Бахшҳо
10 фев 2014 14:50Тоҷикистон / Сиёсат

№016473. Корти Азиза Солиева ё марди муттаҳам ба таҷовуз?

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) кортеро, ки мақомоти амниятӣ дар гузориши телевизионии худ ба Маҳмадулло Холов, нафари муттаҳам ба таҷовузи ду ноболиғ, мутааллиқ дониста, ба намоиш гузоштанд, тақаллубӣ хондааст.

ҲНИТ гуфтааст, рақами корте, ки мақомот онро моли Маҳмадулло Холов медонанд, №016473 буда, он ба Азиза Солиева, узви ҲНИТ, дар Исфара мансуб аст, на марде, ки дар таҷовузи ду духтари ноболиғи ӯгаяш (духтарандараш) муттаҳам мешавад. “Ба ҳар ҳол, ин гуна сохтакориву тақаллубкориҳои мақомот алайҳи ҲНИТ ҳадафмандона буда, кадом шакку шубҳае дар ин маврид нест”,-навиштааст торнамои ҲНИТ.

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар гузорише, ки шоми 7 феврали соли ҷорӣ тавассути шабакаҳои давлатӣ пахш кард, аз боздошти Маҳмадулло Холов, табиби мардумӣ дар вилояти Суғд, ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси ноболиғон хабар дод. Ин ниҳод мегӯяд, Маҳмадулло Холов, ки аз соли 1991 ба ин сӯ, гӯиё узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад, дар дастдарозӣ ба номуси ду духтарандар ё духтарони ӯгайи ноболиғаш муттаҳам мешавад.

Ба гуфтаи Кумитаи амният, гӯиё ин табиби мардумии тоҷик -- Мадинаи 17-сола ва Рухшонаи 13-соларо ба таври зӯроварӣ таҷовуз кардааст, ки дуюмӣ дар синни 15-солагӣ соҳиби фарзанд шудааст. Худи Рухшона низ, ки дар ин бора дар барномаи телевизионӣ суҳбат мекард, ин ҳамаро таъйид карда, гуфт, ба хотири тарс дар бораи ин ҳамхобагӣ бо падарандараш ба модари худ иқрор намешудааст: “Соли 2007 ман аз пияндарам ҳомиладор шуда, соли 2008 фарзанд ба дунё овардам.”

Кумитаи амнияти миллӣ дар гузориши худ аз рух додани ин гуна ҳодисаҳо дар кишвар нигаронӣ карда, мегӯяд, ҳоло замоне расидааст, ки бояд қонуни ҷиноии кишвар дар мавриди ҷазои таҷовузгарон бознигарӣ шавад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Самариддин
Бесарусомонй дар нахзат даврони бозсозиро ба ёд меорад, ки як нафар дар ду соат ба се хизб аъзо шудаст. Инчо масъала дигар аст: як билет ба ду нафар. Харки пеш омад навишта додан гирифтаанд. Аъзо зиёд шавад гуфта...

Донишчу
Хайр ракам ба номи кас дигар будааст,имзои Кабириро чи хел гирфитанд???Дувум ахамият дихед, мухр ва имхо аз болои ному насаби ин тачовузагар аст омадааст. ХНИТ бьехатарш номатогро ба хизби тачовузгарон табдил дихед.

когар
Донишчуи МУХТАРАМ
ту худат дар кадом аср зиндаги дори? Оё намедони ки хозир хама корро кардам мумкин аст ба воситаи компютер. Бехуда додувой накун мардако доказат кардан ки вай худозадаи чодугари зинокор узви ин хизб набудааст. Боки саломат бошед

Собир
Эй хизби хоким ва лаганбардорони фаьрикаи чавоб ! Худо занад шумо тухматгарони беномусро. пеш аз нахзат чандин муллои дигарро тухмат карда ба зиндони фиристодед аввал пеши раписони худатонро гиред ки аз дасташон на ракоса монду на артисту на духтари ноболиг. Даи ин кор хизби шумо ХХДТ устод аст.бехтар аст фикри уиёмати худро кунеду тухматчихои кумаитаи амнияту дигарро . албата то рузе ки дар мансабед баъди пеш кардан аз мансаб окибати шумо хам мисли ана хамон чанд касе мешавад ки худкуши карданд ё худро ба дарё партофтани шудан. шармандаъхо милатро дар тамоми дунё бо зинокориву дузди шарманда кардед факат барои мансабатон

илхом
Аз огои Кабири хохиш дорам,ки як бор хамаи аъзоёни ХНИТ-ро аз аввал то охир аз назар гузаронад,то ки душманони дини Ислом дигар дар хаки Ислом сухани баде гуфта натавонанд.Ва ин табиби бадбахт дар кадом хизбе ки набошад бояд,ки чазои худро гирад

Саид
Ба ХНИТ-и будани ин мард ва ин хабар танхо к...лесакхо бовар мекунанд! Шарму хаёро намедонед хукуматихо?! Ё фаромуш кардед, ки болои саратон аз "чаноби олитон" болотар ХУДОВАНДЕ хаст, ки фардо интикоми ин мазлумонро аз Шумо хохад гирифт?! Чонибдоракои хукумат харчи ки мегуйеду менависед як маротиба фикр кунед БОЛОИ САРИ ШУМО ПАРВАРДИГОР АСТ ВА АЗ ДИЛУ АМАЛИ ШУМО ОГОХ АСТ ВА ФАРДО ШУМОРО БАРОИ ИН ТУХМАТХОЯТОН МЕПУРСАД! Агар кофиред пас харчи мегуйед гуфтан гиред! Чун барои инсони беИМОН гуфтану кардани хама чинояту хароми "ОЗОД" аст!

Абдуллоh
Ман тарафдори ягон хизб нестам вале хамчун як фарди мусалмонмегуям ки он малунеки тачовуз ба номуси духтаро кардааст у мусалмоннест хуни багайрихак карда лаънатуллохи алайх аст ба коркунони амният гуфтаниямки тухмати нохак гунохи кабира мебошад дар точикистон ХНИТ ягона хизбест ки дифо аз мусулмонон мекунад хозир сохтани мухраю имзо кори душвор нест1111 чунки асри компютораст карори то хаждахсолая омаданаш манъ ин кори малуъно нест магар телевизони точикистона вакте тамошо мекуни нафратат меояд . факат чапаку -чапак

Донишчу чойи туйи бесавод мактаб не бехтараш ба сахро корба баро! Бо пул ки мехони бо пора ана хамин хел бесавод мемони! Хайфи ту! Наход як имзои Кабирия монда якта когазчая сохтанаш дар асри 21 ба як хукумати калон мушкил бошад

Абдуллоh
хайфи номи доничу шави гумрох

Шайхи Камол
Ин наҳзати девона шудааст: Дар маҳфили дирӯзаи "Зидди шиканҷааш" хабар дод, ки ҷаласаашро писари Абдулфайз Атоев - Сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон (собиқ консули Тоҷикистон дар Эрон) Муҳаммадиқбол Атоев қариб буд, ки вайрон кунад. Имрӯз дар сайташ аз Атоев нею аз хонандагонаш узр пурсид, ки - ин як шайтонгарии навбатиашон буд. Яъне Муҳаммадиқбол писари Абдулфайз Атоев нест.......

ҲНИТ гуфтааст, рақами корте, ки мақомот онро моли Маҳмадулло Холов медонанд, №016473 буда, он ба Азиза Солиева, узви ҲНИТ, дар Исфара мансуб аст, на ба мард.
Фитнаи душманони нахзат боз кор надод, хайф бар ин хел барномае, ки дар ТВ-хо пахш мегарданду халк тамошо мекунанд. БЕ ИН ХАМ ДАР БОВАРИИ ХАЛК НАБУДЕД ВА НАМЕШАВЕД ЭЭЭ ХАЙФ БАР ШУМО.Инак вакти он расидаст, ки рохбарони ин ТВ-хо вазифаро супоранд

ДУШАНБЕ
Гуё, ки аз ситораи дигар хамчун чосус омада бошад. Ин точик аст аз чамъияти имрузаи мо, хаммиллати мо. Аз ману аз ту шуд, окибаташ хамин.

точик
Донишчуи мухтарам хар шахсе,ки принтери ранга дорад бо воситаи компютер метавонад дилхох имзо ва мухрро аз спрвка,бланка,квитанция,корд,беджик,рухсат

Зара
Бубахшед, як чизро нафахмидам? Ин мард соли 1991 аьзои хизб шудааст, вале Кабири ба фикрам соли 2007 раиси ХНИТ шудаги аст!

[Ин мард соли 1991 аьзои хизб шуда будааст, хол он ки Кабири соли 2007 раиси ХНИТ таьин шудаанд. Имзои Кабири? Нафахмидам!

Амир
Донишчу,

Шиносномаатро дех, туро дар давоми 5 дакика фарзанди Ленин мебарорам ё президенти Амрикоят мекунам. Бисёр бесавод будаи. Фотошоп дар асри 21 хама корро мекунад. Ё холо хам бо услуби Сталини тахсил дори, ки ин кадар бесаводи?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)