«Оид ба марги дастгиршуда Сангов Сафаралӣ мақомоти прокуратура тафтишоти пешакиро анҷом додааст, тафтишот истифодаи шиканҷаро нисбат ба марҳум муқаррар накардааст.
Кормандоне, ки дар натиҷаи беҳаракатиашон Сангов ҳалок шуд, барои хунукназарӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд ва парванда дар ҳаққи онҳо дар баррасии суд қарор дорад». Ин посухи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ба суоли як хонандаи «Озодагон» аст. Ин истифодабарандаи интернет бо номи мустаори Alik дар бахши мусоҳибаи онлайн бо вазири корҳои дохилӣ аз ҷаноби Қаҳҳоров пурсида буд, ки ахиран бархе аз расонаҳои иттилоотӣ дар мавриди аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди шиканҷа қарор гирифтани боздоштшудаҳо зиёд менависанд. Номбурда аз қазияи Сафаралӣ Сангов мисол зада, мепурсад, ки оё вазир аз ин қазия огаҳӣ дорад? Дар робита Абдураҳим Қаҳҳоров гуфтааст, ки барҳам додани истифодаи шиканҷа ва муносибати ғайриинсонӣ ӯҳдадории Тоҷикистон мувофиқи ду шартномаи байналхалқист. «Вазорати корҳои дохилӣ чун узви ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини иҷрои ин ӯҳдадорӣ масъул аст. Доир ба ҳар як ахборот оид ба ҷой доштани ин муносибат санҷишҳои қатъӣ гузаронида мешавад. Дар сурати тасдиқ шудани истифодаи шиканҷа чораҳои дар қонуни ҷиноӣ пешбинишуда тадбиқ мешаванд»,-мегӯяд вазир.
Барои ошноӣ ба мусоҳибаи комили хонандагони «Озодагон» бо Абдураҳим Қаҳҳоров ба бахши «Рӯ ба рӯ»-и хабаргузорӣ ворид шавед. {jathumbnail off}