ШУКУРҶОН ЗУҲУРОВ
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, 16-уми апрели соли 1954 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Академияи идоракунии Федератсияи Русия ва Донишгоҳи муҳандисӣ - заминсозии шаҳри Маскавро бо ихтисоси муҳандиси заминсоз хатм намудааст.
Дар вазифаҳои муҳандис - заминсози ноҳияи Ҳамадонии Хатлон, раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод), мудири шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи президент, раиси ноҳияи Панҷи Хатлон, муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ва вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Шукурҷон Зуҳуров аз оғоз то охири гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон иштирок намуда, дар ду даври аввал (Москва, Теҳрон) раиси ҳайати ҳукуматӣ ва дар давраҳои дигар муовини аввали раиси ин ҳайат буд. Аз соли 1997 то соли 2000 бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон дар вазифаи раиси Зеркомиссияи муҳоҷирони Комиссияи оштии миллӣ кор кардааст. Ӯ дар як вақт, аз соли 1998 то соли 2000 вазифаи раиси Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои барқарорсозии баъдиҷангро иҷро намудааст.
Вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум (1995 - 2000).
Шукурҷон Зуҳуров 28-уми феврали соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии Рашт, № 12 вакили Маҷлиси намояндагон даъвати чорум ва 16 марти соли 2010 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон даъвати чорум раиси Маҷлиси намояндагон интихоб гардидааст.
Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |