ВИДЕО: Ҳамла бо тухму помидор ба Муҳиддин Кабирӣ баъд аз мулоқоташ дар Кӯлоб
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳамлаи як гуруҳи сокинони Кӯлоб ба Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раиси ин ҳизб, баъд аз вохӯриаш бо ҷавонони ин минтақа хабар медиҳад. Ба иттилои масъулони ҲНИТ, ҳангоми беруноии иштирокдорони вохӯрии Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонон бархе аз сокинон ба онҳо ҳамла карда, сӯяшон тухми мурғу помидор партофтаанд.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сардабири нашрияи ҳизбии “Наҷот” мегӯяд, масъулони ҲНИТ дар Кӯлоб ҳузури кормандони амниятиро миёни афроде, ки ба Муҳиддин Кабирӣ ҳамла кардаанд, шинохтаанд. Ба гуфтаи Сайфуллоҳзода, гӯиё дар роҳи баромади корвони мошинҳои ҳайати ҲНИТ ба шоҳроҳ тамбаи сунъӣ эҷод карда шудааст, то ҳамлагарон ба ҳадафи худ бирасанд: “Теъдоде аз мошинҳо роҳро банд карданд, то ба роҳ баромадани мошинҳои ҳайат ба таъхир уфтад ва эҳтимол вуҷуд дошт, ки ҳамлаварон аз дигар ашё низ кор бигиранд.”
Сардабири нашрияи расмии ҲНИТ меафзояд, афроди ҳамлагар ҳатто сӯи онҳо сангпартоӣ низ кардаанд, ки ба касе нарасидааст. Рӯзи 10 июн дар пайи баста шудани қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб дар ҳавлии раҳбари бахши ҲНИТ дар ин минтақа сурат гирифтааст. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси ҲНИТ, гуфт, қарор буд, ин мулоқот дар дафтари ҲНИТ дар Кӯлоб баргузор гардад.
“Баъд аз он ки дари қароргоҳро муҳр заданд, мулоқот дар ҳавлии Муҳаммадшариф Набиев, роҳбари бахши ҳизбамон дар Кӯлоб, баргузор гардид”,-афзуд ӯ. Файзраҳмонов илова кард, Муҳиддин Кабирӣ тасмим дорад, рӯзҳои наздик бо ҷавонони Хуҷанд низ мулоқоте анҷом бидиҳад: “Дар Душанбе ҳар моҳе як бор мулоқоти раиси ҲНИТ бо ҷавонон баргузор мегардид. Дар ин мулоқот пешниҳод шуд, ки чунин чорабинӣ дар минтақаҳои кишвар низ доир гардад. Ин пешниҳод пазируфта шуд ва мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ дар минтақаҳои кишвар бо ҳузури ҷавонон баргузор мегардад”.
Субҳи 10 июн масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз баста шудани дарҳои дафтари худ дар шаҳри Кӯлоб хабар доданд. Тавре масъулони ҲНИТ хабар доданд, дафтари ин ҳизб дар шаҳри Кӯлоб аз сӯи нозироти андози ин минтақа ба хотири нагузаштан аз қайди ин ниҳод баста шудааст. Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ, ин амали масъулини нозироти андози Кӯлобро ғайриқонунӣ донист. Ӯ гуфт, “кумитаи молиёт чунин як ҳуқуқ надорад, зеро масъулини шуъбаи ҳизб дар минтақаи Кӯлоб ҳамчун кормандони ҷамъиятии ҳизб фаъолият менамоянд. Онҳо расмӣ нестанд, маош намегиранд”.
Муовини раиси ҲНИТ аз он ибрози нигаронӣ кардааст, ки масъулини бахшҳои ҳизб на танҳо дар Кӯлоб, балки дар аксар манотиқи кишвар низ бо чунин мушкил рӯбарӯ ҳастанд. Маҳмадалӣ Ҳайит ин иқдоми масъулини нозироти андози Кӯлобро амали тарҳрезӣшуда ном бурда, гуфтааст: “Мақомоти андоз ин корро метавонистанд бо роҳи даъват ё ҳадди аксар бо роҳи додгоҳӣ ҳал кунанд. Вале амали мазкур бо дастури мақомот ба хотири монеа эҷод кардан ба вохӯрии ҷавонон бо Муҳиддин Кабирӣ аст, ки идомаи фишорҳо дар доираи «Протоколи 32-20» мебошад, сурат гирифтааст.”
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |