Бахшҳо
19 май 2014 10:02Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Хонаводаи Амонулло Ҳукуматулло ба Олмон кӯч бастаанд?

Азиза Рӯзиева, яке аз осебдидагони садамаи шаби 9 октябри соли гузашта дар маркази Душанбе, ки бо иштироки “БМВ”-и Расули Амонулло, писари собиқ раҳбари ширкати Роҳи оҳан, иттифоқ уфтода буд, мегӯяд, касе барои идомаи муолиҷаашон кумак намекунад. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, хонаводаи Амонулло Ҳукуматулло ваъда дода будаанд, дар сурати даст кашидани инҳо аз даъво, тамоми харҷи табобаташонро пардохт мекунанд.

“Рӯзи 18 май ба Суннат, яке аз намояндагони хонаводаи Амонулло Ҳукуматулло, занг зада хоҳиш кардам, барои муолиҷа ёрӣ расонанд. Зеро ҳангоми забонхат гирифтан ваъда дода буданд, ки тамоми харҷи табобатро ба дӯш мегиранд. Аммо Суннат гуфт, хонаводаи Амонулло Ҳукуматулло ба Олмон кӯчида рафтаанд ва дигар ба ӯ кумак карда наметавонанд”,-афзуд Азиза Рӯзиева.

Мусоҳиби мо илова кард, “рӯзи 22 май бояд ба бемористон равам. Пойҳоям ҳаракат намекунанд, табобат кардан зарур аст. Моҳи август бояд ҷарроҳӣ кунанд.” Ба қавли Азиза, модари Сурайё, ки дар ин садама ба ҳалокат расида буд, аз даъвояш даст накашида, ба Эмомалӣ Раҳмон – раисиҷумҳури Тоҷикистон нома фиристодааст.

Садамаи шаби 9 октябри соли 2013, ки дар маркази шаҳри Душанбе иттифоқ уфтод, се кушта ва се маҷруҳ бар ҷой гузошт. Мақомот дар лаҳзаҳои аввали ин садама Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси собиқи ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳам эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писари 16-солаи Амонулло Ҳукуматулло, рух додааст. Баъдан мақомоти умури дохилӣ нафареро бо ному насаби Умар Шарифов мавриди ҷустуҷӯ қарор доданд, ки зоҳиран гунаҳкори қазия ӯ будааст.

Бо ин ҳол, ин садамаи маргбор дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои мухталифро ба бор оварад. Дар пайи эълони номи Расули 16-сола дар ин садама аксҳои мухталифи ӯ бо мошини БМВ-яш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда, хабари ба Олмон фирор кардани ӯ низ паҳн гардид. Аммо Амонулло Ҳукуматулло ин ҳамаро иттиҳоми сохтаву бофта номида ва гуфт, расонаҳо дар мавриди садамаи шаби 9 октябр ахбори беасос ва носанҷида нашр мекунанд.
Мӯҳр
додгар
вақте ки аз шикоят даст кашиди бояд бо ягон ҳуқуқдон суҳбат мекарди то роҳи замонат барои дарёфти кумаки ҲУКУМОВро нишон медод
у гуфт А ДХТА ГУМШ К ШИКОЯТ НАКУ ҲАМАША ТЕНҶ МЕНЕМ ва ту содда ҳам бовар карди?

Ман инхоро нагз мешиносам ва медонам ки чанд соли кабл хамсари Амонулло Хукуматулло шахрвандии Олмонро гирифта буд. Вале дар як чиз хайронам чаноби Оли тарики телевизион гуфта будан ки фарзанди касе набошад чазояшро мегирад магар чазои ин хамин 80 сомони буд ки хамунам зани Амонуллр Хукуматулло пардохт ?

Шариф
Писари Амонулло се нафарро кушту ссе каси дигарро мачрух кард!!! Аммо чазояшро нагирифт!!! Ин хама беадолатихо аст, чунки то хол казия кашол меёбад ва охиста охиста аз ёди мардум мебарояд! Аз ёди мардум, ки баромад хатман ВКД-хам фаромуш мекунад!!!
Чаро Зайди бегунох, бо тухмат ба кунчи зиндон рафт! Худованд мардуми гамгини ранчдидаи точикро аз ин балохо рахо кунад, хакро бар нохак голиб биёрад! Омин!!!

Карлукзода
Шариф чи гапхое мезани,точик имруз ба ном ватан дорад.Сухан дар дигар чост....Точикро хамин мардум ба Чамшуд табдил доданд

Кочмаган номард дия. Хамту мы Хукумов.

01
Карлукзода,
харидамат як лексус балоноша карди фуссс!!!

РУСТАМИ ПИСАРИ АМОНУЛЛО ДАР ДУБАЙ ГАШТЕСТАЙ. УМАР ШАРИПОФ ХАМ НАВ ЯК МОХ ПЕШ БА ТОЧИКИСТОН САФАР КАРД АЗ ДУБАЙ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)