Бахшҳо
12 июн 2014 13:36Тоҷикистон / Сиёсат

Мансаби нави Маликшо Неъматов ва подполковник Абдуллозода

Маликшо Неъматов, сафири тозатаъини Тоҷикистон дар Олмон, дар як суҳбати ихтисосӣ гуфт, ҳадафаш муаррифии кишвар дар қораи Аврупо ва ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба Тоҷикистон мебошад. Ҷаноби Неъматов, ки то ин дам ба ҳайси раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ кор мекард, рӯзи 11 июн бо фармони раисиҷумҳур сафири нави Тоҷикистон дар Олмон таъин гардида, курсии худро дар ихтиёри Абдуллозода Аҳтам Рустам гузошт.

Маликшо Неъматови 45-сола зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон буда, аввал Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог-шарқшинос ва баъдан Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Ӯ фориғуттаҳсили Академияи хидмати давлатии Русия мебошад. Ӯ аз соли 2007 ба ин сӯ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон буд ва ҳамзамон ба ҳайси муовини президенти Кумитаи миллии олимпӣ кор мекард.

Маликшо Неъматов дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, қабл аз содир шудани фармон бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти хос дошт ва раисиҷумҳур аз ӯ хостааст, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар хориҷ аз кишвар талош бикунад. Ба қавли мусоҳиби мо, ӯ то ин дам узви кумисюни байниҳукуматии Олмону Тоҷикистон буд ва аз ҳолу ҳавои он кишвар ба хубӣ огоҳ аст.

“Ин як масъулияти дигар аст. Бояд манфиати миллиро ҳифз карда, муносиб ба бовари раҳбари кишвар кор кунем. Баъдан, ба Тоҷикистон сармоягузоронро оварда, корхонаҳои нави муштарак боз намоем. Дастури президент ҳам ин буд, ки ҳамкориҳоро бо Иттиҳодияи Аврупо, махсусан Олмон, тақвият бахшем. Борҳо дар намоишгоҳҳои сайёҳӣ дар он кишвар иштирок карда, бо созмонҳои олмоние, ки дар кишвари мо фаъоланд, низ ҳамкорӣ доштем”,-гуфт сафири нави Тоҷикистон дар Олмон.

Маликшо Неъматов дар идома дар бораи Абдуллозода Аҳтами Рустам, раиси нави Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ низ суҳбат кард. Ӯ гуфт, Абдуллозода Аҳтам Рустам қаблан ба унвони сардори шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон машғули кор будааст. “Абдуллозода Аҳтами Рустам ҷаҳонбинии васеъ дорад ва таҷрубаи мактаби бузурги дастгоҳи президентро гирифтааст. Ӯ метавонад дар ин самт муваффақ бошад”,-афзуд Неъматов.

Абдуллозода 34 сол дошта, дар деҳаи Андароби ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Ӯ соли 2002 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшиноси байналмилалӣ хатм кардааст. Рутбаи ҳарбии подполковник дошта, бо медалҳои ҷашнии «80 солагии Ташкилоти мададгори мудофиа», «85 солагии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «85 солагии милитсияи Тоҷикистон» ва «15 солагии Гвардияи миллии Тоҷикистон» мукофотонида шудааст. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.
Мӯҳр
ЧАБОРНАЗАР
Ман намефахмам Хамин масъала ду мох пеш баромада буд боз тенчишуду овозахо дар байни мардум пахн шуд вале Маликшо рад кард ки сафир нест Ина аку хозир мебинем, ки сафир шидаст! Ба хама овозахо бовар кардан мумкин аст!!! Чунки чизе,ки аз дахони мардум мешунави хамон мешавад!!!

Аааа ман фахмидам, ки чаро махз Маликшоро дар Олмон сафир таин карданд! Чунки як чан мох пеш мошинхои дуздиро олмонихо ба гардани хешу табори президент бор карданд! Акнун касе даркор аст, ки олмонихоро бовар кунонад, ки вай мошинхо дар дасти афроди президент нестан! Чунки Маликшо дар гап усто аст!!!

Democrat
Неъматов инсоне аст, ки худнамоишдихиро дуст медорад.

Абдуллозода Аҳтам Рустам писар ва ё домоди ки бошад? Чаро дар ин бора маълумоте нест?

Маликшо одами созай, леки да хами вазифаи чавонхо хич кора карда натонист, аку сафир шида чи кор мекна? Чавоб - хиччи, хоки сиях!

Dev
ЧАБОРНАЗАР,
Ba gap usto budani shoMalik baroi olmoniho kurbe nadorad.malikShoro behtar mebud na ba Olmon balki ba Saudi, Kataru Irok rohi mekardan, Olmon yake az davlathoi hele nozuku kalidii jahon ast , safsatahoi in tojiki "dono" onjo beroh ast.

чаноб
Чаро аз дигар мтнтака не?боз аз Кулоб! Бовар кнед ягон руз взрыв аник мешава!

Дониста бошед, бачаҳо! Сафир ин зинаи ахири хидмати давлатӣ аст. Пас аз он... дар лаби ҷӯй каҷпаҳлӯ ва дар наздаш як чойнак чойи кабуд...
Дар бораи ҷалби сармояи хориҷӣ сафир Маликшо кӯшиш накунад ҳам мешавад. Бо ин ифраструктурае, ки дар Тоҷикистон ҳаст (мабахшед: умуман нест!) сармоягузорон аҳмақ нестанд, ки ба инҷо сар бизананд. Мушкилоти асосӣ - номуназзамӣ ва бесифатии барқ дар тули сол аст. Бе барқ ягон кор карда намешавад! Пас аз он, мушкилотро андоз ва андозбандӣ, бюрократия, фасод дар ниҳодҳои дахлдор, бехатарии тиҷорат (бизнес), набудани синфи коргари бомаҳорат ва персунали техникӣ ва инженерони баландихтисос ташкил мекунанд. Вале яке аз умдатарин камбудӣ - беинтизомӣ ва бемасъулиятии мардуми маҳаллӣ аст! Сармоядори хориҷӣ пеш аз овардани пулаш ба Тоҷикистон ҳамаи ин масъалаҳоро дақиқан, нуқта ба нуқта меомӯзад ва....сипас.... нияти омадан ба Тоҷикистонашро ба садсолаи оянда вогузор мекунад.)))))
Аз ин хотир, оқои Маликшо, дар Олмони зебоманзар ва покизакорон баҳузур тамошо карда бигардед. Таърихашро хонед, ба курсҳои забони немисӣ равед, дипломатияро омӯзед... Соҳаи варзишу ҷавонон дигару дипломатия дигар аст. Шояд ин маълумот бештар ба дардатон мехӯрад.

То дарачае дуругу шудаанд, ки тарчумаи холашонро бе дуруг навиштан наметавонанд. Кай дар нохияи Кулоб дехаи Андароб вучуд дошт? Хозир як фели бади дигаре пайдо кардаанд, ки тарчумаи холашонро дуруг менависанд, махали тавалудашонро иваз карда ба чашами халк хок мепошанд. Бо ин фел ое ягон сабукие е ободие ба халку ватан дар нияташон бошад?

Салом, ба раиси нави кумитаи чавонон,варзиш ва сайехибарори кор хохонем. Аз Шумо хохиш дорем фаьолияти кории худро аз тими дзю-до огоз кунед. Сармурабии тими миллии гуштии дзю-доро иваз кунед!

Аз тамоми минтакахо дар Хукумат хастанд. Чашмонатонро калон кушода нигох кунед. Дар макомотхои давлати танхо рохбари аввал аз ин минтака бошад, дигар 90 фоизи рохбарони дуюм ва кормандон аз дигар минтакахоанд.Ин мардум махалгаро нестанд.

Бовар кунед хамин мардуми манотики Кулоб чахонбинии васеъ доранду назари танг вазифаро мисли чуробаки по иваз менамоянду гуе ки камбудие надоранд

порсо
шумохо хеч вакт мафиати миллатро химоя намекинед аввал манфиати хутона химоя мекинен агар хаминтур мебуд точиак дар руссия хору залил равшану чамшуд намешид дар олмон бошад тем более ин афсонахоро мрадуми точик бисер ш инидай рутуна сиях накунен тайин кард н хапу дам равен аз пайи зиндагитун

Озод
Ахтам грамотный парен я с ним работал

Бетараф
Чавоб ба Андароби!!!!!!!!!!
Бадии кор дар ин аст, ки одаме , ки Кулобро дуруст намедонад худ имруз дигаронро ба дуруггуи муттахам намуда истодааст. Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки дар нохияи Кулоб Чамоати Зарбдор мавчуд аст, ки дар он дехае бо номи Андароб расман ба кайд гирифта шудааст. (Байни Саросиёб ва Панчосиё). Барои курон хатто бо харфхои калон номи деха дар даромадгохи он нависта шудааст (хангоми фаромадан ба Беморхонаи минтакавии №1). Андароби пеш аз оне, ки ба як кас сузан халонида мешавед, аввал онро дар тани худат зер кун. Кадоме, ки хасти номи Андаробихоро паст назанд (Кори худат ба монанди хамин гуфтахост "Аблах аз бом афтад гардани мо бишканад).

Шамсия,


Шамсия намедонам ин номи ростиат аст ё не. Лекин ба маълумоти Шумо мерасонам, ки Абдуллозода Аҳтам Рустам писари рахматии акои Рустам (собик мухбири Кулябская правда), муовини сардори Раёсати амният дар минтакаи Кулоб .... ба фикрам барои худат барин булхавас хамин кадараш бас аст.ЧАБОРНАЗАР,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)