Додгоҳи Сомонӣ: Парвандаи Ҳукумов ҳанӯз нарасидааст
Масъулони додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мегӯянд, то ҳол парвандаи маъмурӣ алайҳи Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), раиси “Роҳи оҳани Тоҷикистон”-ро дастрас накардаанд.
Онҳо рӯзи 18 ноябр бо дархости хабарнигорони “Озодагон” тамоми парвандаҳое, ки тӯли як ҳафтаи охир ба шӯъбаи умумии додгоҳ ворид шудааст, берун оварда ва гуфтанд, ҳанӯз парвандаеро бар зидди Амонулло Ҳукумов нагирифтаанд.
Ин дар ҳолест, ки субҳи 18 ноябр хабаргузориҳо аз қавли монобеашон дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, алайҳи Амонулло Ҳукумов барои нақзи қонун дар бораи масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд парвандаи маъмурӣ боз шуда, барои қабули қарор ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ирсол шудааст. Ёдрас мекунем, шаби 9 октябр бо иштироки Расули Амонуллои 16-сола, фарзанди ноболиғи раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон садамаи нақлиётие сар зад, ки се кушта ва се маҷруҳ барҷой гузошт.
Дар пайи ин қазия фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ муҷозоти Амонулло Ҳукумовро талаб намуданд, ки монеи шабгардӣ ва сари чанбараки мошин нишастани фарзанди ноболиғаш нашудааст. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, тибқи қонуни Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар Амонулло Ҳукумов бояд дар назди қонун ҷавоб диҳад.Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |