Таҳлилгари тоҷик: Муҳаммадалии Ҳайитро барои муборизаҳои сиёсияш задаанд
Амният Абдуназаров, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, Муҳамадалии Ҳайит, муовини райиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба касе кинаву адоват надошт ва лату куби ӯ ба ошкорбаёнӣ ва муборизаҳои сиёсияш пайванд мегирад.
Сиёсатшиноси тоҷик дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, Муҳамадалии Ҳайит ҳамеша ҳақиқатро мегуфт ва барои адолат талош мекард: «Ба андешаи ман ин қазия метавонад фармоишӣ ҳам бошад. Дар пешорӯи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ гуруҳе мехоҳад, бо чунин амалҳо одамонро тарс бидиҳад. Вале ин кор ба манфиати ҳукумату давлат ва миллат нахоҳад буд ва нуфӯзу обрӯи ҳукумати Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ коҳиш хоҳад дод».
Аз ин пеш Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, суханггӯи ҲНИТ ҳам гуфта буд, ҳамла ба ҷаноби Ҳайит «ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ марбут аст».
Муҳаммадалии Ҳайит, муовини райиси ҲНИТ шаби 19-уми апрел дар даромадгоҳи манзили зишташ дар шаҳри Душанбе мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифта ва ҳоло дар беморхонаи Қарияи Боло бистарист. Ӯ дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, ҳоло вазъаш каме беҳтар шудааст. Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар робита ба лату куби муовини райиси ҲНИТ ин ниҳод парванда боз кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |