ба нақл аз раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик навишт, онҳо тасмим доранд, моҳи октябри соли ҷорӣ гирдиҳамоии сад ҳазорнафариро баргузор кунанд. Далели ташкили тазоҳурот эътироз алайҳи “ғуломӣ” дар бозорҳои Русия унвон мешуд.
Каромат Шарифов дар сӯҳбат бо “Известия” афзудааст, корфармоёни рус аз нерӯву меҳнати муҳоҷирони тоҷик истифода карда, аммо дар иваз ҳақмуздашонро пардохт наменамоянд. “Дар 12 бозори Русия омили нақзи ҳуқуқи меҳнатии муҳоҷирони тоҷикро мушоҳида кардем, ки корфармоён бар замми надодани ҳақмузд, бо гирифтани аснод ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон монеи хуруҷи онҳо низ мешаванд”,-таъкид доштааст Шарифов.
Каромат Шарифов ҳафтаи гузашта бо сафаре ба Тоҷикистон омада, бо ирсоли номае ба раҳбарони Кумитаи амнияти миллӣ ва Вазорати умури дохилии кишвар хост, ба мушкили муҳоҷирони тоҷик дар Русия расидагӣ кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |