Вокуниши Қувватов ба ваъдаи Раҳмон дар бораи интихоботи шаффоф
Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони сабтиномнашудаи “Гуруҳи 24”, ба ваъдаи Эмомалӣ Раҳмон дар бораи интихоботи озоду шаффоф вокуниш нишон додааст. Рӯзи даҳуми апрел дар ҷараёни сафараш ба Белгия ҷаноби Раҳмон гуфт, кафолат медиҳад, интихоботи оянда шаффофу озод хоҳад гузашт.
Изҳороти Умаралӣ Қувватов дар шакли садои тавассути вакили мудофеаш Николай Николаев дастраси расонаҳо шудааст. Дар ин изҳороти худ ҷаноби Қувватов ваъдаи раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар мавриди интихоботи озоду демократӣ “бозии навбатӣ” унвон кардааст.
Умаралӣ Қувватов, ки ҳоло дар боздоштгоҳе дар Дубай нигаҳдорӣ мешавад, гуфтааст, барои баргузории интихоботи шаффоф Эмомалӣ Раҳмон бояд аз салоҳияти худ даст кашад. “Он ки Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Брюссел гуфт, дар мавриди ширкат дар интихобот ҳанӯз қароре қабул накарда ва кафолат додааст, интихобот озоду демократӣ хоҳанд гузашт, қобили эътимод нестанд. Бо бозигарони куҳна интихобот бо усули пештара сурат хоҳад гирифт”,-афзудааст ӯ.
Раҳбари Гурӯҳи 24 илова кардааст, ки дар сурати сари қудрат боқӣ мондани Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз имконоташ барои пешрафт маҳрум хоҳад гардид. Умаралӣ Қувватов, ки дар гузашта масъулияти ширкати Фарозро бар уҳда дошт, тобистони соли гузашта ба Русия рафт ва аз таъсиси созмони сиёсии Гурӯҳи 24 хабар дод. Ӯ борҳо дар сӯҳбатҳояш таъкид карда буд, ки оқои Раҳмон набояд дар интихоботи моҳи ноябри соли ҷорӣ номзадияшро бигузорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |