Узбакистон розӣ шуд, Hyatt Hotels дар Тошканд меҳмонсаро созад
Ширкати Hyatt Hotels дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон, меҳмонсарои худро бунёд менамояд.
Дафтари матбуоти Hyatt Hotels Corporation иттилоъ медиҳад, ки дар ин бора миёни ширкати ягонаи давлатиии “Пойтахт курилиш ва хизмат”-и Узбакистон ва Hyatt Hotels дар Тошканд тавофуқномае ба имзо расидааст.
Ба иттилои манбаъ, ин меҳмонсаро, ки интизор меравад, то соли 2015 мавриди истифода қарор гирад, дар бадали 113 миллион доллар сохта шуда, шомили толорҳое бо 300 ҷойи нишаст, ду тарабхона, қаҳвахона, толори варзиш ва маҷлисгоҳе бо масоҳати беш аз 1,3 метри мураббаъ хоҳад буд.
Меҳмонсарои Hyatt Regency Tashkent яке аз бахшҳои меҳмонсарои ширкати Hyatt Hotels дар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (СНГ) ба шумор рафта, ҳоло меҳмонсароҳои ин ширкат дар шаҳрҳои Екатеринбург, Киев, Боку, Бишкек ва Душанбе қомат афрохтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |