Ҳоҷимуҳаммад Умаров, супориши президент ва баҳси андоз
Ҳоҷимуҳаммад УМАРОВ,
профессор
Се соли охир баҳсҳо дар масъалаи андозбандӣ хеле афзоиш ёфта, мубоҳисаҳои тезу тунд дар атрофи Кодекси нави андози мамлакат то имрӯз ҷараён дорад.
Агарчӣ олимон, мутахассисон, коршиносон ва ҳатто худи андозсупорандагон пештар ба зарурати таҳияи Кодекси нави андоз таваҷҷӯҳ зоҳир менамуданд, аммо алъон ҳар як нафар, ки каму беш роҷеъ ба фаъолияти андоз сарфаҳм меравад, изҳор медорад, ки Кодекси андози нав дар муқоиса на танҳо бо кодекси пешина, балки аз ҳамаи кодексҳои пештар аз он таҳияшуда низ бадтар аст. Ҳуҷҷати нав исроркорона на манфиати андозсупоранда, балки манфиати роҳбарияти мақомоти андоз, яъне онҳоеро ҳимоя мекунад, ки дар таҳия ва қабули он саҳм доранд.
Ба назари мо, ҳамаи онҳое, ки бо мавқеъҳои гуногун ҳуҷҷати навро танқид мекунанд, ҳаққанд. Худи далели он ки баъд аз қабули Кодекси андоз аз тарафи парлумон зиёда аз 100 тағйиру илова ба он ворид шудааст, дуруст будани интиқоди мазкурро тасдиқ мекунад. Аммо, ҳуҷҷати амалкунанда на ба мукаммалкунӣ, балки пурра ба аз нав таҳия шудан ниёз дорад, зеро дар шакли кунунӣ он хусусияти мусодиравӣ дорад ва мухолифи манфиатҳои ҷамъият, иқтисодиёт ва табақаҳои меҳнатии аҳолӣ аст.
Аз тарафи классики шинохтаи илми иқтисод А. Смит 4 принсипи асосие муқаррар карда шуда буд, ки низоми дурусти андозӣ аз он шакл гирифтааст: 1) мутаносибии андозҳои ҷамъшаванда бо даромади андозсупоранда; 2) яқинӣ ва муайянии меъёри андоз; 3) мувофиқии услуб ва вақти ҷамъоварии андоз барои андозсупоранда; 4) самаранокии ниҳоии андоз, ки дар хароҷоти ками давлат ва ҷамъият барои ҷамъоварии андоз ва нигоҳдории мақомоти андоз ифода ёфтаанд.
Таҷрибаи бойи таърихии андозбандӣ собит менамояд, ки принсипҳои мазкур дар ҳама гуна низоми андозӣ ва дар ҳамаи кишварҳо ҳатмӣ аст. Дар базаи принсипҳои дар боло ишорашуда, ки аз назарияи иқтисодии классикӣ бармеоянд, хусусиятҳои асосии зерини низоми андозии муосир шакл гирифтаанд: эътирофи андоз ба сифати омили воҷиби ҷамъиятии маҳдуднамоии моликияти хусусӣ, тасдиқи қонунгузории андоз аз тарафи намояндагони халқ дар пояи қонунҳои демократӣ, истифодаи шакли пулии андоз ва манъ намудани гирифтани амвол барои пардохти андоз, ҳамоҳангкунии манфиатҳои ҷорӣ ва дурнамо, назорати ҷамъиятӣ барои тақсим ва истифодаи сарчашмаҳои андозӣ.
Ҳатто шахси аз монеаҳои андозӣ ноогоҳ метавонад ба осонӣ хулоса намояд, ки низоми андозбандии имрӯзаи Тоҷикистон ин хусусиятҳоро надорад ва дар худ 4 шарти дар боло овардашударо таҷассум намекунад.
ДАСТУРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Дар ин бора, ки Тоҷикистон ба Кодекси нави нисбатан самаранок ва аз ҷиҳати илмӣ асосноккардашуда ниёз дорад, ҳама медонистанд, ҳам аҳли ҷамъият ва ҳам ҳукумат. Дар яке аз паёмҳои худ президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба таҳиягарони Кодекси нав супоришҳои зерин дода буд: вазифаи Кодекси нави андоз ин паст намудани гаронии андоз, кам кардани шумораи андозҳо, ба ҳар як адозсупоранда фаҳмо будани он ба ҳисоб меравад.
Имрӯз бо қатъияти тамом гуфтан мумкин аст, ки гаронии андоз дар муқоиса бо Кодекси андози пешин зиёд шуд. Шумораи андозҳо ба таври назаррас кам нашуданд (ба истиснои андоз барои истифодабарандагони нақлиёт, ки то соли 2017 бояд бекор карда шавад). Баъзе андозҳо дар таркиби қоидаҳои махсуси андоз пинҳон карда шуданд. Андоз барои моли ғайриманқул аз рӯи моҳият аз ду андози мустақил иборат аст: Боҷи давлатӣ ва боҷи гумрукӣ. Агарчи пардохтҳои мазкур дар банди алоҳида ҷудо карда шудаанд (нигаред ба моддаи 6 КА, бандҳои 2-3-5-7), ончи ба соддагии Кодекс дахл дорад, бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки мазмуни китоби мазкур бо хеле мушкилӣ аз тарафи қисми зиёди андозсупорандагон дарк карда мешавад. На танҳо андозсупорандагони оддӣ аз ин Кодекс чизе намефаҳманд, ҳатто худи Кумитаи андоз аз ӯҳдаи тайёр намудани шарҳҳо дар бораи пардохти шаклҳои алоҳидаи андоз ва дигар пардохтҳо барои оммаи андозсупорандагон намебарояд. Маълум аст, ки зиддиятҳои мундариҷаи ҳуҷҷат таҳияи чунин шарҳҳоро мушкил гардонидааст. Ҳамин тавр супориши Президенти кишвар нисбати таҳияи Кодекси мазкур иҷро нагардид.
Дар айни замон дар кулли кишварҳои мутараққӣ пардохти андоз аз рӯйи қоидаи «пардохт мувофиқи гирифт» амалӣ карда мешавад. Қоидаи мазкур ҷавобгӯи принсипи сеюми Смит мебошад. Дар Кодекси андози амалкунандаи кишвар қоидаи мазкур тамоман сарфи назар шудааст. Ин чунин маъно дорад, ки амалан дар аксар вақт андозсупорандагон пардохтҳои беҳуда месупоранд. Шумораи зиёди ширкатҳои ба қайдгирифташуда ва созмонҳои ғайридавлатӣ бе гирифтани даромад андози иҷтимоӣ супорида истодаанд. Муассисон, бинобар ғайриимкон будани ташкили фаъолият, агар фаъолияти ширкатро қатъ кардан хоҳанд, ин корро карда наметавонанд, зеро монеаҳои зиёди бюрократӣ ба ин имконият намедиҳад. Ифтитоҳи ширкат дар давоми 3 рӯз мумкин аст, вале қатъи фаъолияти он дар давраи дуру дароз ғайри имкон ба назар мерасад. Ҳеч кас ҳадафи воқеии ин ҳолатро шарҳ дода наметавонад.
Вайроннамоии қоидаи мазкур инчунин дар таҷрибаи ба таври васеъ маъмулӣ шудаи пешпардохти андоз ба ҳисоб меравад. Дар саҳифаҳои ВАО масъалаи мазкур дуру дароз баррасӣ карда мешавад. Аммо ҳайратовар он аст, ки роҳбарони вилоятҳо ва ноҳияҳо дар чунин амал мақомоти андозро пуштибонӣ мекунанд. Ба назар чунин мерасад, ки онҳо фаромӯш мекунанд, ки агар қоидаи «пардохт мувофиқи гирифт» дар амал татбиқ шавад, ба зиёдшавии ҳаҷми умумии меъёри маҳсулот ва хизматрасонӣ дар миқёси вилоят ва ноҳияҳо оварда мерасонад, вале риоя накардани қоидаи мазкур танҳо маънои иҷро шудани нақшаи ҷамъоварии андозро дорад, ки эҳтимолан ба дараҷаи баҳогузории на танҳо мақомоти андоз, балки мақомоти ҳукуматӣ табдил меёбад.
НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ АНДОЗ
Баъзе аз роҳбарони мақомоти андоз далели мавҷудияти нақшаи ҷамъоварии андозро рад мекунанд. Аммо, далелҳои зиёде гувоҳӣ медиҳанд, ки чунин нақша вуҷуд дорад ва ҳатто хусусияти супоришӣ гирифтааст. Зиёни он дар бедалелӣ ва беташаббусӣ зоҳир мешавад. Нақшаи андоз иқтидори воқеии вилоятҳои алоҳида, ноҳияҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва хоҷагиҳои алоҳидаро ба назар намегирад. Дар бораи мавҷудияти сарчашмаҳои бузурги истифоданашуда раиси вилояти Хатлон А. Гулмуродов изҳори ақида кард. Мавсуф ба наздикӣ иброз дошт, ки нақшаи андозро то 120% иҷро намудан мумкин аст. Азбаски ӯ дар мансаби баланди ҳукумати вилоят қарор дорад, аз ҳама хубтар имкониятҳои истифоданашуда ва монеаҳоро дида метавонад.
Ҳеч шубҳае нест, ки кори нозирони мақомоти андоз бевосита аз рӯи меъёри иҷрои нақшаҳои дар боло гузошта шуда баҳо дода мешавад. Пас бояд кӯшиш намуд, ки нақшаҳои мазкур воқеӣ бошанд ва то ҳадди имкон манфиати андозсупорандагон дар ин маврид сарфи назар нашавад. Ҳангоми сарфи назар шудани меъёрҳои асоснокшуда ва ба инобат нагирифтани манфиатҳои миллӣ, қисми поёнии кормандони андоз ҳама нерӯ ва фишори худро ба бахши камбизоатон ва соҳибкории хурд равона мекунанд. Азбаски суръати нақшавии болоравии даромади андоз ба таври илмӣ асоснок карда нашудааст, қисми асосии афзоиши ҳаҷми андоз ба дӯши табақаҳои дар боло ишорашуда меафтад.
Кадом сарчашмаҳои истифоданашуда нисбат ба иҷрои воқеии нақшаҳои мавҷуда оид ба андоз вуҷуд доранд?
Ба онҳо пеш аз ҳама тааллуқ доранд: васеъ намудани базаи андозбандӣ. Воқеан, паст кардани сатҳи андоз ба зиёд шудани шумораи андозсупорандагон, танг шудани фазои иқтисодии норӯшан, аз ҷумла барҳам хӯрдани муҳосиботи дугона оварда мерасонад;
Иҷрои кӯшишҳои мақсадноки ҳолатҳои оммавии пинҳонкунии андоз.
На танҳо шубҳа, балки далелҳои зиёде мавҷуданд, ки чунин ҳолатҳо миқёсан дар рақамҳои қиёсшаванда бо ҳаҷми ҷории меъёри ҷамъоварии андоз ё хароҷоти давлатӣ инъикос меёбанд. Пеш аз ҳама ин ҳолат ба андозсупорандагони бузург дахл дорад. Яке аз чунин мисолҳо ширкати сохтмонии «Манзили дастрас» ба ҳисоб меравад. Аз рӯи маълумоти расмӣ аз тарафи ташкилоти мазкур ба андозаи 1,6 млн сомонӣ корҳо иҷро шуда, ба андозаи 335 ҳазор сомонӣ андоз пардохт карда шудааст. Дар чунин ҳолат меъёри андоз 20,9% -ро ташкил медиҳад. Ба андешаи мо сарбории андоз ин бобат хеле паст аст. Аммо аз тарафи мақомоти андоз муайян карда шудааст, ки аз тарафи ширкати мазкур дар ҳаҷми 69 миллион сомонӣ манзили нав фурӯхта шудааст. Маблағи 67,4 млн сомонӣ берун аз ҳудуди андозбандӣ мондааст. Ҳатто агар меъёри андози пурдохтнашударо дар базаи 20,9% ҳисоб кунем, маълум мешавад, ки ширкати мазкур дар ҳаҷми 32 млн сомонӣ андозро пардохт накардааст. (Барои маълумоти муфассалтар нигаред ба “Озодагон”, аз 23 июли соли 2014).
Миёни андозсупорандагони бузург чунин мисолҳо чӣ қадаранд? Андозаи қарзи воқеии онҳо чӣ миқдор аст? Дар мабуот дар бораи шумораи андозсупорандагони бузурги қарздор рақамҳо аз 38 то 83 оварда мешаванд. Қарзи умумӣ аз рӯи иттилооти расмӣ 636 млн. сомониро ташкил медиҳад, аз ҷумла қарзи андозсупорандагони бузург. Дар асл ҳеч кас наметавонад дар бораи қарзи воқеии категорияҳои андозсупорандагони нишондодашуда баҳо диҳад. Ба назари мо, бевосита ҳамин гурӯҳ барои буҷети кишвар монеа эҷод мекунад, агарчи назари пурхашми мақомоти андоз дар аксар ҳолат ба тарафи категорияи андозсупорандагони хурд ва миёна равона шудааст;
ТАШКИЛИ МУБОРИЗА САМАРАНОК БО ФАСОД
Дар Тоҷикистон чунин мубориза хусусияти интихобӣ дорад. Андозаи он ба манфиати гурӯҳҳои бонуфуз вобаста аст. Дар ин бора масалан маълумотҳо дар бораи меъёри содирот аз кишварҳои дигар шаҳодат медиҳанд. Чанд маротиба дар ВАО дар бораи фарқияти мавҷудаи байни иттилооти расмии маҳсулоти воридотӣ аз кишварҳои дигар ва андозаи содирот ба кишвари мо гуфта шуд. Рақамҳои расмӣ дар бораи содироти мол аз Хитой ба Тоҷикистон ва воридоти мол ба Тоҷикистон аз ҶХХ мувофиқан 2,0 млрд. ва 600 млн. долларро ташкил медиҳад (соли 2011). Фарқият 3.3 баробар аст. Чунин ҳолат дар воридоти мол аз Туркия, Эрон ва кишварҳои дигар низ ба назар мерасанд. Танҳо дар муомила бо Ҷумҳурии Хитой ҷамъ нашудани андоз дар як сол 350 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар умум ҷамъ нашудани андозҳои гумрукӣ ба таври мушаххас метавонад 0,9-1,0 млрд. доллари ИМА-ро ташкил диҳад. Муттаасифона ба саволи дар матбуот гузошташуда кормандони хадамоти гумрук ниҳоят муҷмалона посух гуфтанд.
Тибқи маълумоти оморӣ фарқияти байни андозҳои гумрукӣ ва дохилӣ ба ноустуворӣ аз 47:53 то 37:63 аст. Ҳатто бо назардошти ҷамъоварии пурраи андозҳои дохилӣ дар ҳолати ба тартиб даровардани андозҳои гумрукӣ чунин фарқият метавонад дар ҳудуди аз 53:47 то 55:45 қарор дошта бошад. Дар ягон кишвари ҷаҳон чунин фарқият вуҷуд надорад. Бешубҳа чунин фарқият аз ҳолати номӯътадили иқтисодӣ гувоҳӣ медиҳад, ки аз ҷумла омили ба таври васеъ паҳн шудани фасод ба он сабаб шудааст. Бинобар ин ҳамаи асосҳо барои ташкили ташхиси умумимиллии зиддикоррупсионӣ вуҷуд дорад. Азбаски мақомоти ҳукуматӣ қудрати ба дӯш гирифтани чунин борро надорад, бинобар ин ман чунин меҳисобам, ки зарурияти пешниҳоди ташаббус оид ба созмон додани гурӯҳи ташхисгарон, бо ҳамроҳ намудани мутахассисони шинохта, ватандӯстон ва институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ба он вуҷуд дорад;
Зиёд намудани сатҳи шаффофияти иттилоот дар бораи корҳои андоз.
Кодекси андоз ба дараҷаи зарурӣ шаффофияти иттилооти андозиро таъмин намекунад. Дар ҳолати боло бурдани дастрасии ҷамъият, аз ҷумла аҳзоби сиёсӣ ва ВАО ба иттилооти андозӣ, дараҷаи ҷамъоварии андоз ба таври назаррас боло хоҳад рафт.
Формализатсияи бозори замин ва бозори амволи ғайриманқул.
Дар кишвар бо тамоми қувва бозори бузург ва ғайрирасмии замин амал мекунад. Бе ягон шубҳа, тақсими замин дар доираи ислоҳоти замин ба пардохтҳои ғайрирасмӣ ифодаи ғайримустақим пайдо намуданд. Ба истиснои он заминҳои наздиҳавлигии шаҳрӣ ва деҳот ва инчунин заминҳои берун аз шаҳр ҷудошуда, ки аз истифодаи истеҳсолӣ бароварда шуда, барои сохтмони истиқоматӣ дода шудаанд, пардохтҳои ғайрирасмӣ доранд. Воқеан заминҳои берун аз шаҳрӣ вазифаи таъмини озуқавориро иҷро мекарданд, ки идомаи аз гардиши хоҷагӣ баровардани онҳо бояд масъалаи ҷиддӣ барои баррасии мақомоти амнияти миллӣ гардад. Ҳамаи муомилаҳои ғайрирасмии дар боло ишорашуда нисбати мавзеъҳои замин, ва ҳатман супоридани андоз зарурият дорад. Охир сухан дар бораи муомилаҳое меравад, ки метавонад бо миллиардҳо сомонӣ баробар бошанд. Ин чиз инчунин ба нодурустии амалияи хусусигардонӣ ва ба бозори амволи ғайриманқул низ дахл дорад.
Идома дорад
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |