АКС: Қазияи тазоҳурот, таҷовуз ба номус, боздошти тоҷикон ва "истироҳат"-и сафорат

Гуруҳи 11-нафараи ҷавонони тоҷик, ки рӯзи 17-уми июл зимни тазоҳурот дар назди консулгарии Тоҷикистон дар Маскав боздошт шуда буданд, аллакай ҳамаашон раҳо шудаанд.
Дар ин бора Бахтиёр Абдуллоев, яке аз наздикони боздоштшудагон дар суҳбат ба “Озодагон” хабар дода, афзуд, ки тазоҳурот асосан барои пардохт нашудани ҷубронпулии зарардидагони садама дар метрои Маскав буд. Аммо ба гуфтаи ӯ зимни тазоҳурот дар назди консулгарии Тоҷикистон як зани тоҷике пайдо шудааст, ки яке аз тазоҳуротгаронро дар таҷовуз ба номусаш муттаҳам кардааст. Абдуллоев аз қавли боздоштшудагон гуфт, ин зан ба пулис изҳор доштааст, ки яке аз тазоҳуротгарон дар метрои Маскав ба номусаш таҷовуз намудааст: “Баъде, ки пулис ҳамаро ба шуъбаи корҳои дохилӣ бурд, ин зан натавонистааст даъвояшро асоснок кунад ва изҳор доштааст, ки аз гуноҳи бача гузаштааст, агар ба ӯ 10 ҳазор рубл ҷуброн диҳад.”
Ба иттилои Абдуллоев 10 ҷавони боздоштшуда баъди 6 соат ва ҷавоне, ки дар таҷовуз ба номус муттаҳам шудааст, имрӯз, 19-уми июл аз боздошт раҳо гардидааст.
Ин дар ҳолест, ки аксҳои боздошти ҷавонони тоҷик субҳи имрӯз, 19-уми июл дар шабакаи фейсбук нашр гардиданд. Ҳамчунин дар Фейсбук навори садоие мечархад, ки яке аз боздоштшудаҳо дар он баромад карда, гуфтааст, онҳоро ба идораи пулис мебаранд.
Ин нафар, ки аз ӯ ном бурда намешавад, дар ин навор мегӯяд, онҳо дар назди консулгарӣ ҷамъ омада буданд, то аз мақомот бихоҳанд, кумакпулии ҷониби Русияро ба қурбониёни тоҷики садамаи метрои Маскав бидиҳад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ин гуруҳи даҳнафарӣ, гӯиё ин маблағ ҳафт миллион рубли русӣ буда, то ҳол дастраси хонаводаи қурбониён нагардидааст. Дар садамаи метрои Маскав, ки субҳи 15 июл иттифоқ уфтод, ду сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки аз як хонавода будаанд, ҷон бохтанд. Ҷасади онҳо рӯзи ҷумъа ба хок супорида шуд.
Талаби дувуми тазоҳугарон ин будааст, ки чаро то ин дам Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба хонаводаи қурбониёни тоҷики садамаи метрои Маскав арзи тасаллият нагуфтааст.
Бо ин ҳол, дар бораи ин қазия сафорат ва консулгарии Тоҷикистон расман шарҳе пахш накарданд. "Озодагон" субҳи имрӯз, шанбеи 19-уми июл тариқи рақамҳои +74956906102 бо сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар тамос шуда, шарҳи қазияро хост, аммо мусоҳиби мо иброз дошт, ки "имрӯз, рӯзи корӣ нест, рӯзи душанбе занг занед."
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |