Муҳиддин Кабирӣ дар парлумон: “Ҳамла ба вакил таҷовуз ба сохтори давлатӣ аст” (ВИДЕО)
Ҳумайрои БАХТИЁР
Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, рӯзи 11 июн дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси Намояндагон ҳамлаи як гуруҳ бо тухму помидор ба ӯ ва тарфдоронаш дар шаҳри Кӯлобро дар миён гузошт. Ӯ гуфт, “ин ҳамлаи тарҳрезишуда, ҷинояти созмонёфта ва дастдарозӣ ба вакили парлумону сохтори ҳукуматист”.
Оқои Кабирӣ дар оғози сӯҳбаташ гуфт, “вақте имрӯзҳо дар бораи ҷашни ваҳдат суҳбат мекунем, баъзе аз дӯстон хостанд, як тарафи сулҳ, як ҳизби сиёсиро табрик кунанд, ки ташаккур мегӯем. Вале ҷиддӣ бигӯем, ин ҷиноят буд. Ҷинояти созмонёфта. Ҷиноят зидди як шахс не, зидди сохтори давлатӣ буд. Дастдарозӣ ба вакил дастдарозӣ ба сохтори ҳукуматӣ аст. Аз сохторҳои қудратӣ хоҳиш мекунам, аз ин зовия ба ҳодиса баҳогузорӣ кунанд. Ин дархости шифоҳии мо расман ба Додситонии кулл расонда шавад.”
Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар идома афзуд, “як гуруҳ аз ҳеч кас ва ҳеч қонун тарс надоранд, барояшон оромиву сулҳ аҳамияте надорад ва ҳар чизе хоҳанд, анҷом медиҳанд. Ин кор тасодуфӣ нест. Ин паёмро ба мо, ба ҷомеа фиристоданд ва нигарони ман ҳам аз ҳамин аст. Агар ҳадафи мо ҳангома кардан мебуд, дар дафъаҳои гузашта низ ҳангома мекардем. Вақте муовини раиси пулиси як ноҳия ба вакили парлумон гуфт, агар наравӣ, дасту поятро баста мебарем. Вале мо ҳангома накардем. Ба хотири сулҳу субот. Гуруҳҳое, ки авбошсифат ҳастанд, аз сабри парлумон, ҳизбҳои сиёсӣ ва мухолифон истифодаа мекунанд, инро заъфи мо ҳисоб менамоянд. Ҳар чи қадар мо фарҳанги сиёсиро нишон диҳем, онҳо ҳамон қадар далертар мешаванд. Чигуна мешавад, ки як гуруҳи авбош, ки зан ҳаст, ҷавон ҳаст, ба сари вакил, ба дафтари ҳизбҳои сиёсӣ ҳамла мекунанд. Ҳатто президент ҳам дар ин бора мавқеи худро ошкор нагуфтанд, то инҳо ба ҷазо кашида шаванд. Шояд вақти он расидааст, фаҳмонда шавад, ки вакилон, ҳизбҳои сиёсӣ соҳиб доранд. Ман хоҳиш мекардам, вакилону парлумон ҷиддӣ қабул кунанд. Ҳодисаҳои солҳои навадумро ба ёд биёред, аз гаравгонгириву латту кӯби вакилон сар шуда буд. Набояд ин иштибоҳ дигар такрор шавад.”
Муҳиддин Кабирӣ дар ин сӯҳбаташ дар парлумон аз созишномаи сулҳи тоҷикон ҳам ёдоварӣ кард ва гуфт, “барои миллат сулҳ кардем ва гуфтем, фаромӯш шуд, дигар кинаву кудурат нест. Дар созишнома навиштем, ғазаби Худо ва лаънати Худо ба касе бод, ки он ҳодисаҳоро ёдовар мешавад барои сиёҳ кардани якдигар. Вале чӣ шуд, ки вазъ якбора тағйир хӯрд? Мо якдигарро бахшидем. Даҳ ҳазор муҷоҳидро ба давлат бахшидем, ки то ҳол марзу бумро аз душманон муҳофизат мекунанд. Мо ягон ҷиноят кардем, камбудӣ кардем? Агар ба мо мантиқона бифаҳмонанд, ки ҲНИТ замоне барои миллат, барои сулҳ даркор буду ҳоло ба амнияти Тоҷикистон хатар дорад, мо менишинем бо хоҳарону бародарон, маслиҳат хоҳем кард, қабул хоҳем кард. Вале бо ин роҳу услуб намешавад. Сиёҳ кардан, наворҳо. Чи гуна давлат наметавонад пеши роҳи ин ҳамаро бигирад? Оё намешавад, ки пеши роҳи онҳо гирифта шавад? Агар мақомоти мо ин қудратро надоранд, пули мардумро барои чӣ мегиранд? Ин ду сабаб дорад, ё аз уҳдаи кор намебароянд ва ё худашон шариканд. Варианти севум вуҷуд надорад.”
Оқои Кабирӣ аз вакилон барои он ки сӯҳбаташ, ба гуфтаи ӯ, андаке тӯлонӣ шуд, маъзаратхоҳӣ кард ва гуфт, ин ҳарфҳо бояд дер ё зуд гуфта мешуданд. “Эҳсоси масъулият кунем, то ин сулҳу ваҳдат аз байн наравад, заиф ншавад. Баръакс, таҳким бахшем. Мо омодаем, аз мо парҳез накунанд, нагурезанд. Дар ҳамин даҳ рӯзе, ки то ҷашни ваҳдат мондааст, парлумон ба мардум паёми умедворкунанда диҳад. Мардум бовар кунанд, ки сулҳу ваҳдат пойбарҷост ва ҳеч кас даст накашидааст. Иҷоза надиҳем, ки душманон аз ин ихтилофҳо истифода кунанд. Як гуруҳ коре карда истодаанд, ки президент дар чашми қисме аз мардум сиёҳ шавад ва президенти мардумӣ муаррифӣ нагардад. Бояд душманони сулҳу ваҳдатро дар дохили оппозитсия наҷуст”,-таъкид дошт.
Рӯзи 10 июни соли ҷорӣ, баъд аз сӯҳбати Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонони Кӯлоб, ки дар ҳавлии раиси дафтари ҲНИТ дар минатқа баргузор шуд, гуруҳе аз соикнон бо тухму помидор ба онҳо ҳамла оварданд. Ба иттилои масъулони ҲНИТ, ҳангоми беруноии иштирокдорони вохӯрии Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонон бархе аз сокинон ба онҳо ҳамла карда, сӯяшон тухми мурғу помидор партофтаанд.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сардабири нашрияи ҳизбии “Наҷот” мегӯяд, масъулони ҲНИТ дар Кӯлоб ҳузури кормандони амниятиро миёни афроде, ки ба Муҳиддин Кабирӣ ҳамла кардаанд, шинохтаанд. Ба гуфтаи Сайфуллоҳзода, гӯиё дар роҳи баромади корвони мошинҳои ҳайати ҲНИТ ба шоҳроҳ тамбаи сунъӣ эҷод карда шудааст, то ҳамлагарон ба ҳадафи худ бирасанд: “Теъдоде аз мошинҳо роҳро банд карданд, то ба роҳ баромадани мошинҳои ҳайат ба таъхир уфтад ва эҳтимол вуҷуд дошт, ки ҳамлаварон аз дигар ашё низ кор бигиранд.”
Муҳиддин Кабирӣ дар ҷаласаи рӯзи чоршанбеи Маҷлиси Намояндагон барои суҳбат иҷоза хост, то ҳодисаро шарҳ бидиҳад. Бори аввал Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумон, гуфт, дар ин бора бо Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ суҳбат кардаасту ҳоҷат ба баёни он нест. Аммо вақте раиси ҲНИТ бори дувум барои суҳбат иҷоза пурсид, аксари вакилон ризоият доданд ва Зуҳуров низ мухолифат накард. Аммо раиси парлумон пеш аз шунидани ҳарфҳои Муҳиддин Кабирӣ дар бораи ҳамлаи як гуруҳи сокинон бо тухму помидор ба ӯ ва тарафдоронаш дар Кӯлоб, ба вакилон даҳ дақиқа танаффус дод. Ӯ гуфт, ҳоло як занги муҳими телефонӣ дорад ва баъд аз анҷоми суҳбаташ оқои Кабириро гӯш хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |