Бахшҳо
02 ноя 2013 14:25Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Умедҷонро чӣ маҷбур сохт, аз ошёнаи 3-и Идораи пулис худро ба замин афканад?

Умедҷон Тоҷиев, узви ҲНИТ ва муттаҳам ба майдаавбошӣ, субҳи 2 ноябр худро аз ошёнаи севуми бинои Шӯъбаи умури дохилии Исфара ба поён партофтааст.

Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Тоҷиев, ба “Озодагон” гуфт, дар натиҷа нафари таҳти ҳимояташ сахт маҷруҳ шуда, ҳоло дар шӯъбаи эҳёгарии бемористони Исфара бистарӣ мебошад. Ба қавли Воҳидова, мақомоти интизомӣ Умедҷон Тоҷиевро рӯзи 30 октябр дар бозори Ворух ҳамроҳ бо се нафари дигар боздошт кардаанд.

Ин вакили мудофеъ афзуд, ҳоло дақиқ нест, чӣ гуна ва дар чӣ вазъе нафари таҳти ҳимояташ худро аз ошёнаи севум ба замин партофтааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, “ҳоло беморхонаи шаҳри Исфара пурра аз ҷониби мақомот иҳота шуда, табибон ҳам ягон иттиллоъ намедиҳанд. Бародари ҷабрдида вориди шӯъбаи эҳё гардида, худ аз ҳуш рафтааст ва ҳоло духтурон ба ӯ ёрии тиббӣ мерасонанд.” Наздикони
Умедҷон Тоҷиев мегӯянд, ӯ соли 2009 низ аз тарафи мақомот дастгир шуда, вале бо қарори додгоҳ аз боздошт раҳо гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, Файзиннисо Воҳидова бархӯрди созмонҳои зидди шиканҷаи Тоҷикистонро дар ин масъала зери бори танқид гирифта ва дар муроҷиат ба масъулони ин созмонҳо гуфт, “то кай Шумо дар утоқҳои гарми худ нишаставу аз маблағи созмонҳои байналмилалӣ баҳраманд мешавад ва дар бораи шиканҷа бидуни гузаронидани кадом як таҳқиқоту дур аз ҳиссиёти одамӣ гузоришу хулосаҳои сохта пешниҳод менамоед?!”

Хонум Воҳидова дар идома афзуд, “даҳҳо шаҳрванд бар асари ҷароҳати вазнин бардоштан дар пайи азобу шиканҷаи раванди тафтишот ҷони худро аз даст медиҳанд, вале Шумо аз дохили утоқи замонавии худ нишаста, тавсия медиҳед. Имрӯз аз ошёнаи сеюми Идораи пулиси Исфара худро ба замин афкандааст, ки ҳоло дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дорад. Магар инсон ба ин роҳ меравад, то маҷбур нашавад?”

Барои аввалин бор нест, ки баъзе аз боздоштшудаҳо дар Тоҷикистон худро аз ошёнаи баланди идораи пулис ба зер меафкананд. Моҳи феврали соли 2011 Сафаралӣ Сангов, як сокини Душанбе, низ худро аз ошёнаи дувуми Идораи пулиси ноҳияи Синои пойтахт ба замин партофта буд. Мақомот оқои Санговро дар тиҷорати маводи мухаддир муттаҳам мешумурданд. Агарчӣ мақомот гуфтанд, Сафаралӣ Сангов мехост, аз ин роҳ аз боздошт раҳо шавад, вале наздиконаш ба ин бовар буданд, ки Сангов дар пайи зарбу латти пулис маҷбур шудааст, худро ба зер афканад.
Мӯҳр
Ф
Дахшат! Бечора мачбур шуда, ин корро кардааст(худро партофтааст)

Шиканҷа, шиканҷа ва боз ҳам шиканҷа! Танҳо шиканҷа маҷбур мекунад, ки дастгиршудагон худро аз тиреза ба поён андозанд. Мақомоти тафтишот дастгиршудагонро бо усулҳои асримиёнагӣ шиканҷа медиҳанд, то онҳо ба ҷиняте иқрор шаванд, ки содир накардаанд. Бо ҳамин аз парвандаҳои ифшонашуда "халос мешаванд". Ягона роҳи шиканҷаро барҳам доданд, ин аз лаҳзаи дастгиршавӣ, дар ҳузури адвокати худи шахси дастгиршуда таҳқиқотро сар кардан аст. Вале, маъмулан, муфаттишон ин тавр намекунанд.

Чабрдида
Файзинисо ба шумо гуфтаниам ки инхо мардуми азияткашидаро горат мекунанд тачовуз мекунанд хеч гапе не бигзор чазояшон аз ин вазинитар бошад ин хел дуздон ва дигар махбусоне ки пеш аз горату тачовузу дигару дигар фикр намекунанд баъд ки махбус шуданд баъд падару модарашон доду фигонашон ба осмон мерасад бо хочагони хоричииашон...

Сарвар
Ин аст хакикати точикистон.

Ин аст хакикати точикистон.

Абдукаюм
Террористу гумрох ки шуди ъхамин хел Худо мезанад ин исфараш вазиристони дуюм шудаст ку ин террористора бо шарм наокарда дифоъ мекунанд ба хотири ду пули пучак дар он дунё чи мекрда бошан

Точик бача
Салом! Вакте Сафарали Сангов худро партофт девона буд магар?

Бекор
Ҳаааа... милисахонаҳои тоҷикистон ҷои пурасрор!!!
Аз чӣ бошад, ки ҳама худро аз ошёнаҳои болоӣ "мепартоянд"?

Салом.Ба Абдукайум.Ту хамчун одам якбор ба Чоркух рав ана баъд мебини чигуна мардуманд онхо.Агар касе аз ман пурсад ки дар Точикистон бехтарин инсонхо ва бехтарин мусалмонхо дар кучоянд хатман чавоби ман Чоркух аст!!!Ман ончо будам ва худам бо чашмам дидам ки чихел инсонхо дар ончо зиндаги мекунанд.Диндори ва муттахидии ононро дида ту ва амсоли ту баринхо аз рашк онхоро терорист мегуед.Эй мардуми азизи Чоркух мо бо Шумоем ва мухимтар аз хама АЛЛОХ бо шумост норохат набошед.Иншоаллох ин рузхои сахт мегузарад.

П
Аз латукуб худро партофтан бех аст

in vohidova tarafi teroristu avboshro megirad.in umed xalkro aziyat dod xudo aziyatash dod.milisaho xub kardand ofarin.agar in avboshho az milisa natarsand chi korhoe mekunand.

vohidova puli xalku puli sozmonhi milaliro tu barinho mexurand na milisaho.tu xudat yak josusi begonaparasti ba nom advokat.fakat goratgari tu.

абдуллох
БИСМИЛЛОХИР РАХМАНИР РАХИМ .ДУРУДУ САЛОМ БА ПЕШВОИ УММАТ ИСЛОМ МУХАММАД САЛЛАЛЛОХУ АЛАЙХИ ВАСАЛЛАМ.БАНДА ЧАНД НАЗАРИЯХОИ НАВИШТАШУДАРО ХОНДА ВА БА ХУЛОСА ОМАДАМ.
РАСУЛУЛОХ САВ ФАРМУДАНД ИСЛОМ БА ГАРИБИ ОМАД ВА ЗУД АСТ КИ ГАРИБ ХОХАД ШУД ВА ХУШО БА ХОЛИ ГАРИБОН...ХАДИС БО ИСНОДИ САХЕХАЙН. АГАР БА ТАЪРИХИ ПАЙГАМБАР. САВ. ВА АСХОБАШ НАЗАР КУНЕМ БАРОИ МО ИБРАТ АСТ.ВАКТЕ ПАЙАМБАР .САВ БА СУИ ТОИФ БАРОИ ДАЪВАТИ ИСЛОМ РАФТ УРО ДУШМАНОНАШ САНГСОР КАРДАНД ХАТТО АЗ ПОИ МУБОРАК ХУН БА ЗАМИН МЕРЕХТ Ё ДАР МАККА ДУШМАНОНАШ УРО ЧИКАДАР АЗИЯТ МЕДОДАНД Ё ИН КИ САХОБАХОИ ПАЁОМБАР САВ.БИСЁР АЗОБХОИ САХТ ДАР ИН РОХ ЧАШИДАНД ВА ИМРУЗ ХАМ ПАЙРАВОИ ОНХОРО ДУШМАНОНИ ИСЛОМ А3ИЯТ МЕДИХАНД ВА ТЕРОРИСТ МЕГУЯНД БУБИНЕД ХОЛИ КОФИРУ ЗОЛИМОНИ ГУЗАШТАРО КИ ЧИ ШУДАНД АЛЛОХ ОНХОР ХОРУ ЗАЛИЛУ РАСВО ГАРДОНД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)