Шикояти Асрор Булбулов ва ирсоли қазияи Сайидумар Ҳусайнӣ ба додситонӣ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри гузорише қазияи Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломиро шарҳ додааст. Оқои Ҳусайнӣ рӯзи 28 апрел ба унвони вакили парлумон барои расонидани мӯҳтавои паёми солонаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба маркази вилояти Бадахшон рафта, аммо ба гуфтаи худаш, мавриди ҳамлаи як гуруҳи иборат аз 15 нафар қарор гирифтааст.
Масъулони ВКД дар гузориши худ аз ягон ҳамлае ёдоварӣ накарда, баръакс гуфтаанд, дар ҷараёни сафари Сайидумар Ҳусайнӣ ба Хоруғ миёни онҳо ва аъзои ҳизбашон муноқиша бархостааст. “Ҳангоми гуфтушунид миёни аъзои ҲНИТ ва собиқ раиси дафтари ин ҳизб дар шаҳри Хоруғ Асрор Булбулов муноқиша ба миён омадааст”,-менависад торнамои ВКД.
Ба гуфтаи манбаъ, шоҳидони ҳодиса, аз ҷумла Асрор Булбулов мавриди бозпурсӣ қарор гирифтаанд. Оқои Булбулов, ки соли гузашта тавассути телевизионҳои давлатӣ масъулони ҲНИТ-ро зери бори танқид гирифта буд, гуфтааст, “Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ ва Шонаими Карим, раиси дастгоҳи ин ҳизб ба воситаи баромади худ дар дигар минтақаҳо мардуми Бадахшонро бо гапҳои пасту баланд таҳқир намудаанд. Бинобар ин, мо аъзои Ҳизби Наҳзати Ислом дар Бадахшон рафта, ӯро маҷбур сохтем, ки аз мардуми мо узр пурсад.”
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, то ҳол дар ин замина Сайидумар Ҳусайнӣ ва Шонаими Карим ба идораи пулис наомада, ягон арзу шикоят низ накарданд. “Бинобар ин, дар марвиди маводи ҷамъоваришуда қарори лозимӣ қабул карда шуд ва барои мувофиқа ба Додситонии шаҳри Хоруғ фиристода шуд”,-навиштааст торнамои ВКД.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |