Вазир: Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачаҳо имсол шаффоф гузашт
Имрӯз, 15-уми апрел, олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни муҳассилини макотиби миёнаи Тоҷикистон аз фанҳои дақиқ ба анҷом расид.
Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон, дар маросими анҷомёбӣ гуфт, ки олимпиадаи мазкур дар сатҳи шаффоф баргузор гардида, ғолибони он ба дилхоҳ донишгоҳҳои кишвар роҳхат хоҳанд гирифт. Ин изҳороти вазир дар ҳолест, ки аз хулосаи ҳакамон аксари ширкаткунандагон ва омӯзгорон изҳори норозигӣ карда, мегӯянд, ҳангоми ҳисоби холҳо ҳакамон ба беадолатӣ роҳ додаанд. Дар ин робита Саидов иқрор кард, ки бо гуноҳи ҳакамон баъзе аз ширкаткунандагон баҳои ҳақ нагирифта, ғолибони сабқати ғайриконкурсӣ холҳои бештар аз барандагони ҷойҳои якум ва дуввум гирифтаанд. Нуриддин Саидов гуфт, ки мушкилоти мазкурро бо мудирони маорифи вилоят ва ноҳияҳои Душанбе мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.
Бояд гуфт, ки олимпиадаи ҷумҳуриявӣ оид ба фаннҳои дақиқ – ҷуғрофия, кимиё, биология, информатика, риёзӣ ва физика 13 –уми апрел дар мактаб-интернати ба номи Бобоҷон Ғафуров, дар ноҳияи Рӯдакӣ оғоз ёфта, 15-уми апрел анҷом ёфт. Дар он хонандагон аз мактабҳои миёна, литсейҳо ва гимназияҳои минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ширкат доштаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |