Зорӣ намекунанд. Зар ҳам намедиҳанд. Фақат зӯрӣ!
Мансабдорони Узбакистон дар рафти иҷро шудани фармону дастуроти хеш аз мақоли “ё ба зурӣ, ё ба зорӣ, ё ба зар” аввалиро интихоб кардаанд.
Ба иттилои расонаҳои узбакӣ, Уктам Эргашев, муовини аввали раиси вилояти Намангон, рӯзи 19-уми апрел зимни як ҷаласаи худ дар шаҳри Қарансой 8 нафар аз раҳбарони хоҷагии деҳқонии фермерии ин вилоятро мавриди латту кӯби шадид қарор додааст.
Гуфта мешавад, Уктам Эргашев ин деҳқононро ба хотири ғайриқонунӣ коштани пиёз дар заминҳои худ чунин ҷазо додааст.
Мавриди зарбу шатм қарор гирифтани кормандон аз сӯи раҳбарони худ дар Узбакистон бори аввал набуда, рӯзи 21-уми апрел низ директори ширкати «Коргаз» низ аз ҷониби Баҳодур Юсуфов, раиси вилояти Намангон, дар ҳошияи маҷлисе оид ба боло бурдани нархи хадамоти коммуналӣ латту кӯб карда шудааст. Раиси вилояти Намангон бо ин усул мехостааст, қарзи хадамоти коммуналии аҳолиро, ки ҳудуди 12 миллиард сум (тақрибан 6 ҳазор доллар) мебошад, аз директори ширкати мазкур ситонад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |