Чаро Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, маҳз замоне ки Эмомалӣ Раҳмон дар Аврупо қарор дошт, ба Русия рафт? Чаро маҳз дар ҳамин шабу рӯзҳо Рогозин алайҳи муҳоҷирони тоҷик ҳарф заду Онишенко қаторҳои моро тафтиш мекунад? Муносибати байни Маскаву Душанбе на танҳо барои муҳоҷирон муҳим аст. Ин муносибат метавонад таъсири худро ба ҷараёни интихоботи президентии Тоқикистон, иқтисод ва суботи Тоҷикистон бирасонад.
“Озодагон” тасмим гирифт, аз коршиносон бипурсад, ки ин ҳама мушкилҳо аз кучо сарчашма мегиранд? Муносибати байни Русияву Тоҷикистонро чӣ гуна метавон унвон кард: дӯстона, ғайридӯстона ва ё то ба ҳол номаълум?Аркадий Дубнов, рӯзноманигор ва таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ:“Дар ҳоли ҳозир муносибати миёни Русияву Тоҷикистонро дӯстона намедонам. Барои он ки имрӯз мушкил аст давлатеро дӯсти Русия бихонем. Имрӯзҳо мо бештар бояд дар бораи ҳамкориҳои байни давлатҳо сухан бигӯем, ки то кадом андоза байни ин ва ё он давлат ҳамкориҳо қавӣ ё суст ҳастанд. Мо набояд муносибати байни ду роҳбарро муносибати байни ду давлат унвон кунем. Аммо на ҳама инро медонанд ва эътироф мекунанд, ки амнияти Тоҷикистонро танҳо Русия метавонад таъмин кунад. Вақте дабири кулли Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ Николай Бордюжа гуфта буд, ки низомиёни пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон дар сиёсати давлати Тоҷикистон дахолат намекунанд, инро роҳбарияти Тоҷикистон бад қабул кард. Чунки ҳукумати Тоҷикистон ин базаро ҳамчун пойдор мондани ҳокимият медонанд. Дар бобати сохтани нерӯгоҳи “Роғун” инро гуфтаниям, ки роҳбарияти Тоҷикистонро намебоист онро ин қадар реклама кунад ва чун идеяи миллӣ нишон диҳад. Агар касе ҳам мехоҳад ин нерӯгоҳ сохта шавад, он ҳам Русия аст.”
Александр Князев, таҳлилгар: “Ба назари ман, муносибати Русияву Тоҷикистон имрӯз як марҳилаи на чандон хубро пушти сар мекунад. Русия мехоҳад, созишнома дар бораи пойгоҳи 201 аз ҷониби Тоҷикистон ҳарчи зудтар тасвиб шавад. Тоҷикистон дар навбати худ мехоҳад, ки Русия дар пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми арзандае дошта бошад. Дар остонаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон, табиист, ки Душанбе ба кумаки бештари Маскав эҳтиёҷ дорад.”
Муҳаммад Эгамзод, корманди Сафорати Тоҷикистон дар Маскав:“Муносибати миёни Тоҷикистону Русия дар марҳилаи хеле хуб қарор дорад. Дар бисёр масъалаҳо мо як нигоҳ дорем. Муносибати мо то ба имрӯз исбот кард, ки ҳеҷ мушкили ҷиддие байни мо нест. Давлати Тоҷикистону Русия дар оянда ҳам дар доираи созмонҳои бузурге монанди СПАД ва АвруОсиё робита ва ҳамкориҳо хоҳанд кард. Бо боварии том гуфта метавонам, ки Русия дар пеш, имрӯз ва дар оянда ҳам ҳамчун дӯсти асосии Тоҷикистон буд ва хоҳад монд.”
Зафар Абдуллоев, таҳлилгар:“Муносибати миёни кишварҳои моро “дӯстона”, “ғайридӯстона” ва ба таври дигар номгузорӣ кардан мушкил аст. Имрӯз ҳама кишварҳои пасошӯравӣ ва махсусан Тоҷикистон, ки зери назари абарқудрате мисли Русия қарор доранд, бояд ҳамеша тарзе истиқлоли худро нигоҳ доранду аз он дифоъ кунанд, ки Русияро нороҳат насозад. Аз байн рафтани ҳамкориҳои даврони Шӯравӣ ва эҳтиёҷи ҳукумати Раҳмон ба ҳимояту кумаки Ғарб ва Амрико муносибати Маскаву Душанберо пешгӯинашаванда кардааст. Ман ин муносибатро муносибати “шубҳанок” унвон мекардам.”
Халил Қаюмзод,
махсус барои "Озодагон"
Мӯҳр