ВИДЕО: Таксиҳои 3-сума, қурутобу қурбонӣ ва кӯҳҳои Помир дар барномаи “Орел и решка”
“Орел и решка” барномаи машҳури маърифатӣ-фароғатӣ, ки нимаи моҳи октябр дар шаҳри Душанбе ва куҳҳои Помир наворбардорӣ шуда буд, ахиран тариқи шабакаи “Пятница» пахш гардид.
Анастасия Короткая ва Андрей Бедняков, барандаҳои барнома дар рӯзҳои истироҳат ба шаҳрҳои мухталифи дунё мераванд ва аз рӯи шарти барнома яке аз барандагон бояд рӯзҳои шанбе ва якшанберо бо харҷи ҳамагӣ 100 доллар ва дигаре бо маблағи бемаҳдуд дар корти бонкияш рӯзҳои истироҳатро пушти сар кунад. Онро, ки кадоме аз барандаҳо шоҳона ва кадоме сарфакорӣ хоҳад кард, қуръапартоӣ, яъне "орел" ё "решка" муайян мекунад.
Қуръапартоӣ муайян кард, ки Андрей Бедняков бояд дар Душанбе, ҳамагӣ бо харҷи 100 доллар рӯзҳои истироҳат гузаронад. Ӯ нархҳои Душанберо хеле арзон дарёфт ва таъкид намуд, ки бо 100 доллар худро дар пойтахти Тоҷикистон чун миллионер эҳсос мекунад. Бедняков аз кӯчаҳои Душанбе, майдонҳо, масҷиди марказӣ, хонаи сокинони оддӣ дидан карда, таассуроташро баён намуд.
Анастасия Короткая, ки корти тиллоӣ дар ихтиёр дошт, қарор кард аз Помир дидан намояд ва роҳи бузурги Абрешимро аз наздик бинад.
Дар охири барнома Короткая ба Душанбе баргашта, дар тарафи Боғи Айнӣ, таги як харсанге, 100 доллари амрикоиро пинҳон намуд, ки ҳар сокини шаҳр метавонанд онро пайдо кунад. ВИДЕОИ БАРНОМАИ "ОРЕЛ И РЕШКА" ДАР ДУШАНБЕ ВА КУҲҲОИ ПОМИР
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |