Мирбобои Мирраҳим: “Ҳикмат хуб медонист, ки тоҷик аст ва миллаташро тағйир надод”
Оғози сухан
Замоне ки бори нахуст китоб-албоми мусаввири Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев - «Нақшу нигори меъморӣ дар Тоҷикистон. Нақшҳои рангини биноҳо»-ро дар китобхона рӯи даст гирифтам, дар хотирам намондааст. Вале он чӣ ин китоб-албомро бори дуввум рӯи даст бардоштам ва ба дидани сафаҳоти рангин ва нақшҳои беназири он пардохтам, хуб дар ёдам нақш бастааст: моҳи марти соли 1998 дар манзили модархонум - Саъдинисо Ҳакимова буд. Дар гӯшае аз китобхонаи манзили модархонум-Саъдинисо Ҳакимова акси Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев низ қарор дошт, ки рассоми он то ба ҳол бароям маълум нест…
Пешгуфтори муаллиф дар китоб-албоми «Нақшу нигори меъморӣ дар Тоҷикистон. Нақшҳои рангини биноҳо»-ро бо шавқу завқ мутолаа кардам. Истилоҳоти меъморӣ, ба вижа истилоҳоти илмии устоҳои мардумӣ маро мафтуни хеш кард, ки муаллиф онро бисёр дақиқ дар баробари матни русӣ бо тарҷума оварда буд. Вақте ба акси нақшҳо менигаристам, худ аз худ тасвири дурахшони меъмории чойхонаҳо, хонаҳо, меҳмонхонаҳо, мадарасаҳо ва масоҷид бо кандакориҳои рӯи чӯб ва рангкории онҳо дар шаҳрҳову навоҳи Бухорову Самарқанд, Тошканду Фарғона, Истарӯшану Исфара, Хуҷанду Панҷакент, Роҳативу Айнӣ пеши назарам ҷилвагар шуданд. Намедонам аз куҷое кадом як ҳисси тамоман ғайриинтизор тамоми аъзои вуҷудамро фаро гирифт ва бо эътимод ба нафс ба модархонум чунин хитоб кардам:
-Ин китоб-албомро бояд чоп кард!
-Чи хел? Кӣ чопи ин хел асари бузургро бар ӯҳда мегирад?
-Худо хоҳад чоп хоҳем кард!
Ин нияти мо холис будааст ва табиист, ки кам-кам дунболи кор шудам. Азбаски андозаи китоб-албом тахминан 60Х80 см. буд, ҳамли он ва убур аз марз низ душвориҳои зиёдеро дар пай дошт. Ду соли расо дар Теҳрон ман аз интишороте ба интишороти дигар сар мезадам, то битавонам ношири мӯҳтарамеро мутақоид созам, ки нашри онро бар ӯҳда бигирад. Вале ҳар бор ҳазинаи миёншикани нашр монеи чопи муҷаддади китоб-албоми «Нақшу нигори меъморӣ дар Тоҷикистон. Нақшҳои рангини биноҳо» мешуд.
Ёд дорам, ки боре дар ҷануби шимолии Майдони Фирдавсии шаҳри Теҳрон (сохтмоне, ки дар он макон бозори фарш-қолин ҳаст) аз хастагӣ рӯи нимкате нишастам ва шояд аз ноумедӣ буд, ки суратамро нохудогоҳ ашк фаро гирифт. Чӣ тавр дар канорам пайдо шудани марди ношиносеро эҳсос накардам ва ин пурсиш маро ба худ овард:
-Оқо! Чӣ шуд?! Чаро ин қадр ба худат заҳмат медиҳӣ?! Магар дунё ба охир расидааст, ки ашк мерезӣ?!
Ин суоли тамоман гайриоддӣ сурати маро ба табассум мойил кард ва бо ӯ саломуалейк кардем. Марди хушсӯҳбат ва зиндадиле будааст он оқо. Ӯ бо дидани китоб-албоми «Нақшу нигори меъморӣ дар Тоҷикистон. Нақшҳои рангини биноҳо»-и Юлдошев аз банда иҷоза хост, то ба сафаҳоти он назар андозад. Ин лаҳза чанд нафар аз фурӯшандаҳои фарш (қолин) ва ҳангоматалабҳо низ гирди сари мо ҷамъ омада, бо ҳайрат ва тааҷҷуб ба тасовири китоб менигаристанд. Яке аз фурӯшандаҳои фарш ба тасвири саҳифаи … китоб мехкӯб шуда буд ва ҳеч аз он чашм кандан намехост, гаштаву баргашта он саҳифаро наззора мекард. Билахира бо қотеият ин пешниҳодро ироа кард:
-Ман барои тасвири ин сафҳаи китоб ҳар маблағе, ки соҳибаш мехоҳад, пардохт мекунам. Бифармоед чанд тумон пардозам?
Дар посух ман ба он оқо чунин гуфтам:
-Ҷаноб! Ин китоб ва ё сафҳаи алоҳидаи он фурӯшӣ нест. Ман дунболи чопи он ҳастам, аммо то ба ҳол ноширеро пайдо накардаам, ки нашри онро бар ӯҳда бигирад.
-Ишколе (мушкиле) надорад. Шумо ин сафҳаро ба ман бифрӯшед ва бо маблағи он китобро чоп кунед. Ман аз рӯи ин тасвир бофти фарши ҷадидро суфориш мекунам ва он моли маънавии банда хоҳад шуд…
-Мутаассифона, ман ҳуқуқи фурӯши ин саҳифа ва ё дигар сафаҳоти китобро надорам. Ҳар замон ки ин китоб нашр шуд, метавонед аз он нусха бардоред, вале дар ҳамон вазъ низ лозим аст, ки мустанади сарчашмаи нақшу нигор таъкид шавад…
Боре ба яке аз намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломӣ (парлумон), ки қаблан ошноӣ доштам, муроҷиат кардам, то маро дар роҳ кумак намояд. Бо номае, ки ӯ ба унвони Раиси нашриёти Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ навишта буд, вориди чопхонаи бузург шудам. Дар ин чопона мутахассиси варзидае кор мекардааст, ки ҳаждаҳ сол дар нашриёти кишвари Олмон кор карда, таҷрибаи хубе андӯхта буд. Ӯ ҳангоми дидани рангҳо ва нақшунигори китоб ангушти ҳайрат газида, сар такон медод ва бо ҳасрат мегуфт:
-Танҳо дар Шӯравии собиқ ин гуна метавонистанд кори нашри китобро ба субут расонанд…
Ин нашриёт низ аз чопи китоб худдорӣ варзид, зеро пас аз ҳисобу китоб ҳазинаи ҳангуфти он монеи идомаи кор дар ин самт гардид.
Ниҳоят дӯсти азизам Шаҳобиддини Фаррухёр аз ин давутози мо огоҳӣ ёфта, маро ба дафтари кори худ даъват кард ва китоб-албоми «Нақшу нигори меъморӣ дар Тоҷикистон. Нақшҳои рангини биноҳо»-и Ҳикмат Юлдошевро бодиққат аз назар гузаронд ва бо камоли эҳтиром чунин гуфт: -Ман барои чопи ин китоб назди оқои Мирҳусейни Мӯсавӣ меравам. Ишон Раиси Фарҳангистони ҳунар ҳастанд... дар чопи он кӯшиш хоҳанд кард…
Шояд рӯзе ин дӯсти мо қиссаи нашри китоб-албоми Ҳ. А. Юлдошев «Нақшу нигори меъморӣ дар Тоҷикистон. Нақшҳои рангини биноҳо» ва ҷасорати Раиси Фарҳангистони ҳунари Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби оқои Мирҳусейни Мӯсавиро муфассалтар хоҳад баён кард. Ин ҷо вазифаи худ медонам аз оқоён Шаҳобиддини Фаррухёр ва Мирҳусейни Мӯсавӣ ва ҳамаи дастанадаркорони табъу нашри Фарҳангистони ҳунар ва интишороти байналмиллалии «Ал-ҳудо» барои чопи китоб-албоми Ҳ. А. Юлдошев «Нақшу нигори меъморӣ дар Тоҷикистон. Нақшҳои рангини биноҳо» (соли 2001) самимона ташаккур намоям. Маҳз бо нашри мазкур китоб-албоми Ҳ. А. Юлдошев умри дубора пайдо кард.
Ҳамзамон бо нашри китоб-албоми Ҳ. А. Юлдошев «Нақшу нигори меъморӣ дар Тоҷикистон. Нақшҳои рангини биноҳо» дар Эрон ҷунбишҳои ғайрималмус дар роҳи боз ҳам бадном кардани муаллифи он дар Душанбе аз сар гирифта шуд. Маълум набуд, ки ин амал дасти кист, вале рӯшан буд, ки эҳёи корномаи Ҳ. А. Юлдошев хоби бисёр душманони ҷисмонӣ ва маънавии ӯро рабуд. Дар як рӯзномаи русизабон мақолае аз номи нашрия ба табъ расид ва дар он таъкид мешуд, ки бозсозӣ ва сохтмони биноҳои зебои маркази шаҳри Душанбе-аз театри опера ва балети ба номи Садриддини Айнӣ сар карда, то кӯчаи Коммунистӣ (ҳол Шотемур), дар солҳои 1950 маҳз бо ибтикори абармарде сурат гирифта, ки дар садри ин кор қарор дошт. Вале ҳақиқат ин аст, ки он «абармард» то миёнаҳои солҳои 1950-ум як нозири минтақавӣ (участковый милитсионер) дар ноҳияи Варзоб беш набуда, дар кори меъморӣ ва сохтмон ҳеч нақше надошт.
Вақте ман он мақоларо мутолаа кардам, бисёр дар ҳайрат афтодам ва нисфишаб чароғи қувва (фонарик)-ро бардошта, ба назди бинои шумораи … хиёбони ба номи Рӯдакӣ рафтам ва дар ду гӯшаи болои ошёнаи севвуми он бино соли ба охир расидани сохтмонро дидам, ки «1949» навишта буданд. Ҳанӯз дуди ин дурӯғ аз димоғ нарафта буд, ки зиндаёд академик Нӯъмон Неъматов паёме аз духтари кӯчаки он абармарди милитсионерро оварданд, ки гуфта мешуд:
-Мирбобо! Ту ҳақ надорӣ дар бораи Ҳ. А. Юлдошев ва сафед кардани номи ӯ таҳқиқ намоӣ! Ин кор бароят бисёр хатар дорад!
Ин таҳдид он солҳо дар ҳақиқат хатари ҷонӣ дар бар дошт.
МАРДЕ БО КӮЛВОРИ ХУДШИНОСӢ
Ҳикмати Абдуллозода 20-уми декабри соли 1913 дар Самарқанд дар оилаи пешавар ба дунё омадааст. Падараш аз косибӣ ва ҳунари дуредгарӣ шуғли зиндагонӣ мекардааст. Дар хонаводаи Абдулло пас аз Ҳикмат боз як бародари дигар ва хоҳаре ба дунё омаданд. Номи писарро «Шароф» гузоштанд. Шароф Абдуллоев то солҳо наздик дар шаҳри Рига ба нишонии кӯчаи Кулдигас, бинои 32, хонаи шумораи 15 зиндагӣ дошт ва мувофиқи хабарҳо муддате пештар аз дунё рахти хешро барбаст.
Ҳикмат, Шароф ва хоҳараш хеле зуд аз падар ва модар маҳрум шуданд. Хоҳарашон дар дасти яке аз ақвом бузург шуд, вале писарҳо пас Инқилоби болшевикии соли 1917 ба хонаи ятимон афтоданд. Дар ятимхона Ҳикмат заҳри ихтилофи миллӣ-нажодиро дар пӯсти хеш аз сар гузаронид. Он солҳо дар Самарқанд поксозии қавмӣ, яъне узбаксозии мардуми тоҷик, ба шиддат идома дошт. Бачаҳои тоҷик, ки дар ятимхона ба сар мебурданд, мавриди таҳдид қарор мегирифтанд ва онҳоро маҷбур мекарданд, то дар шиноснома миллати хешро «узбак» сабт намоянд. Ҳикмат аз нахустин рӯзе, ки худро шинохт, хуб медонист, ки тоҷик аст ва ба ҳеч ваҷҳ миллати хешро тағйир надод ва ин боиси нороҳатии мураббиҳо-миллатгароёни узбаку тотор шуд. Шояд ҳамин ихтилоф сабаб шуд, ки Ҳикмат аз ятимхона ба техникуми санъатӣ (политехник) роҳ пеш гирифт ва пас аз хатми он таҳсилро дар Институти политехники шаҳри Тошканд идома дод.
Ҳангоми дарёфти роҳхат барои таҳсил номи хонаводагии Ҳикмати Абдуллозода низ тағйир ёфт, албатта, на бо хоҳиши худи ӯ. Раиси маҳалла аз он ки Ҳикмат нияти сафар дорад, барои осонтар кардани кори хеш чунин гуфт:
-Ҳа, Шумо раванда ҳастед, яъне «йӯлчӣ». Биёед, барои осонтар шудани кор фамилияи (номи хонаводагӣ) Шуморо аз ҳамин «йӯлчӣ» истихроҷ карда, дар тасдиқнома «Йӯлдошев» менависем.
Раиси маҳалла қалам ва дастаи коғазҳо-формаи омодаи тасдиқномаро аз ҷайбаш бароварда, ном ва номи хонаводагии дилхоҳашро навишта, мӯҳрро низ аз ҷайби дигараш берун овард ва ба тасдиқнома мӯҳр пахш карду ба дасти Ҳикмат Абдуллозода дод.
Бо ҳамин осонӣ номи хонаводагии Ҳикмат дар шиноснома «Ҳикмат Абдуллоевич Йӯлдошев» (дертар «Юлдошев») шуд. Соли 1938 пас аз хатми Институти политехникии Тошканд Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев бо роҳхати он ба Душанбе омад. Нахустин хатмкардагони мактаби олии муҳандисии Тошкандро, ки ба Тоҷикистон ташриф оварданд, дар Истгоҳи қатор (вокзал) бо тантана пешвоз гирифтанд. Ҳикмат Абдуллоевич бо тахассуси «меъмор, муҳандис» дар Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашӣ ва Идораи кулли сохтмон ба фаъолият пардохт ва дар муддати начандон кӯтоҳ тавонист дар заминаи тарроҳӣ ва сохти биноҳои нав дар шаҳри Душанбе таваҷҷӯҳи мақомоти расмии кишварро ба худ ҷалб намояд. Ба ҳамин манзур сохти бинои иқоматии сеошёна (бо зерзамин ва дар табақаи ҳамкаф ба манзури мағозаи хӯрокворӣ-гастроном) дар ҷанби рост, яъне тарафи шимолии Театри опера ва балети ба номи Садриддини Айнӣ, бо нишонии хиёбони Ленин, бинои шумораи № ба ӯҳдаи меъмори ҷавон Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев вогузор шуд.
Ҳамзамон бо таъсиси Анҷумани меъморони кишвар Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев соли 1938 Раиси конуни меъморони Тоҷикистон интихоб шуд ва бист сол Раёсати ин конун ва корҳои меъмориро сарварӣ кард.
Корҳои сохтмони бино дар хиёбони ба номи Ленин, шумораи … нав равнақ пайдо мекард, ки Ҷанги бузурги меҳанӣ оғоз шуд. Сохтмон мавқуф монд. Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошевро ба сангарҳои мубориза бар зидди Олмони фашистӣ даъват карданд. Ӯ ба ҳайси афсар ва сардори дастаи (отряд) поксозӣ аз мин ва бомб (сапёр) дар муҳорибаҳои Смоленск ширкат кард. Як соли расо дар муҳосира ба сар бурд. Аз тамомии ҳайати дастаи поксозӣ аз мин ва бомб дар ин муҳосира танҳо Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев зинда монд ва ин худ як мӯъҷиза ба шумор мерафт. Дар ин муддат ба бемории искорбут-цинга гирифтор шуд ва тамомии дандонҳои ӯ фурӯ рехт. Ӯ то поёни ҷанг ва пирӯзии комил дар сангар буд ва барои ҷонфидоӣ ва хидматҳояш бо ордену медалҳо, аз ҷумла ордени Шараф, сарафароз шудааст.
Пас аз бозгашт аз сангарҳои Ҷанги бузурги меҳанӣ Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев ба корҳои сохтмони бинои назди Театри опера ва балет машғул шуд ва онро соли 1949 ба охир расонид.
Соли 1946 дар зиндагонии Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев тағйироти ҷиддӣ рух дод. Муншии якуми Кумитаи ҳизби коммунисти Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ӯро ба ҳузури хеш хонд ва дар мавриди сарнавишти биноҳои қадимӣ, меъмории таърихии миллат сухан оғоз кард ва дар поён ба Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев машварат дод, ки тасовири ёдгориҳои қадимии миллатро дар шакли китоб-албом ҷамъоварӣ карда, ба нашр бирасонад. Кори пажӯҳишӣ ва ҷамъоварии нақшу нигори меъмории хонаҳои иқоматӣ, меҳмонхонаҳо ва масҷидҳо дар шаҳру навоҳии кишвар аз соли 1946 оғоз шуд ва то соли 1956 идома пайдо кард.
Моҳи апрели соли 1951 дар нахустин ҷаласаи муассисони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев ба узвияти он-академики АИ РСС Тоҷикистон пазируфта шуд. Дар таърихи Академияи илмҳо Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев нахустин ва охирин «академики меъмор» аст. Дар тӯли беш аз шаст соли сипаришуда дигар ин ифтихор ба касе насиб нашудааст.
Сазовор шудан ба унвони «академикӣ» барои Ҳ. А. Юлдошев кори осоне набуд. Зеро довталабҳо ба ин унвон кам набуданд. Аммо хидмати Ҳ. А. Юлдошев дар бозсозии пойтахти нави тоҷикон-шаҳри Сталинобод (Душанбе) дар чанд соли пас аз Ҷанги Бузарги Меҳанӣ бисёр чашмрас буд. Тарҳи навсозии маркази шаҳр-биноҳои шаҳрдорӣ ва ду бинои хиёбони Ленин (Рӯдакӣ)-байни кӯчаҳои Руставели то Коммунистӣ (имрӯз Ш. Шотемур), ки бо даъвати Ҳ. А. Юлдошев меморони ленинградӣ бо сарварии академик Баранов анҷом доданд, сохтмони бинои 64 хонаӣ дар хиёбони Ленин-имрӯз Рӯдакӣ ), нақшаи навсозии дигар маҳаллаҳои шаҳр (дертар бо номи «1-уми Советӣ» ва ғ.) нишон дод, ки ӯ яке аз беҳтарин меморони муосири Тоҷикистон аст…
Барои нусхабардорӣ аз кандакории рӯи чӯб ва нақшу нигори он лозим буд, ки танҳо дар фасли гармо аз рӯшноии табиӣ-нури Офтоб истифода шавад, то дар асли кор ихтилоле пеш наояд. Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев дар анҷоми ин кор ҷонфидоӣ нишон дод: аз кандакорӣ ва нақшҳои сақфу айвони масҷидҳо, меҳмонхонаҳо ва сохтмонҳои қадимии манзили одамони маъруф ва устоҳои номӣ дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Айнӣ, Роҳатӣ тасвирбардорӣ кард. Ин кор дар ҳақиқат миёншикан буд. Зеро ҳангоми тасвирбардорӣ ва нақшакашӣ аз кандакорӣ зарур буд, ки бо тахтапушт дар рӯи замин соатҳо дароз кашида, ба сақфи бино чашм дӯхта, аз мӯқалам ва қалами оддӣ истифода шавад, то нусхаи асосӣ дуруст дар рӯи коғаз кашида шавад. Пас аз он ворид кардани рангҳо ба ҳар қисм пеш меомад ва ҳар ранг бояд ба таври хос дар дохили ҳамон ҷое, ки бо қалам марзбандӣ гардида буд, ворид мешуд. Ҳамин усул дар чопи китоб-альбом низ риоят шудааст: ҳар ранг ба таври алоҳида дар тасвир ворид карда шудааст.
(ИДОМА ДОРАД)
Мирбобои МИРРАҲИМ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |