Ҳукумов ба ИмрӯзНюз: "Медонам, дар пушти Шумо кӣ меистад" (ВИДЕО)
Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), раҳбари корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон, рӯзи 29 январ зимни нишасти матбуотӣ, вақте сухан аз писараш Рустам Ҳукумов рафт, ба нашрияи “ИмрӯзНюз” ҳушдор дода, аз онҳо хост, эҳтиёт бошанд. Раҳбари корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфт, “медонам, соҳиби “ИмрӯзНюз” кист, вале ба ҳар ҳол эҳтиёт кунед.”
Ӯ аз қазияи пирӯз шудани Рустам дар баҳси додгоҳӣ бо “ИмрӯзНюз” ёдовар шуда, илова кард, “ӯ ҳанӯз ин маблағи ҷубронро талаб накардааст.” Вале таъкид дошт, ин амалкарди бархе аз расонаҳои матбуоти даврии Тоҷикистон оид ба қазияи писарашро бе ҷавоб нахоҳад монд.
Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукуматулло, дар авохири соли 2011 рӯзномаи “ИмрӯзNews”-ро дар паст задани шарафи худ муттаҳам карда, аз додгоҳ хоста буд, шаъни ӯро барқарор кунад ва баъдан ин баҳси додгоҳӣ ба нафъи ӯ ҳал шуд. Рустам Ҳукумов соли 2010 бо ҳукми додгоҳе дар Русия барои даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шуда, ин хабар ҳангоми боздошти ду халабони як ширкати русӣ дар Қӯрғонтеппа расонаӣ гардид.
Амонулло Ҳукуматулло дар нишасти хабарии 29 январ раҳоии писараш гӯиё бар ивази ду халабони ширкати русиро беасос донист ва гуфт, аслан қазияи писараш сиёсӣ буд. Ӯ гуфт, дар бораи боздошти ҳавопаймову ду халабони ширкати русӣ аслан хабаре надошт ва таъкид кард, ин ҳама барояш муҳим набуд.
Вай афзуд, мисли Матлубхон Давлатов, собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон, мутаассифона, нашрияҳое надорад, ки ӯро ҳимоя кунанд. “Ман ҳамаи чиро медонам, ки соҳибони рӯзномаҳо киҳо ҳастанд. Кадом нафаре, ки ҷои маро гирифтанист, тоқат кунад, ба нафақа меравам ва касе хоҳад омада ҷои маро бигирад”,-таъкид кард ӯ. Оқои Ҳукуматулло дар идома аз Матлубхон Давлатов як навъ гила карда гуфт, "ӯ ба ман мегӯяд, чаро бачаҳои ману Убайдуллоев нею бачаҳои ту ин корро мекунанд?"
“Дар мавриди писаронам тамоми ҳуҷҷатҳоро ба президент нишон додам. Агар ягон камбудӣ мебуд, маро мемонданд, ки дар ин вазифа боқӣ монам? Дастгирии Ҷаноби Олӣ буд, ки то ин ҷо расидам. Маро дастгирӣ карданд, ёрӣ карданд. Мо ҳам кор кардем. Ман бесавод нестам, таърихро хуб медонам. Исломро ҳам хуб медонам. Агар пасттарин гражданини Тоҷикистон бошам, ба Ватан хиёнат намекунам",-афзуд ӯ.
Вай, инчунин, гуфт: "Шумо маро ягон бор дар телевизион дидед? Чизе, ки ҳаст, ҳамон. Аттор мегӯяд, “Худнамоӣ пешаи Шайтон бувад, Ҳар ки худро кам занад, мард он бувад.” Ман медонам, Шуморо соҳибонатон кӣ аст, кӣ маблағгузорӣ мекунад. Вале ягон бор шунидаед, ки ман ягон нашрияро маблағгузорӣ карда бошам ё нашрия дошта бошам? Фақат чашми Шумо Амонуллоҳ Ҳукуматуллоро мебинад. Дар ҳоле ки корхонаҳо чор моҳ маош намегиранд, касе наменависад. Ҳар рӯз ҳафтнафарӣ мемурад, аммо касе намегӯяд. Агар камбудӣ ҳаст, нависед, айбҷӯӣ кори хуб нест.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |