ВИДЕО: 26 соли зиндон ва мусодираи амволи Зайд Саидов
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25 декабр Зайд Саидов, соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари Тоҷикистони навро аз рӯи 4 моддаи ҷиноӣ ба 26 соли зиндон ва мусодираи амволаш маҳкум кард.
Дар ин бора Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов, хабар дода, афзуд, бо ин ҳукм розӣ нестанд ва аз болои он шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд. “Ин бе шубҳа кори сиёсист ва супоришӣ аст. Дар акси ҳол, Зайд Шерович сафед карда мешуд. Мо ба ҳеч ваҷҳ ба ин ҳукм ва беадолатии додгоҳ розӣ нестем ва то охир мубориза хоҳем кард”,-афзуд Исҳоқ Табаров.
Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи дигари Зайд Саидов дар шарҳи ҳукми зерҳимояаш гуфт, ин парванда аз аввал сиёсӣ буд ва ҳукми сиёсӣ содир шуд. Ӯ аз рафти эълони ҳукм низ интиқод кард, ки бояд пушти дарҳои баста эълон намешуд, “аммо ба ҷуз аз намояндагони мақомот, ки бо камераҳо буданд, Шавкат Абдулхайров -- раисикунандаи парванда, рӯзноманигорони дигарро ба эълони ҳукм роҳ надодааст.” Бо зикри ин, Шӯҳрат Қудратов таъкид намуд, баррасии парванда алайҳи зерҳимояаш аз аввал то охир яктарафа сурат гирифт.
Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон, моҳи майи соли ҷорӣ, ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт гардид. Мақомот ӯро барои бисёрзанӣ, сӯистифода аз мақом, қаллобӣ, ришват ва таҷовуз ба номус муттаҳам карда, ахиран намояндаи додситонӣ барои ӯ 28 соли зиндон хост. Чун боздошти Зайд Саидов дар пайи азмаш барои таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав сурат гирифт, аксарият дастгир шудан ва додгоҳи ӯро сиёсӣ унвон мекунанд. Ин аст, ки дархости додситон низ бо вокунишҳои мухталиф дар ҷомеа рӯбарӯ шуд ва ахиран бархе аз чеҳраҳои саршиноси илму фарҳанги Тоҷикистон бо ирсоли нома аз Эмомалӣ Раҳмон хостанд, то шахсан ба ин қазия расидагӣ карда, барои ҳалли одилонаи он кумак намояд.
Худи Зайд Саидов ҳам дар додгоҳ ҳангоми ироаи сухани охиринаш гуфта, ки худро бегуноҳ мешуморад ва тамоми иттиҳомоти мақомотро бофтаву сохта медонад. Вале ҳамзамон таъкид кардааст, агар зиндонӣ кардани ӯ ба нафъи миллату давлат аст, пас, розист, ки зиндонӣ бошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |